Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ)

Замимаи 1

                                                                           бо Фармоиши  Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                аз «28.03 » соли 2014,

                                                                                             №21 тасдиқ шудааст

ОИННОМАИ

Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус

муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Қоидаҳои умумӣ

1.1. Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи талаботи моддаҳои 5 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» бо мақсади ба амал баровардани сиёсати ягонаи илмӣ-техникӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, назорати давлатии ҳифзи генофонд ва риояи низоми дахлдор, идоракунии устувори ҳудудҳо, ташкили мониторинги биологӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таъмини назорати давлатӣ, дурнамои рушд дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, нигоҳ доштани олами набототу ҳайвонот ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиат дар асоси принсипҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ҳифзи ёдгориҳои табиӣ, фарҳангӣ – таърихӣ, таъмини рушди туризми экологӣ ва маърифати экологии аҳолӣ, таъсис дода шудааст.

1.2. Муассиси давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (минбаъд-Муассиса) сохтори тобеъияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, фаъолияти истеҳсолиро дар асоси санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии соҳа, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро таъмин менамояд.

1.3. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аҳамияти махсуси экологӣ, ҳифзи табиат, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва санитарию-солимгардонӣ дошта, реҷаи (режими) махсуси муҳофизатии онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, системаи ягонаи ҳифзу таҳқиқи гуногунии табиат, нигаҳдории мувозинати биологӣ-экологӣ ва фонди давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро ташкил медиҳад. Бо мақсадҳои дигар истифода бурдани ин ҳудудҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.

 1.4. Муассиса ва сохторҳои зертобеъи он, бевосита дар тобеъияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, дорои суратҳисоб, аз ҷумла, ҳисоби арзӣ дар бонкҳо, суратҳисоби махсус, мӯҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ дорад.

1.5. Сохтор, басти вазифаҳо, хароҷномаҳои маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии Муассиса аз тарафи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда назорат мешавад.

1.6. Муассиса барои гузаронидани чорабиниҳо, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо аз маблағҳои воридшудаи ғайрибуҷетӣ дар асоси санаду меъёрҳои амалкунанда, фаъолият менамояд.

 1.7. Муассиса дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, фармоишҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

1.8.  Муассиса салоҳиятҳои ба зиммааш гузоштаро мустақиман ва ба воситаи сохторҳои тобеии худ амалӣ месозад.

1.9. Номи расмии Муассиса ба забони тоҷикӣ «Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва ба забони русӣ «Государственное учреждение особо охраняемых природных территорий.

  1. II. Вазифаҳои Муассиса

2.1. Вазифаҳои Муассиса аз инҳо иборатанд:

  • ба амал баровардани фаъолият дар таъмини рушди соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
  • идоракунии устувори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ташкили мониторинги биологӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалигардонидани Солномаи табиат, кадастраи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, таъмини назорати давлатӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ бо роҳи нигоҳ доштани тамомияти комплекси табиӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиат, амалисозии талаботҳои ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
  • роҳбарии умумӣ ба сохторҳои тобеии Муассиса оид ба инкишоф ва нигоҳ доштани комплекси ландшафтҳои пурбаҳо, намудҳои олами набототу ҳайвоноти нодир, табиати ёбоӣ, ёдгориҳои табиӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, рушди танзими туризми экологӣ;
  • таҳияи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини иҷрои онҳо;
  • таҳия ва андешидани чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифз ва беҳдошти муҳити ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои новобаста аз шакли фаъолияташон ва тобеият оид ба ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологӣ дар қаламрави Муассиса;
  • санҷиши рафти иҷрои санадҳои меъёрии ҳукуқӣ дар соҳаи ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Муассиса;
  • андешидани чорабиниҳо оид ба бартараф намудани вайронкунии талаботи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, қоидахо ва меъёрҳои экологӣ, додани дастурҳои иҷрояш барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳатмӣ;
  • пешниҳоди даъво барои барқарор намудани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва кодекси ҷангал расонида шудаанд;
  • тартиб додани протоколҳо ва пешниҳоди парвандаҳо оид ба ҳукуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи муҳофизат, истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба мақомотҳои дахлдор барои баррасӣ;
  • бо тартиби муқарргардида пушида гаштани либоси соҳавӣ бо аломатҳои фарқкунанда, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи хизматӣ аз тарафи шахсони мансабдор (дар асоси моддаи 49- и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” аз 26.12.2011, №788) ва нозирони давлатии ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
  • таҳияи барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо мақсади ҳифз, барқароркунӣ ва афзун кардани олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодиру аз байн рафтаистода;
  • ташкили фаъолияти туризми экологӣ, кӯҳнавардӣ ва экскурсионии дохилӣ ва хориҷӣ, мусоидат ба гузаронидани корҳои тарғиби донишҳои экологӣ дар байни аҳолӣ;
  • таҳия ва ҷорӣ, намудани усулҳои илмии нигоҳ доштани комплексҳои табиӣ дар шароити истифодаи осоишӣ (рекреатсионӣ);
  • таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок, ҷалби инвеститсияҳо оид ба таъмини рушди соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва рушди туризми экологӣ;
  • ташкил ва назорати мақсаднок истифодабарии мабалғҳои ғайрибуҷавӣ дар муассисаҳои тобеъ;
  • иштирок дар амалӣ кардани ҳуқуқи муаллифӣ дар бобати филмбардорӣ, аксбардорӣ ва ба наворгирии видеоӣ;
  • барои омӯзиш, таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои илмӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ, намудҳои дар ҳолати нестшавӣ қарор доштаи олами набототу ҳайвонот Шӯрои илмӣ таъсис медиҳад;
  • тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи шартномаҳои байналмиллалӣ иштирок менамояд;
  • дар бораи ба рӯйхати Меросӣ умумиҷаҳони ЮНЕСКО дохил намудани сохторҳои тобеии Муассиса, рушди туризм, кӯҳнавардӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмиллалӣ таклифҳо пешниҳод менамояд.

Ш. Сохтори ҳудуди ва реҷаи Муассиса

3.1. Мувофиқи парвандаи заминсозӣ Муассиса қисми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ноҳияҳои Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Мурғоб аз вилояти Хатлон ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи ноҳияҳои Шурообод, Балҷувон, Ҷилликул, Қумсангир, Қабодиён ва шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода,  ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тавилдараро дар бар мегирад.

Дар ҳайати Муассиса тибқи тартиби муқарраршуда метавонанд дигар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи мавҷуда ва аз нав ташкилшаванда дохил шаванд, ки низом ва таъини ҳудудии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

3.2. Муассиса ба қисмҳои мамнӯъгоҳӣ, парваришгоҳӣ, осоишӣ (рекреатсионӣ), минтақаи хоҷагию маъмурӣ ҷудо мешавад ва дар баробари объектҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ ва таърихию фарҳангӣ бо аломатҳое нишонагузорӣ мешавад, ки намудҳои онро Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

3.3. Вазифаи минтақаҳои мамнӯъи, осоишӣ (рекреатсионӣ), хоҷагию маъмурӣ, тартиби истифода ва реҷаи онро ҳамин Оиннома, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

3.4. Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда реҷаи гуногунии ҳифзу нигоҳбонӣ ва истифодабарӣ бо назардошти хусусиятҳои табии, таърихию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ муқаррар мегардад. Мувофиқи ин аз рӯи вазифа ва ҳадафҳои пешбинишуда минтақаҳои зерин вуҷуд дошта метавонанд:

  • минтақаҳои реҷаи мамнӯъгоҳӣ, ки дар ҳудуди онҳо ҳамагуна фаъолияти хоҷагидорӣ ва осоишгоҳӣ манъ аст;
  • минтақаҳои реҷаи парваришгоҳӣ таъминкунандаи шароити ҳифзи объектҳои табиӣ, ки дар ҳудуди онҳо фаъолияти хоҷагидорӣ, истифодаи осоишгоҳии қатъиян танзимшаванда иҷозат аст;
  • минтақаҳои туризми экологӣ, маърифатӣ барои ташкили маълумотгирии экологӣ ва шиносоӣ бо объектҳои диққатҷалбкунандаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
  • минтақаҳои истифодаи осоишгоҳӣ, аз ҷумла, маҳалҳои барои шикори варзишию ҳавасмандӣ, моҳидорӣ ба навор гирифтани филм ва аксбардорӣ пешбинишуда,;
  • минтақаҳои объектҳои таърихию фарҳангӣ, ки шароитро барои ҳифзи комплексҳои осори фарҳангӣ муҳайё месозанд;
  • минтақаҳои ландшафти зироатӣ, ки барои гузаронидани фаъолияти кишоварзӣ бо усулҳои безарари экологӣ, пешбинӣ мешаванд;
  • минтақаҳои хизматрасонӣ ба сайёҳон, ки барои ҷойгир намудани меҳмонхонаҳо, лагерҳои хаймагӣ ва дигар объектҳои хизматрасонии туристӣ, фарҳангӣ, илмӣ, фароғати-маиши ва иттилоотӣ дар назар дошта мешаванд.

3.5. Дар он қитъаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки маҳалаҳои аҳолинишин воқеъ шудаанд, барои истифодабарии экстенсивии табиат, ки ба муҳити табиии зист зарар намерасонад ва захираҳои биологиро хароб намекунанд, иҷозат дода мешавад.

3.6. Дар ҳудуди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда манъ аст:

  • ҳар гуна фаъолияти таҳдидкунанда ба мавҷудияти комплексҳои табиӣ ва объектҳои таърихию фарҳангии таҳти ҳимоя қарордошта;
  • амалиёти ҷустуҷӯии геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок бе иҷозати мақомоти дахлдори Давлати дар минтақаҳои ядроӣ;
  • амалҳои тағйирдиҳандаи реҷаи гидрологӣ;
  • гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва тамошои оммавӣ;
  • ворид кардани растанӣ ва ҳайвоноте, ки ба олами наботот ва ҳайвоноти маҳаллӣ бегонаанд;
  • тайёр кардани шилми дарахтон, қатъиян манъ мебошад;

Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дигар намуди фаъолиятҳо, ки боиси коҳиш ёфтани аҳамияти экологӣ, илмӣ, эстетикӣ, фарҳангӣ ва осоишии мегарданд, манъ ё маҳдуд карда шаванд.

3.7. Шахсони гунаҳкор дар вайрон кардани реҷаи ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 3.8. Риояи реҷаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба воситаи хадамоти муҳофизатии он таъмин мегардад, ки дар ҳайати он шахсони зерин дохиланд:

  • Директори Муассиса ва муовинони вай:
  • директорони мудирияти минтақавии вилоятӣ, филиалҳои ноҳиявии Парки Миллӣ Тоҷикистон ва муовинони онҳо;
  • директорони мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ ва муовинони онҳо;
  • директори резервати биосферӣ ва муовинони он;
  • директорони Боғҳои табиӣ;
  • нозирони калони давлати оид ба ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (роҳбарони шӯъбаҳои масъули ташкили ҳифзи комплексҳои табиӣ ва барқарорсозии онҳо, истифодабарии оқилонаи табиат, мудирияти минтақавӣ, филиалҳои ноҳиявӣ);
  • нозирони давлатӣ оид ба ҳифзи ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда (мутахассисони масъули ташкили истифодабарии оқилонаи табиат, ҷангалбонҳо ва егерҳо).

3.9. Барои ҳифзу нигаҳбонии ҳудудҳои табиии махсус мухофизатшаванда нозирони ҷамъиятӣ низ ҷалб карда мешаванд.

3.10. Муассиса ва зерсохторҳои он оид ба масъалаи таъмини муҳофизати манбаъҳои оби дар ҳудудҳояш ҷойгир буда бо мақомоти давлатии ҳифзи захираҳои об, назорати истифодабарии олами набототу ҳайвонот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкорӣ менамоянд.

 

  1. Идоракунии Муассиса

 

4.1. Муассисаро Директор, роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа  таъин ва озод карда мешавад. Шумораи муовинон ва муовинони директорони зерсохторҳои тобеи Муассиса аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

4.2. Директори Муассиса:

  • роҳбарии умумии фаъолияти Муассисаро амали намуда, масъулияти шахсиро ба ӯҳда дорад;
  • вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;
  • бо пешниҳоди ӯ муовинони директори Муассиса ва сармуҳосиби Муассисаро Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
  • бо мувофиқа бо Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони зерсохторҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад;
  • бо тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ, муовинон ва сармуҳосибони сохторҳои системаи Муассисаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ мебандад ва бекор мекунад. Инчунин, ӯҳдадориҳои хизматии онҳоро муайян мекунад;
  • барои ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ворид шудан ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқараргардида рухсатнома медиҳад;
  • аз рӯи меъёрҳо ва тартиби муқаррар намудаи қонунгузорӣ барои истифодабарии захираҳои табиӣ, намудҳои олами наботот ва ҳайвонот дар қаламрави ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда назорат мебарад;
  • рафти амалисозии барномаҳои минтақавӣ ва байналмиллалиеро, ки дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок ва назорат мекунад;
  • ҳайати Шӯрои илмиро бо мувофиқа бо Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангали назди Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
  • бо тартиби муқарраршуда кормандони фаъолро барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои Давлатӣ бо Агенти, пешниҳод мекунад, тадбирҳои ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавиро амалӣ менамояд.

4.3. Ба амал баровардани фаъолиятро дар иҷрои вазифаҳои Муассиса, инчунин, ваколатҳои директори Парки Миллӣ Тоҷикистон (мудирияти минтақавии вилоятӣ ва филиалҳои ноҳиявӣ), мамнӯъгоҳҳои давлатӣ, резервати биосферӣ, боғҳои (паркҳои) табиӣ муайян менамояд.

4.4. Сохторҳои системаи Муассисаро муайян ва тасдиқ мекунад.

4.5. Маблағгузории фаъолияти Муассиса ва сохторҳои тобеъи он аз ҳисоби маблағҳои буҷетие, ки барои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, инчунин, аз ҳисоби дигар маблағҳои ғайрибуҷавӣ, ки аз фаъолияти хоҷагидорӣ ворид мешаванд, мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, анҷом дода мешавад.

4.6. Муассиса шахси ҳуқуқи буда, аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

  1. Барҳам додани Муассиса

5.1. Барҳамдиҳии Муассиса бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

5.2. Тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Муассиса бо тартиби муқаррар гардида аз тарафи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.

5.3. Маҳалли ҷойгиршавии Муассиса: 734024, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Дӯстии халқҳо 62.

Comments are closed.