Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Низомнома

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2014, № 132

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2014 № 526)

 

Муқаррароти умумӣ

 

1. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаи таҳия ва амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатиро дар соҳаи ҷангал ва хоҷагиҳои ҷангал, захираҳои ҷангал, шикор ва хоҷагиҳои шикорӣ, олами набототу ҳайвоноти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин вазифаҳои хоҷагидориро дар ташкилотҳои системаи худ амалӣ намуда, назорати давлатиро, таъмин менамояд.

2. Ба ҳайати Агентӣ дохил мешаванд:

- Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал, ки фаъолиятро дар самти дастгирии илмии соҳа мебарад;

- Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, ки назорати давлатиро оид ба захираҳои ҷангал ва шикор амалӣ менамояд;

- Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал, ки фаъолияти хоҷагидориро дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал мебаранд;

- Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро дар ихтиёр дорад.

3. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

4. Агентӣ фаъолияти худро мустақилона ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ амалӣ менамояд.

Ваколатҳо

 

5. Агентӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида ваколатҳои зеринро анҷом медиҳад:

а) дар соҳаи таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ

- таҳия ва татбиқи барномаҳои соҳавии миллӣ, стратегия ва консепсияҳо дар соҳаи муқарраргардида, пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини назорати иҷрои онҳо;

- иштирок дар таҳияи стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои умумидавлатӣ;

- таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраршуда, инчунин дастурамалҳои методӣ барои амалӣ намудани фаъолият;

- ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи конвенсияҳо, созишномаҳо дар соҳаи муқарраршуда;

- пешниҳоди таклифҳо ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ оид ба бастани қарордодҳо, шартномаҳо ва созишномаҳое, ки ба нигоҳдории экосистемаи ҷангал ва ҳалли проблемаҳои хоҷагии ҷангал ва шикор, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда равона карда шудаанд;

- баланд бардоштани самаранокии хоҷагии чангал ва шикор бо истифода аз усулҳои пешқадам ва дастовардҳои илм;

- таъмини ҳифз, барқароркунӣ, истифодаи бисёрҷабҳа ва устувори захираҳои ҷангал ва шикор ба воситаи ба роҳ мондани назорат, батанзимдарорӣ ва мусоидатнамоӣ;

- таъмини рушди устувори хоҷагии ҷангал ва шикор бо ҷалби бахши хусусӣ ва ҷамъиятӣ.

б) дар соҳаи таъмини заминаи меъёрию ҳуқуқӣ:

- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои тасдиқ;

- тасдиқи низомнома ва оинномаҳои раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентӣ;

в) дар соҳаи батанзимдарорӣ:

- тасдиқи нақшаҳои ҷангалсозӣ ва бунёди шикоргоҳҳо;

- тасдиқи нақшаҳои солонаи идоракунии муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва хоҷагиҳои шикорӣ, Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, Муассисаи давлатии Пажӯҳиштоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ намудани меъёр ва квотаи истифодабарии захираҳои ҷангал ва шикор аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, ба ғайр аз намудҳои ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида;

- таъмини нигоҳдорӣ, ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи устувори олами набототу ҳайвоноти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба воситаи ба роҳ мондани назорат, батанзимдарорӣ ва мусоидатнамоӣ;

- ташкил ва таъмини рушди устувори туризми экологии дохилӣ ва хориҷӣ дар ҷангалҳои истироҳатӣ, мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои табиию таърихӣ ва боғи миллӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолият ва идоракунии ташкилотҳои системаи Агентӣ;

- таъмини истифодаи устувори фонди давлатии шикорӣ ба хоҷагиҳои шикорӣ вобастагардида бо роҳи гузаронидани назорат, батанзимдарорӣ ва мусоидатнамоӣ;

- таъмини ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи устувори фонди давлатии шикорӣ ба хоҷагиҳои шикорӣ вобастанашуда бо роҳи гузаронидани назорат, батанзимдарорӣ ва мусоидатнамоӣ;

- ба шахсони воқеӣ додани шаҳодатномаи давлатии шикорчигӣ;

- бо тартиби муқарраргардида пушида гаштани либоси соҳавӣ бо аломатҳои фарқкунанда, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи хизматӣ аз тарафи шахсони мансабдор ва нозирони давлатии ҳифзи ҷангалу шикор;

- тартиб додани санаду протоколҳо бо муайян намудани зарар ва ҷарима нисбати қонунвайронкунандагони ҷангал ва шикор;

- амалӣ намудани назорати фаъолияти истифодабарандагони ҷангал, хоҷагиҳои шикорӣ ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- бастани шартнома бо истифодабарандагони шикоргоҳҳо оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорӣ;

- додани иҷозатномаҳо барои амалигардонии фаъолияти марбут ба захираҳои ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, аз он ҷумла намудҳои олами набототу ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида;

- гузаронидани аттестатсияи кормандони ташкилотҳои системаи Агентӣ;

- гузаронидани санҷишҳои назорати фаъолияти молиявӣ ва муҳосибавии муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентӣ;

- назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои пулӣ аз ҷониби муассисаю ташкилотҳои системаи Агентӣ;

- ҷалби сармояҳо, грантҳо ва дигар кӯмакҳо барои амалигардонии стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ;

- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва идоракунии фондҳо ва маблағҳои махсус;

- ҳамкорӣ бо вазоратҳо, идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

- иштирок ва амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба созишномаҳои баимзорасида;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қабули ҳисобот аз хоҷагиҳои ҷангал ва шикор, Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал;

- тибқи тартиби муқарраргардида омода намудани пешниҳод ба мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатӣ дар барои аз эътибор соқит кардани воситаҳои асосии муассисаҳо ва корхонаю ташкилотҳои системаи Агентӣ;

- расонидани кӯмаки методӣ, техникӣ ва молиявӣ оид ба масъалаҳои ҳифзу нигоҳдорӣ, барқароркунӣ, истифодабарии бисёрҷабҳа ва устувори захираҳои ҷангал ва шикор, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- мусоидат ба таҳияи нақшаҳои идоракунии хоҷагии ҷангал ва шикор, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- мусоидат ба таҳияи усулҳои нав, технологияи ҳозиразамон ва механизмҳо дар гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ;

- дар якҷоягӣ бо муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, аз он ҷумла ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, гузаронидани омӯзишҳо ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Агентӣ;

- ташкили корҳо оид ба ҷангалсозӣ ва шикоргоҳсозӣ,

- ташкили гузаронидани мониторинги ҳолати захираҳои ҷангал ва шикор, кадастри фонди давлатии ҷангал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олами набототу ҳайвоноти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- ташкил ва гузаронидани корҳои бунёди байнихоҷагии шикоргоҳҳо;

г) дар соҳаи иттилоотонӣ:

- ҷамъ ва пешниҳод намудани маълумот дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;

- ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани озмунҳо, намоишҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва ярмаркаҳо оид ба истифодабарии самараноку устувори захираҳои ҷангал ва шикор, пешбурди хоҷагии ҷангал ва шикор, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- пешниҳоди маълумот ба мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ оид ба вазъи истифодабарии захираҳои ҷангал ва шикор;

- амалӣ намудани фаъолияти нашриявӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- тайёр намудани ҳисоботҳои оморӣ ва дигар ҳисоботҳо, пешниҳоди онҳо ба мақомоти дахлдор.

д) дар соҳаи тухмипарварии растаниҳои ҷангал:

- муайян намудани тартиби амали системаи тухмипарварӣ, истеҳсол ва коркарди тухмӣ, ташкил ва истифодаи фонди суғуртавии тухмӣ, сертификатсияи тухмӣ, додани сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ;

- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ;

- таъсис додани Фонди давлатии тухмии растаниҳои ҷангал;

- назорати навъ ва сифати тухмиҳо;

- амалӣ намудаии ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Ба зиммаи Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори ташкилотҳои системаи Агентӣ вазифаҳои назорати давлатии риояи қонунгузорӣ нисбат ба захираҳои ҷангал ва шикор, додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои истифодаи захираҳои ҷангал ва шикор гузошта мешавад.

7. Ба зиммаи муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварии системаи Агентӣ вазифаҳои пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангали ба онҳо вобастагардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

8. Ба зиммаи Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал вазифаҳои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ, омӯзиши бунёд ва барқароркунии ҷангал, генетика, селексия, нигоҳдории гуногунии биологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи устувори захираҳои ҷангал ва шикор, олами набототу ҳайвонот вогузор мегардад.

9. Ба зиммаи Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда вазифаи нигоҳдорӣ, барқароркунӣ ва истифодаи устувори олами набототу ҳайвоноти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда гузошта мешавад.

 

Ташкили фаъолият

10. Ба Агентӣ Директор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Агентӣ муовинон дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовинони Директори Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

11. Директор ба фаъолияти Агентӣ роҳбарӣ менамояд ва ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

12. Директори Агентӣ:

- бо тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои системаи Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- байни муовинони худ вазифаҳоро тасдиқ менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ манфиатҳои сиёсӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида ва дар доираи ваколатҳои худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколатҳои Агентӣ, пешниҳод менамояд;

- сохтор ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Агентиро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, инчунин басти вазифаҳои ташкилотҳои система ва харҷномаро барои нигоҳдории дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Агентӣ дар доираи ҳаҷми муқарраргардидаи маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ тасдиқ менамояд.

- низомномаҳои раёсатҳо ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ, инчунин низомнома ва оинномаҳои ташкилоту муассисаҳои системаи Агентиро тасдиқ менамояд;

- Шӯрои илмию техникӣ, комиссияҳои муваққатӣ ва доимоамалкунанда таъсис дода, ҳайат ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;

- ҷаласаҳои назоратӣ гузаронда, рӯзномаи онҳоро муайян менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида номзадии кормандони Агентиро барои сарфароз намудан ба унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод менамояд, ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавии онҳоро ба роҳ мегузорад;

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кормандон чораҳои таъсиррасонии интизомиро амалӣ мегардонад.

13. Дар Агентӣ ҳайати мушовара дар аъзогии Директори Агентӣ (Раис) ва муовинони он (аз рӯи мансаб), инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Агентӣ ташкил карда мешавад.

14. Шумора ва аъзои ҳайати мушовараро бо пешниҳоди Директори Агентӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

15. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои муҳими фаъолияти Агентиро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо бартарии овозҳои аъзои ҳайати мушовара қабул шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешавад, бо қарор ва ё фармони Директор амалӣ мегардад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ихтилоф байни Директор ва ҳайати мушовара, қарорро Директор кабул намуда, оид ба ихтилофот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза пешниҳод менамояд. Аъзои ҳайати мушовара ҳамчунин метавонанд ақидаи худро оид ба ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намоянд.

16. Агентӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда метавонад Шӯрои машваратӣ бо ҷалби аҳли ҷомеа ташкил диҳад.

17. Агентӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳо (дар ҳолати зарурӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомот) мебарорад, дастурҳо медиҳад ва назорати иҷрои онҳоро ташкил менамояд.

18. Иҷрои амру фармоишҳо, қарорҳо ва дастурҳои Агентии хоҷагии ҷангал барои ҳамаи ташкилоту корхонаҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муқарраршуда ҳатмӣ мебошад.

19. Маблағгузории дастгоҳи марказии Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

20. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, рамз, бланкҳо ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

21. Агентӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва барҳам дода мешавад.

22. Маҳалли ҷойгиршавии Агентӣ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бӯстон-3.

 

 

 

 

 

 

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2014, № 132

тасдиқ шудааст.

 

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати хоҷагии ҷангал

Шӯъбаи шикор

Шӯъбаи иқтисод ва банақшагирӣ

Шӯъбаи муҳосибот

Шӯъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ

Бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва паркҳои миллӣ

Бахши робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот

 

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2014, № 132

тасдиқ шудааст

 

 

 

Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2014 № 526)  

Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор

Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал"

Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал:

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи А. Мӯсоеви ноҳияи Ғончӣ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ашт

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Н.Ҳувайдуллоеви ноҳияи Ашт

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳритус

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи А.Холови ноҳияи Хуросон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Э.Маматалиеви ноҳияи Қубодиён

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Носири Хусрав

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб

Муассисаи давлатии хоҷагии Ҷангали ноҳияи Фархор

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Мӯъминобод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шӯрообод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Балҷувон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали "Сари Хосор"-и ноҳияи Балҷувон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи С. Карими ноҳияи Ховалинг

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Нуробод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали "Ромит"-и шаҳри Ваҳдат

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Ваҳдат

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи М.Худойназарови ноҳияи Варзоб

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҳисор

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳринав

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Л.Каримови шаҳри Роғун

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тавилдара

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҷиргатол

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали "Қаратоғ"-и шаҳри Турсунзода

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Муассисаи давлатии парваришгоҳи "Баҳри Норак"

Хоҷагиҳои тиҷоратӣ

Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Рашт

Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат

Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Восеъ

Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Қубодиён

Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Зафаробод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Норак (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2014 № 526)  

Муассисаи давлатии минтақаи ҷангалпарварии Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2014 № 526)  

 

 

27.11.2024 13:05

Ахборҳо

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.    Сардори шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
•    3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
•    Маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ,...

05.12.2024

1

Баргузории семинар – машварати дар мавзуи “Баланд бардоштани маҳсулнокии пистазорҳо тавассути агротехникаи инноватсионӣ ва пайвандгузаронӣ дар Тоҷикистон”

Санаи 21-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) дар қитъаи коллексионии пистазор дар мавзеи Аждарбулоқи н...

22.10.2024

11

Баргузории "Ҷашни Меҳргон"

Иштироки намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили ҷашни аҷдодӣ "Иди Меҳргон" дар "Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ"- и шаҳри Душанбе...

22.10.2024

7

Ҳаммаи ахборҳо
00:00