Шӯъбаи шикор

Шуъбаи шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Шуъба) воҳиди сохтории Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) буда, вазифаҳои батанзимдарорӣ ва мусоидатнамоиро дар соҳаи шикор, захираҳои он ва хоҷагидории шикорӣ амалӣ менамояд.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси Низомнома дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикории Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16.07.1997, №324) Низомномаи  Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои директори Агентӣ ва Низомномаи мазкур, ба роҳ мемонад.

Шуъба дар самти пешбари шикор ва хоҷагиҳои шикорӣ ваколатҳои зеринро дорад:

  • иштирок дар таҳия ва амали намудани барномаҳои миллӣ, стратегия ва консепсияҳо дар соҳаи шикор ва фаъолияти хоҷагидории шикорӣ, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ, таъмини назорат ба иҷроиши онҳо;
  • иштирок дар таҳияи стратегия, консепсияҳо ва барномаҳои умумидавлатии ба фаъолияти шикор ва хоҷагии шикор алоқаманд;
  • иштирок дар таҳияи лоҳияи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар сҳаи шикор ва хоҷагидории шикорӣ, инчунин таҳияи дастурҳои методӣ барои амалисозии фаъолият дар соҳаи мазкур;
  • ба роҳбарияти Агентӣ манзур намудани пешниҳодҳо оид ба бастани қарордодҳо, шартномаҳо бо такилотҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои хориҷӣ, ки ба нигоҳдории фонди шикор ва ҳалли масъалаҳои хоҷагидории шикорӣ равона карда шудаанд;
  • таъмини пешбурди самараноки хоҷагидории шикорӣ бо истифода аз усулҳои ҳозиразамон вадастовардҳои илмӣ;
  • таъмини нигаҳдорӣ, барқарорсозӣ, истифодаи бисёрҷабҳа ва устувори захираҳои шикор бо роҳи батанзимдарори ва мусоидатнамоӣ;
  • таъмини рушди устувори хоҷагидории шикорӣ бо ҷалби бахши хусусӣ ва ҷамъиятӣ;
  • таҳияи лоиҳаяи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар пешбурди соҳаи ва хоҷагидории шикорӣ, барои тасдиқ кардан пешниҳод намудани онҳо;
  • таҳия намудан ва барои тасдиқ пешниҳод кардани қоидаҳо, низомномаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои методӣ;
  • дида баромадани нақшаҳои шикоргоҳсозӣ, ки аз тарафи хоҷагиҳои шикорӣ омода карда шудаанд, ба роҳбарияти Агентӣ барои тасдиқ кардан пешниҳод намудани онҳо;
  • дида баромадани ва барои тасдиқ ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод намудани нақшаҳои солонаи идоракунии хоҷагиҳои шикорӣ;
  • манзур намудани пешниҳодҳо ба роҳбарияти Агентӣ оид ба муайян намудани меъёрҳо ва квотаҳо оид ба истифодаи объектҳои олами ҳайвоноти ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида;
  • манзур намудани пешниҳодҳо ба роҳбарияти Агентӣ оид ба ташкили хоҷагиҳои шикорӣ дар қаламрави фонди давлатии шикор;
  • пешбурди реестри Ягонаи истифодабарандагони шикоргоҳҳо;
  • муайян кардан ва ба роҳбарияти Агентӣ барои тасдиқ пешниҳод намудани меъёрҳо ва оид ба истифодаи захираҳои шикорӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, ғайр аз намудҳои ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилбуда,
  • таъмини истифодаи устувори фонди давлатии шикори ба хоҷагиҳои шикорӣ вобаста карда шуда, бо роҳи батанзимдарорӣ ва мусоидатнамоӣ;
  • таъмини нигаҳдорӣ, барқарорсози ва истифодаи устувори фонди давлатии шикори ба хоҷагиҳои шикорӣ вобаста карда нашуда бо роҳи батанзимдарори ва мусоидатнамоӣ;
  • тайёр намудани маводҳо оид ба додани шаҳодатномаи давлатии шикорчигӣ ба шахсони воқеъӣ;
  • тайёр намудани лоиҳаи шартномаҳо оид ба додани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор ба истифодабарандагони шикоргоҳҳо ва пешниҳоди онҳо ба роҳбарияти Агентӣ;
  • тайёр намудани маводҳо дар бораи додани иҷозатнома (литсензия) барои амалӣ намудани фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами ҳайвоноти ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилгардида;
  • тайёр намудани маводҳо дар бораи додани иҷозат ва роҳхатҳои шикорӣ барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот;
  • тайёр намудани маводҳо оид ба додани иҷозат барои аз табиат гирифтани (паррондан) – и намудҳои алоҳидаи ҳайвоноти ваҳшӣ барои ба танзим даровардани шумораи онҳо, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва дигар ҳайвонот аз касалиҳо, пешгирии зарар ба хоҷагии халқ, новобаста аз мавсими шикор дар ҳудуди ҳамаи шикоргоҳҳо;
  • тайёр намудани маводҳо оид ба додани иҷозат барои ба мақсадҳои илмӣ аз табиат гирифтани ҳайвоноти ваҳшӣ, новобаста аз мавсими шикор;
  • тайёр намудани маводҳо оид ба додани иҷозатномаҳо барои муқимгардонии ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагон, дар мувофиқа бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • тайёр намудани маводҳо оид ба муайян намудани меъёрҳо (маҳдудиятҳо) барои аз табиат гирифтани ҳайвонот ва паррандагони шикории ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилгардида;
  • иштирок дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба муайян намудани квотаҳо барои шикори объектҳои олами ҳайвоноти ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилгардида;
  • иштирок ва амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар соҳаи хоҷагидории шикорӣ, иҷроиши уҳдадориҳои дар асоси қарордодҳои имзошуда ба зима гирифта;
  • расонидани ёрии методӣ ва техникӣ дар масъалаҳои нигаҳдорӣ, муҳофизат, барқарорсозӣ, истифодаи бисёрҷабҳа ва устувори захираҳои шикорӣ;
  • мусоидат дар таҳияи нақшаҳои идоракунии хоҷагиҳои шикорӣ;
  • ташкили корҳои шикорсозӣ (охотоустройства);
  • ташкили корҳо оид ба гузаронидани мониторинги ҳолати захираҳои шикорӣ дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ташкил ва гузаронидани корҳои шикорсозӣ байнихоҷагӣ;
  • ҷамъоварии маълумотҳо оид ба шикор, фаъолияти хоҷагидории шикорӣ ва пешниҳоди онҳо ба роҳбарияти Агентӣ;
  • иштирок дар ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани озмунҳо, намоишҳо, конференсияҳо, семенар ва ярмарка оид ба истифодаи самаранок / устувори захираҳои шикорӣ ва пешбурди хоҷагидории шикорӣ;
  • иштирок дар додани маълумот ба мақомоти иҷроияи ҳокимят, субъектҳои хоҷагидор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳоли дар бораи ҳолат ва истифодаи захираҳои шикорӣ;
  • тайёр намудани ҳисоботҳои оморӣ ва дигар ҳисоботҳо, манзур намудани онҳо ба роҳбарияти Агентӣ барои пешниҳоди минбаъдаи онҳо ба ташкилотҳои дахлдор;
  • таъмини рушди устувори хоҷагии шикор бо ҷалби бахши хусусӣ ва ҷамъиятӣ;
  • таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод шакли нақшаҳои миёнаҳмуҳлати фаъолияти хоҷагидории шикорӣ, нақшаи солонаи чорабиниҳои хоҷагии шикор, иҷозат ва роҳхати шикорӣ барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот;
  • иштирок дар таҳияи лоҳиаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар соҳа, инчунин таҳияи дастурҳои методӣ оид ба амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидории шикорӣ;
  • ташкили гузаронидани баҳисобгирӣ ва кадастри фонди давлатии шикор;
  • -амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;

Шуъба барои иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои ба он вогузоршуда ҳуқуқ дорад:

  • бо тартиби муайянгардида талаб намудан ва гириҷтани маълумотҳо, ахборотҳо, ҳисоботҳо, ҳуҷҷатҳо / нусхаи онҳо аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ), ки фаъолиятро дар самти нигаҳдорӣ, барқарорсозӣ, истифодаи захираҳои шикорӣ ва мавзеи сукунати онҳо амалӣ месозад;
  • манзур намудани пешниҳодҳо ба роҳбарияти Агентӣ оид ба қатъ намудани амали иҷозатнома (литсензия) барои амалигардонии фаъолият дар самти истифодаи объектҳои олами ҳайвоноти ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, дар ҳолати вайрон гардидани талабот ва шартҳои низоми иҷозатномадиҳӣ аз тарафи онҳо;
  • манзур намудани пешниҳодҳо ба роҳбарияти Агентӣ оид ба манъ намудани амали иҷозат барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, инчунин муроҷиат намудан ба суд оид ба бекор намудани иҷозат дар ҳолатҳои пешбинигардидаи қонунгузорӣ;
  • тайёр намудани лоҳияи амру фармонҳо оид ба масъалаҳои ба ваколатҳои Шуъба алоқаманд;

Кормандони Шуъба шаҳодатномаи хизматӣ доранд, бо тартиби муайянгардида либоси расмиро бо аломатҳои фарқкунанда, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ беподош дода мешавад, мепушанд. Ҳуқуқи гирифта гаштан ва нигоҳдории силоҳи хизматиро доранд.

Шуъбаро сардор роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи директори Агентӣ ба вазифа қабул ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори Шуъба ба вазифа дар асоси озмун ба вазифа таъин карда мешавад.

Comments are closed.