Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот

      Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот фаъолияти хешро дар асоси талаботҳои Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёри ҳуқуқии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва супоришҳои Директори Агентӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентӣ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

        Шуъба вазифаҳои ба зимааш гузошташударо бевосита бо Агентӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Агентӣ амалӣ месозад.

      Шуъба таъмини фаъолияти мўътадил ва самараноки Агентиро оид ба ташаккул ва татбиқи тадбирҳо ҷихати ҷалби сармоягузорӣ ва беҳбудии фазои сармоягузорӣ, соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, иттилоот, таъмини фаъолияти муътадили котиботи Директори Агентӣ бо дарназардошти таҳияи маводҳои иттилоотӣ ва таъмини ҷомеа бо иттилоот дар бораи фаъолияти Агентӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, нашрияҳо, гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, конференсияҳо, мизҳои мудаввар дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои Агентӣ корҳоро амалӣ менамояд.

      Шумораи воҳидҳои кории Шуъба аз 4 нафар иборат буда, сохтор ва шумораи хизматчиёни давлатӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд.

 

 


20.10.2022 07:23

Ахборҳо

Корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал

     
        Рафти корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар ҳудуди заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки кормандони Муасисиаи давлатии хоҷагии...

15.03.2023

4

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат

 

    Санаи 4-уми марти соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат мавзеи Моинкаҷ бо иштироки кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистони Оғохон ...

07.03.2023

12

Ниҳолшинонӣ дар "Боғи Ғалаба"-и шаҳри Душанбе

       

         Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинониро дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и...

02.03.2023

5

Ҳаммаи ахборҳо
00:00