Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Title

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин
ОЗМУН эълон менамояд:

1. Сардори шуъбаи кадастр ва мониторинги давлатии ҷангал – 1 ҷой.
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
   Маоши мансабӣ – 2115 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  2. Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот – 1 ҷой.
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
        Маоши мансабӣ – 2115 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  3. Сармутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо – 1 ҷой.
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
        Маоши мансабӣ – 1577 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи бунёду барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳо – 1 ҷой.
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
        Маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот – 1 ҷой.
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
        Маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  6. Мутахассиси шуъбаи кадастр ва мониторинги давлатии ҷангал – 1 ҷой.
    Маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
     
                           Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумњурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
       
                Мутахассиси шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:
- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.
   
                Ҳуҷҷатҳои ба ОЗМУН пешниҳодшаванда:
- аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хоҷагии ҷангал;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 донаги расмҳои андозаи 3х4 ва 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 

    Қабули ҳуҷҷатҳо аз 7 декабри соли 2022 оғоз гардида, рўзи охирини қабул 27 декабри соли 2022 мебошад.

 Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кўчаи Бўстон -3,
телефон барои тамос: 225 – 06 – 43, 225–08–14, 225-08–16
e-mail:forestry-agencytj@mail.ru; info@forest.tj;
web:http://www.forest.tj   


 


07.12.2022 13:25

Ахборҳо

Иштироки намояндагони Агентӣ дар тренинг оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағирёбии иқлим

     6 декабри соли 2022 дар доираи дастгириҳои Фонди Иқлими Сабз тренинг оид ​​ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағирёбии иқлим, ки дар меҳмонхонаи «Хилтон» баргузор гардид, иштирок намуданд....

07.12.2022

3

Корҳои Бунёду барқароркунии саксаул дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок

          

Дар доираи Лоиҳаи “Барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва мутобиқшвавӣ ба ...

02.12.2022

2

Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

        

        Санаи 24 ноябри соли 2022 дар толори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии...

25.11.2022

8

Ҳаммаи ахборҳо
00:00