Бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва паркҳои миллӣ

Бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва паркҳои миллӣ (Бахш), Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумути ҶумҳурииТоҷикистон (Агентӣ),сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ буда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28феврали соли 2014, №132 «Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст, пешбурди сиёсати ягонаи соҳавиро дар соҳаи олами набототу ҳайвонот дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда амалӣ менамояд.

Бахш хамчун сохтори бевоситаи Агентӣ фаъолияти худро доир ба пешбурди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) аз ҷумла, парваришгоҳҳо, мамнуъгоҳҳои табии давлатӣ ва паркҳои миллӣ (табиӣ), ки дар зерсохтори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) тибқи «Номгуи ташкилотҳои системаи Агентӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати ҶумхурииТочикистон бо қарори дар болодарҷгардида муайянгардидааст, амалӣ месозад.

Бахш вазифаи худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», Низомномаи Агентӣ ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмиллалие, ки дар соҳаи мазкур аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, амалӣ менамояд.

Мақсад  ва зифаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳфизатшаванда ҳифзунигоҳдории экосистемаҳои табии нодиру камёб (олами наботот ваҳайвонот, ландшафтҳои табиӣ, ёдгориҳои табиӣ, таърихи ва маданӣ), таҳия ва амалӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ ва маниторинги ва мувозинати экологӣ, рушди туризми экологӣ ва рекреатсия, ҷори намудани механизмҳои устувори истифодабарии захираҳои табиӣ  иборат мебошад.

Comments are closed.