Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор

Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор фаъолиятро дар асоси Низомнома, ки бо фармоиши  Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №___ аз 19 январи соли  2016тасдиқ гардидааст ба роҳ монда, назорати давлатиро   дар соҳаи захираҳои ҷангал ва шикор дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.

Сохтори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор аз роҳбарият, шуъбаи нозирон, бахши муҳосибот ва бахши умумӣ иборат мебошад.

Бозрасиро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад. Сардори Бозрасӣ дар як навбат аз рӯи вазифа Сарнозири давлатӣ оид ба назорати захираҳои ҷангал ва шикор мебошад. Сардори Бозрасӣ 2 муовин дорад, ки онҳо бо пешниҳоди вай аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.

Роҳбарият

Сардор

Муовини сардор оид ба хоҷагии ҷангал

Муовини сардор оид ба шикор

Comments are closed.