АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Title
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
аз 31 марти соли 2022 №149 ш. Душанбе
Дар бораи Барномаи рушди
соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
1. Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026 тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
2. Амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он дар доираи маблағҳои буҷти давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин карда шавад.
3. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ амалисозии самараноки Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии онро таъмин карда, доир ба иҷрои онҳо ҳар сол то 15 январ ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «31» марти соли 2021 № 149
Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026 (минбаъд – Барнома) ба рушди босуботи соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини мувозинати экологӣ, вазифаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷангал мусоидат намуда, мақсад афзалият ва чораҳоро барои таҷдид ва рушди соҳаи ҷангал муайян менамояд.
2. Ҷангал ҳамчун ҷузъи таркибии табиат ба парвариш, нигоҳубин, азнавбарқароркунӣ ва муҳофизат эҳтиёҷ дорад.
3. Ҷангалҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳофизат, таъмини санитарӣ – гигенӣ ва солимгардонии табиат равона карда мешавад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ
4. Ҷангал комплекси илмию истеҳсолї буда, ба таваҷуҳи махсус ниёз дорад. Айни замон масоҳати заминҳои ҷангалпӯши Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 3 фоиз аз масоҳати умумии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар давоми сад соли охир масоҳати ҷангалҳои ҷумҳурӣ бинобар азхудкунии заминҳо барои мақсадҳои кишоварзӣ ва истифодаи захираҳои ҷангал хусусан дар давраи буҳрони энергетикӣ, коҳиш ёфтааст.
5. Дар кишвар арчазорҳо масоҳати аз ҳама зиёдро ташкил дода, масоҳати онҳо ба 150 ҳазор гектар баробар мебошанд. Арчазорҳо асосан дар қисми шимолии ҷумҳурї паҳн гардидаанд. Масоҳати пистазорҳо - 78000 гектар, чормағзорҳо - 10000 гектар, саксаулзорҳо - 12000 гектар, сафедзорҳо - 10000 гектар, зарангу фаркҳо - 46000 гектар ва боқимонда дарахту буттаҳо зиёда аз 200000 гектарро ташкил медиҳанд.
6. Дар ҳудуд ва дар наздикии мавзеъҳои ҷойгиршавии ҷангалҳо қариб 70 фоиз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд. Ҳамаи ҷангалҳо дар Тоҷикистон вазифаҳои муҳофизати хок, зиддибодлесӣ, нигоҳдории обро иҷро намуда, барои соҳаҳои кишоварзї ва энергетикаи мамлакат аҳамияти калон доранд.
7.Тайи солҳои тўлонї дар хоҷагиҳои ҷангалу шикор ва парваришгоҳҳо њисоботи даќиќи замин, ҷангалсозї ва ҳисоботи олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодири онҳо вуҷуд надоранд.
8. Новобаста ба он, ки кормандони соҳаи ҷангал тайи солҳои охир як қатор чорабиниҳоро оид ба ҳифзи ҷангалзорҳои харобгардида гузаронида, корҳои илмию тадқиқотиро оид ба селексияи пиставу чормағз, хучу ангат ба роҳ мондаанд, вале имрӯз масъалаи барқароркунӣ, таҷдид ва муҳофизати ҷангалзорҳоро аз ҳашаротҳои зараррасон, сӯхтор ва буриши худсарона дар сатҳи муътадил қарор надорад.
9. Заминаҳои моддиву техникии хоҷагиҳои ҷангал фарсуда шуда, ҷангалбонҳо дар навбати худ ба лавозимоти хизмати пурра таъмин нестанд.
10. Корҳои ҷангалбунёдкунӣ аз сабаби нокифоя будани маблағҳо дар сатҳи зарурӣ гузаронида намешаванд, ки дар натиҷа қисми зиёди ниҳолҳои шинондашуда ба воя нарасида хушк мешаванд.
11. Сарфи назар аз иқтидори тиҷоратии хоҷагии ҷангал ва истифодаи маҳсулоти ҷангал, аз тарафи аҳолии маҳаллӣ, таъмини устувори экосистемаҳои табиӣ аз ҳисоби обнигоҳдорӣ, батанзимдарории иқлим, ҳифзи қабати ҳосилхезии хок ва ташкили шароити истироҳатӣ, ки ба хусусиятҳои ҷангал хос мебошад, иборат аст. Зиёд шудани шумораи офатҳои табиӣ (омадани сел, фаромадани ярч ва ғайра) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таназули захираҳои ҷангал ва кам гаштани майдони ҷангалзорҳо алоқамандӣ дорад. Бо гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал майдони ҷангалҳо ба ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шудааст, ки дар натиҷа дар онҳо таназзули ҷангалҳо ба вуқу омада истодааст.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
12. Мақсадҳои асосии Барнома инҳо мебошанд:
-нигоҳдории гуногунии биологии ҷангал, нигаҳдорӣ ва барқароркунии ҷангалҳо, зиёд намудани масоҳат ва маҳсулнокии онҳо;
-беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим;
- мусоидат ба рушди иқтисодиёт бо роҳи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал ва баланд бардоштани самаранокии пешбурди хоҷагии ҷангал;
-баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолии маҳаллӣ бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти ҷангал, ки ба истифодабарии устувори ҷангал асос ёфтааст;
-тақвият бахшидани иштироки ҷамъиятии шаҳрвандон, аз ҷумла занон, дар масъалаҳои рушди соҳаи ҷангал дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ;
-пурзӯр намудани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувори ҷангалҳо, паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он.
13. Нишондиҳандаҳо барои ноилшавӣ ба мақсадҳои зикршуда инҳоянд:
-популятсияи муътадили намудҳои асосии дарахту буттаҳо ва олами ҳайвонот дар ҷангалҳои кишвар;
-бунёд ва барқароркунии зиёда аз 15 ҳазор гектар ҷангалҳои ба маҳал ва шароитҳои тағйирёбии иқлим мутобиқшуда;
-ду баробар зиёд намудани маҳсулнокии ҷангалҳо;
-қатъ гардидани чорвочаронӣ дар 30 фоизи ҳудуди ҷангалҳо;
-зиёдшавии қонеъгардонии талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чӯби корӣ то 1 фоиз;
-ду баробар зиёд намудани даромаднокии хоҷагиҳои ҷангали давлатӣ;
-зиёд намудани шумораи хонаводаҳои дар соҳаи ҷангал фаъолияткунанда дар доираи шартномаҳо оид ба идоракунии муштараки ҷангал то 3 ҳазор;
-таъсиси шӯроҳои назоратӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон.
14. Барнома вазифаҳои зерини афзалиятноки рушди соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад:
1) гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ:
-такмили низоми идоракунӣ ва пурзӯр намудани сохторҳои соҳаи ҷангал;
-такмили заминаи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани ҳуқуқтатбиқкунӣ;
-ташкили низоми устувори маблағгузории соҳаи ҷангал;
2) нигоҳдориву зиёд намудани майдон, маҳсулнокӣ ва андозаи хизматрасонии экосистемавии ҷангалҳо:
-пешбурди хоҷагии тиҷоратии ҷангал;
-ҷалби аҳолии маҳалӣ ба пешбурди фаъолиятӣ хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангал;
-нигоҳдорӣ, бунёд ва барқароркунии ҷангалҳои зиддибодлесӣ, истироҳатӣ ва махсус муҳофизатшаванда;
3) асосҳои рушди хоҷагии ҷангал:
-рушди соҳаи тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ;
-гузаронидани корҳои баҳисобгирӣ, мониторинг ва ҷангалсозӣ ;
-рушди иқтидори кадрӣ ва хоҷагии тиҷоратии ҷангал;
-баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддӣ-техникии соҳаи ҷангал;
-ба роҳ мондани корҳои илмӣ ва иноватсия дар хоҷагии ҷангал.
4. НИГОҲДОРӢ ВА АФЗУНГАРДОНИИ МАЙДОНҲО ВА МАҲСУЛНОКИИ ҶАНГАЛ
§1. Хоҷагии тиҷоратии ҷангал
15. Равандҳои тиҷоратӣ дар соҳаи ҷангалро метавонанд хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ (парвариши ниҳолҳои аълосифати ҷангал), ташкили плантатсияҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли чӯби корӣ, чормағз, меваҷотҳо ва коркарди маҳсулотҳои ҷангалро дар бар гиранд. Самтҳои афзалиятнокии фаъолият истеҳсоли ҳезум, чӯби корӣ барои сохтмон ва косибот, парвариши камоли бадбўй, писта, чормағз, бодом ва дигар мевањои худрӯи ҷангал барои хушккунӣ мебошад.
16. Бо дарназар доштани сатҳи пасти афзоиши солонаи аксарияти ҷангалҳо ва маҳдудияти майдонҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ истифодабарии механизмҳои байналмилалӣ, ба монанди Созишномаи Париж ва Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурӣ ва ҷалби сармояҳо мушкил мебошад. Дар доираи механизмҳои нави муқаррарнамуда Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фонди иқлими Сабз баҳисоб меравад, ки ба гузаронидани ислоҳоти мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим асос ёфтааст.
§2. Ҷалби аҳолии маҳаллӣ барои пешбурди хоҷагии ҷангал
бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангалҳо
17. Дар ноҳияҳои кӯҳии мамлакат, ки ҷангалзорҳои асосӣ мавҷуданд, қариб 70 фоизи аҳолӣ зиндагӣ намуда, бевосита аз маҳсулоти ҷангал истифода мебаранд ва ё дар дигар намудҳои истифодабарии ҷангал иштирок менамоянд. Бинобар ин, ҷангалҳо барои рушди ноҳияҳои кӯҳистон ва таъмини некуаҳволии мардуми ин маҳалҳо нақши асосӣ мебозанд.
18. Ҷалби аҳолии маҳаллӣ дар фаъолияти хоҷагии ҷангал, аз рӯи қоида, дар доираи шартномаҳои мавсимӣ, солона ва дарозмуҳлат бо мақсади истифодабарии захираҳои ҷангал амалӣ гардонида мешавад. Аҳолии маҳаллӣ ба таври пурра дар идоракунии ҷангалҳо иштирок намекунад ва мутаносибан дар онҳо ҳавасмандии истифодабарии устувори ҷангал ҳамчун ғояи асосии нигаҳдории ҷангалзорҳо ва гуногунии биологӣ вуҷуд надорад.
19. Усули идоракунии муштараки љангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷангалҳои наздисоҳилӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯњистони Бадахшон аз соли 2006, дар пистазорҳои хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Фархор ва Данғара, минтақаҳои ҷангалҳои паҳнбарги хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг ва минтақаи арчазорҳои хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва ғайра аз соли 2013 инҷониб мавриди истифода қарор дорад.
5. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА
20. Ҷалб намудани аҳолии маҳаллӣ дар пешбурди хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки љангал аз инњо иборатанд:
- такмили замина барои ҳаматарафа ҷорӣ намудани усули идоракунии муштараки љангал бо роҳи таҳияи дастурамалҳо, маводи маълумотиву ахборӣ ва ҷудо кардани заминҳои коршоям барои татбиқи усул дар доираи нақшаҳои идоракунии хоҷагии ҷангал;
- такмили усули идоракунии муштараки љангал ва марҳила ба марҳила иваз намудани шартномаҳои мавсимӣ ба шартномаҳои идоракунии муштараки љангал бо роҳи таъсис додан ва ҷорӣ намудан қитъаҳои намоишӣ ва вусъатдиҳии минбаъдаи усул дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ.
21. Барои беҳдошти вазъият зарур аст:
- фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ дар соҳаи ҷангал бо роҳи мустаҳкам кардани пойгоҳи моддию техникии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал ва ба роҳ мондани робита ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимии кишварҳои дигар;
- гузаронидани корҳои илмӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи ҷангал бо дар назар доштани ҳолатҳои тағйирёбии иқлим.
6. АСОСҲОИ РУШДИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ
§1. Рушди соҳаи тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ
22. Рушди тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ барои пешбурди ҳоҷагии тиҷоратии ҷангал, бунёд ва барқароркунии ҷангалҳои зидди бодлесӣ, истироҳатӣ ва ҷангалҳои махсус муҳофизатшаванда самтҳои асосии соҳа ҳисоб меёбад.
23. Системаи соҳаи ҷангал дорои 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ буда, ғайр аз он дар муассисаҳои давлатии ҳоҷагиҳои ҷангал низ ниҳолхонаҳои хурд ташкил карда шудааст. Дар системаи хоҷагии ҷангал солона ба миқдори умумии зиёда аз 3 миллион ниҳолҳо ва қариб 30 намуди дарахту буттаҳо парвариш карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо мевадиҳанда мебошад. Вале намудҳои ҷангалӣ ва эндемикии дарахту буттаҳо, ки дар раванди тағйирёбии иқлим хеле муҳим мебошанд, ба миқдори нокифоя парвариш карда мешаванд ва талаботи хоҷагиҳои ҷангалро қонеъ карда наметавонад.
24. Самти дигари фаъолияти хоҷагии ҷангал ба макони табиии нигаҳдории фонди генетикии ҷангал равона гардидаанд, вале дар баробари ин баъзе намудҳои эндемикҳо (тӯс, бодоми вавилов, бодоми хордор, сафедори нуқрабарг, туранга, хурмои ёбоӣ, анори ёбоӣ, ноки кайон, себи Сиверс ва ғайра) ҳамчун намудҳои ҳифзшаванда ба пуррагӣ фаро гирифта нашудаанд.
25. Тухмиҳо барои парвариши маводи кӯчатӣ бе дар назар доштани хусусиятҳои сифатии онҳо ҷамъоварӣ карда мешавад, зеро майдонҳои доимии парвариши тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангал ва анборҳои махсуси нигаҳдории тухмиҳо мавҷуд намебошад. Бо сабаби маркази ягонаи нигоҳдорӣ, тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангал тақсимот ва назорати онҳо, чун қоида бе санҷиши сифатӣ амалӣ карда мешаванд.
26. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тухмипарварии соҳаи ҷангал ва назорати зарурии сифати парвариши маводҳои кӯчатӣ мавҷуд набуда, нарасидани мутахассисон дар соҳаи парвариши ниҳолҳо ба назар мерасанд.
27. Барои беҳтар намудани вазъият ҷиҳати рушди тухмипарвариву ниҳолпарварӣ чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст:
- тайёр намудани майдонҳо барои пешбурди самараноки тухмипарварӣ ва ташкили фаъолияти самараноки хоҷагии ниҳолпарварӣ бо роҳи таъсис додани маркази ягонаи нигоҳдорӣ, тақсимот ва назорати тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангал, таҳияи дастурамалҳои мутобиқ, механизмҳои назорати сифат, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба нигаҳдории фонди генетикии дарахту буттаҳои ҷангалии маҳаллӣ ва овардашуда;
- баланд бардоштани сифати тухмӣ ва зиёд намудани ҳаҷми тухмӣ ва ниҳолҳои истеҳсолшаванда, аз ҷумла намудҳои ба иқлим мувофиқ бо роҳи таъсис додани қитъаҳои доимии ҷамъоварии тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангалӣ ва ниҳолпарваришгоҳҳо, зиёд намудани маҳсулнокии онҳо.
28. Дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар назар аст, ки тайёр, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории намудҳои беҳтарини тухмиҳо 20 тоннаро ташкил дода, аз ин ҳисоб шумораи намуди ниҳолҳои дарахту буттаҳои ба 50 номгӯй расонида шуда, парвариши солонаи ниҳолҳо на кам аз 5 млн нињолро ташкил медиҳад.
§2. Гузаронидани корҳои баҳисобгирӣ, мониторинг ва ҷангалсозӣ
29. Ҷангалсозӣ маҷмуи чорабиниҳо оид ба баҳисобгирӣ, баҳодиҳӣ ва банақшагирии корҳои хоҷагии ҷангал мањсуб ёфта, бањри баланд бардоштани самаранокии пешбурди хоҷагии ҷангал ва истифодабарии захираҳои ҷангал равона гардидааст. Гузаронидани корҳои ҷангалсозӣ дар ташкилотњои давлатии хоҷагиҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани баҳои миқдорӣ ва сифатӣ, мавҷудият ва ҳолати захираҳои ҷангал ва гуногунии биологии мамлакат имконият медиҳад. Ба даст овардани маълумоти эътимоднок оид ба майдони ҷангалҳо, зичии онҳо, захираи чӯб дар реша, ҳолати санитарии онҳо ва барои дуруст ба нақша гирифтани корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалҳо имконият медиҳад.
30. Дар доираи Барномаи баҳисобгирии фонди ҷангал гузаронида шуда, нақшаи идоракунї барои дигар хоҷагиҳои дигари ҷангал тањия карда мешавад.
§3. Ба роҳ мондани корҳои илмӣ ва инноватсия дар хоҷагии ҷангал
30. Дар низоми хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки аз рӯи самтҳои зерин тадқиқотҳои илмӣ ва инноватсионӣ гузаронида шаванд:
- таҳияи усулҳои муосири парвариши маводи кӯчатии арчаи зарафшонӣ ва таҳияи технологияи бунёди ҷангалҳои арча;
- селексияи навъи тухмиҳои мағздор – писта ва чормағзи юнонӣ бо дар назар доштани интихоби тухмиҳо аз дарахтони табиии ҷангалзорҳо (намунаҳои беҳтарин), дарахтони ҳосилнокиашон баланд бо меваи навъашон аъло ба касалиҳову ҳашаротҳои зараррасон тобовар;
- омӯзиши биологияи ҳашаротҳои асосии зараррасони ҷангал ва дарахтони мевадиҳанда ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба мубориза бар зидди онҳо.
7. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
32. Идоракунӣ ва истифодаи устувори ҷангалҳо ба манфиати давлат, ҷамъият ва насли оянда танҳо дар ҳолати таъсиси низоми устувори маблағгузории соҳаи ҷангал имконпазир аст. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
33. Маблағгузории Барнома инчунин аз ҳисоби даромадҳои худии хоҷагиҳои ҷангал, аз љумла маблағҳои махсус, ки асосан аз фурӯши маҳсулотҳои ҷангал ва хизматрасониҳои экосистемавӣ ба даст меоянд, ба роҳ монда мешаванд.
34. Бо мақсади таъмини маблағгузории устувори соҳаи ҷангал, зарур аст:
- такмили раванд ва усули банақшагирии маблағгузории соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ бо дар назар доштани нишондиҳандаҳои пешбинишуда;
- зиёд намудани маблағгузорӣ, даромаднокӣ ва истифодаи самаранокии маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла барои чорабиниҳо оид ба бунёд ва барқароркунӣ ва ҳифзи ҷангалҳо.
Замимаи №2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «31» марти соли 2022, № 149
Нақшаи
чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026
№ т/т |
Номгӯйи чорабиниҳо |
Натиҷаҳои дарназарбуда |
Иҷрокунандагон |
Муҳлати иҷро (сол) |
Талаботи умумӣ ба маблағгузорӣ (млн сомонӣ) |
Сарчашмаҳои маблағгузорӣ |
|
||||
Буҷетӣ давлатӣ |
Маблағҳои махсус
|
Шарикони рушд
|
|
||||||||
|
А |
1 |
2 |
3 |
4 |
5 |
6 |
7 |
|
||
1. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОКИ НОЗИРОТИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ ВА ДАР САТҲИ ЗАРУРӢ БА РОҲ МОНДАНИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҶАНГАЛ |
|||||||||||
1. |
Давра ба давра ташкил намудани нозироти давлатии ҷангал дар сатҳи маҳаллӣ ва таъмини фаъолияти он (пойгоҳӣ моддӣ- техникӣ, вазифаҳои хизматии возеҳ таҳияшуда) |
Нозирот дар сатҳи 10 муассисаи хоҷагии ҷангали шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт, Фархор, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон ва Қубодиён ташкил карда мешавад. |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нозироти давлатии ҷангал ва шикор |
2022 |
0,12 |
- |
- |
0,12 |
|
||
2023 |
0,12 |
- |
- |
0,12 |
|
||||||
2024 |
0,12 |
- |
- |
0,12 |
|
||||||
2025 |
0,12 |
- |
- |
0,12 |
|
||||||
2026 |
0,12 |
- |
- |
0,12 |
|
||||||
0,6 |
|
|
0,6 |
|
|||||||
2. ПУРЗӮР НАМУДАНИ ВАЗИФАҲОИ ХОҶАГИДОРИИ ХОҶАГИҲОИ ҶАНГАЛ |
|
|
|||||||||
2. |
Таъмини хоҷагиҳои ҷангал бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи бақайдгирӣ барои ҳуқуқи истифодаи замини фонди давлатии ҷангал |
23 хоҷагии ҷангал ба қайди давлатӣ гирифта шуда, онҳо бо шаҳотатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ барои ҳуқуқи истифодаи замин |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумњурии Тољикистон |
2022 |
0,5 |
0,25 |
0,25 |
|
|
||
2023 |
0,5 |
0,25 |
0,25 |
|
|
||||||
|
1,0 |
0,5 |
0,5 |
|
|
||||||
3. |
Мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳои дарахтон ва пешгири аз сӯхтори ҷангалҳо |
Стансияи сӯхторхомӯшкунӣ-химиявӣ ва муборизаи биологӣ таъсис дода мешавад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2026 |
1,2 |
0,5 |
0,2 |
0,5 |
|
||
4. |
Таҳлили ҳолати ҷангалзорҳо, ки дар ҳудуди заминҳои дигар истифодабарандагони ҷангал қарор доранд |
Тадқиқоти ҳолати ҷангалзорҳо гузаронида мешавад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
0,6 |
0,2 |
0,4 |
- |
|
||
5. |
Гузаронидани ҷангалзорҳои дар ҳудуди дигар истифодабарандагони ҷангал қарордошта ба тавозуни хоҷагиҳои ҷангал |
Ҷангалзорҳо ба тавозуни хоҷагиҳои ҷангал гузаронида мешавад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
0,12 |
0,04 |
0,08 |
- |
|
||
2023 |
0,12 |
0,04 |
0,08 |
- |
|
||||||
2024 |
0,12 |
0,04 |
0,08 |
- |
|
||||||
2025 |
0,12 |
0,04 |
0,08 |
- |
|
||||||
2026 |
0,12 |
0,04 |
0,08 |
- |
|
||||||
|
0,6 |
0,2 |
0,4 |
- |
|
||||||
3. ТАШКИЛИ СОХТОРҲОИ НАВ ВА ТАҒЙИРОТИ ИНСТУТСИОНАЛӢ |
|
|
|||||||||
6. |
Таъсиси идораи ҷангалсозӣ |
Идораи ҷангалсозӣ бо тамоми шароитҳо ва лавозимоти корӣ таъсис дода мешавад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2026 |
1,2 |
- |
0,2 |
1,0 |
|
||
7. |
Таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар асоси Кодеси ҷангал ва ќонунгузорӣ дар бораи шикор ва хољагињои шикорӣ |
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумњурии Тољикистон тасдиқ карда мешавад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
|
|
|
|
|
||
2023 |
|
|
|
|
|
||||||
2024 |
|
|
|
|
|
||||||
|
|
|
|
|
|
||||||
8. |
Таҳияи низоми ҳавасмандгардонии кормандони ҳифзи ҷангал ва нозирон дар ошкор намудани қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҷангал ва шикор |
Низоми ҳавасмандгардонӣ ҷорӣ карда мешавад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
|
|
|
|
|
||
9. |
Ҳамкории фаъолона бо шарикон оид ба рушд (ташкилотҳои донорӣ, фондҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкории молиявӣ ва техникӣ) |
Манбаъҳои иловагии маблағгузории рушди фаъолияти соҳаи ҷангал дарёфт карда мешаванд |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумњурии Тољикистон |
2022-2026 |
|
|
|
|
|
||
4. ТАШКИЛИ УСТУВОРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ ҶАНГАЛ |
|||||||||||
10. |
Идоракунии фаолияти хоҷагиҳо бо усули нав, такмил тартиби банақшагирии молиявии нишондиҳандаҳои асосии солонаи хоҷагиҳои интихобшуда |
Усули нави банақшагирӣ дар таҷрибаи фаолияти хоҷагиҳои ҷангали пилотӣ гузаронида мешавад. |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2023-2026 |
|
|
|
|
|
||
11. |
Такмили шаклҳои ҳисоботҳои ҳаракати воситаҳои пулии дохилисоҳавии дар истифода қарордошта, назорати истифодаи мақсаднок ва самаранокии маблағҳои пулӣ
|
Ба пуррагӣ таъмин кардани пешниҳоди маълумотнома оид ба сарчашмаи воридшави ва самтҳои сарфи воситаҳои пулӣ дар ташкилотҳои системаи ҷангал амалӣ мегардад |
|
2022-2026 |
|
|
|
|
|
||
5. РУШДИ САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТӢ СОҲАИ ҶАНГАЛ |
|||||||||||
12. |
Бунёди плантатсияҳои саноатии ҷангалзорҳо
|
Плантатсияҳои саноатии ҷангалзорҳо дар масоҳати 1240 гектар бунёд карда мешаванд, аз ҷумла: - сафедор – 200 гектар; - чормағзи юнонӣ - 200 гектар; - писта - 200 гектар; - хуч - 200 гектар; - бодоми шириндона - 200 гектар; - чормағзи пекан – 40 гектар; - олучаи кӯҳӣ – 200 гектар |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
2,2 |
|
1,2 |
1,0 |
|
||
2023 |
2,2 |
|
1,2 |
1,0 |
|
||||||
2024 |
2,2 |
|
1,2 |
1,0 |
|
||||||
2025 |
2,2 |
|
1,2 |
1,0 |
|
||||||
2026 |
2,2 |
|
1,2 |
1,0 |
|
||||||
|
11,0 |
|
6,0 |
5,0
|
|
||||||
13. |
Парвариши намуди ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҷангалӣ (ҳамасола) |
Ниҳолҳои намудҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҷангалӣ ба миқдори 5 млн бех парвариш карда мешаванд, аз ҷумла дар ниҳолхонаҳои: - Вахдат – 1,0 млн бех; - Қубодиён - 800 ҳаз. бех; - Зафаробод - 1,5 млн бех; - Рашт - 100 ҳаз. бех; - Восеъ - 300 ҳаз. бех; - Навобод - 100 ҳаз. бех; - ниҳолхонаҳои хурди хоҷагиҳои ҷангал – 1,2 млн бех |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
|
|
|
|
|
||
2023 |
|
|
|
|
|
||||||
2024 |
|
|
|
|
|
||||||
2025 |
|
|
|
|
|
||||||
2026 |
|
|
|
|
|
||||||
|
|
|
|
|
|
||||||
14. |
Ташкили ниҳолхонаҳои махсусгардонидашуда
|
Ниҳолхонаҳои махсус- гардонидашуда ташкил карда мешаванд: - дар хоҷагиҳои ҷангали Панҷ, Фархор, Хуросон ва Данғара оид ба парвариши писта, саксаул ва дигарҳо бо системаи пӯшидаи решаҳо – 250 ҳаз. бех; - дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур оид ба парвариши ниҳолҳои аълосифати сафедор, хуч, ангат ва дигарҳо – 250 ҳаз. бех |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
|
|
|
|
|
||
2023 |
|
|
|
|
|
||||||
2024 |
|
|
|
|
|
||||||
2025 |
|
|
|
|
|
||||||
2026 |
|
|
|
|
|
||||||
|
|
|
|
|
|
||||||
15.
|
Гузаронидани азнавсозии солонаи ниҳолҳои писта дар доираи усули идоракунии муштараки ҷангал дар майдони 100 гектар |
Плантатсияҳои писта азнавсозӣ ва пайванд карда мешаванд |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
|
|
|
|
|
||
2023 |
|
|
|
|
|
||||||
2024 |
|
|
|
|
|
||||||
2025 |
|
|
|
|
|
||||||
2026 |
|
|
|
|
|
||||||
|
|
|
|
|
|
||||||
16. |
Ташкили 5 корхонаи хурди коркарди маҳсулоти худрӯи ҷангал |
Корхонаҳои нави хурди истеҳсолӣ ташкил карда мешавад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
|
|
|
|
|
||
2023 |
|
|
|
|
|
||||||
2024 |
|
|
|
|
|
||||||
2025 |
|
|
|
|
|
||||||
2026 |
|
|
|
|
|
||||||
6. АМАЛИСОЗИИ ВАСЕИ УСУЛИ ИДОРАКУНИИ МУШТАРАКИ ҶАНГАЛ |
|||||||||||
17. |
Ташкили қитъаҳои намоишӣ оид ба ҷорӣ намудани усули идоракунии муштараки ҷангал |
Қитъаҳои намоишӣ дар 10 хоҷагии ҷангал илова ба мавҷудаҳо ташкил карда мешаванд |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисањои давлатии хоҷагиҳои ҷангал |
2022 |
0,14 |
- |
0,02 |
0,12 |
|
||
2023 |
0,14 |
- |
0,02 |
0,12 |
|
||||||
2024 |
0,14 |
- |
0,02 |
0,12 |
|
||||||
2025 |
0,14 |
- |
0,02 |
0,12 |
|
||||||
2026 |
0,14 |
- |
0,02 |
0,12 |
|
||||||
|
0,7 |
|
0,1 |
0,6 |
|
||||||
18. |
Ҷорӣ намудани усули идоракунии муштараки ҷангал |
Усули идоракунии муштараки ҷангал дар хоҷагиҳои ҷангал дар масоҳати 15 ҳаз. га бо ҷалби 3000 хонавода ҷорӣ карда мешаванд |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисањои давлатии хоҷагиҳои ҷангал |
2022 |
0,14 |
- |
0,04 |
0,1 |
|
||
2023 |
0,14 |
- |
0,04 |
0,1 |
|
||||||
2024 |
0,14 |
- |
0,04 |
0,1 |
|
||||||
2025 |
0,14 |
- |
0,04 |
0,1 |
|
||||||
2026 |
0,14 |
- |
0,04 |
0,1 |
|
||||||
|
0,7 |
|
0,2 |
0,5 |
|
||||||
7. НИГАҲДОРӢ, БУНЁД ВА БАРҚАРОР НАМУДАНИ ҶАНГАЛҲОИЗИДДИБОДЛЕСЇ, ИСТИРОҲАТӢ ВА МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА |
|||||||||||
19. |
Таҳияи дастурамал оид ба бунёд ва барқароркуни ҷангалҳо, инчунин мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасони ҷангал |
Дастурамал таҳия ва тасдиқ карда мешавад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисањои давлатии хоҷагиҳои ҷангал |
2022-2023 |
- |
- |
|
- |
|
||
20. |
Таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор таҳия ва тасдиқ карда мешаванд |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
- |
- |
|
- |
|
||
21. |
Таҳияи Тартиби истифодаи оқилонаи минтақаҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал |
Тартиб таҳия ва тасдиқ мегардад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
- |
|
|
|
|
||
8. ДАР ҲАҶМИ ЗАРУРӢ БАРҚАРОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА НИГАҲДОРӢ, БУНЁД ВА БАРҚАРОРКУНИИ ҶАНГАЛҲОИ ЗИДДИБОДЛЕСӢ, ИСТИРОҲАТӢ ВА МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА |
|||||||||||
22. |
Бунёди ҷангалҳо дар ҳаҷми 1 ҳаз. гектар дар як сол |
Ҷангалҳо дар майдони 5 њазор гектар ташкил карда мешавад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
3,2 |
0,8 |
0,4 |
2,0 |
|
||
2023 |
3,2 |
0,8 |
0,4 |
2,0 |
|
||||||
2024 |
3,2 |
0,8 |
0,4 |
2,0 |
|
||||||
2025 |
3,2 |
0,8 |
0,4 |
2,0 |
|
||||||
2026 |
3,2 |
0,8 |
0,4 |
2,0 |
|
||||||
|
16,0 |
4,0 |
2,0 |
10,0 |
|
||||||
23. |
Барқароркунии ҷангалҳои таназзулёфта (кишт, шинонидан, чораҳо оид ба муҳофизат ва нигоҳдории ҷангал) дар ҳаҷми на камтар аз 2 ҳаз.гектар дар як сол |
Ҷангалҳои таназзулёфта дар њаҷми 10 њаз.га барқарор мегардад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
2,6 |
0,8 |
0,2 |
1,6 |
|
||
2023 |
2,6 |
0,8 |
0,2 |
1,6 |
|
||||||
2024 |
2,6 |
0,8 |
0,2 |
1,6 |
|
||||||
2025 |
2,6 |
0,8 |
0,2 |
1,6 |
|
||||||
2026 |
2,6 |
0,8 |
0,2 |
1,6 |
|
||||||
|
13,0 |
4,0 |
1,0 |
8,0 |
|
||||||
24. |
Мусоидат намудан ба худбарқароршавии табиӣ пурзӯр намудани муҳофизат ва чораҳо оид ба нигаҳдории ҷангалҳои таназзулёфта дар ҳаҷми на камтар аз 8 ҳаз.гектар дар як сол |
Ҷангалҳои таназзулёфта дар њаљми 40 њаз.гектара барқарор мегардад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
1,5 |
0,4 |
0,1 |
1,0 |
|
||
2023 |
1,5 |
0,4 |
0,1 |
1,0 |
|
||||||
2024 |
1,5 |
0,4 |
0,1 |
1,0 |
|
||||||
2025 |
1,5 |
0,4 |
0,1 |
1,0 |
|
||||||
2026 |
1,5 |
0,4 |
0,1 |
1,0 |
|
||||||
|
7.5 |
2.0 |
0,5 |
5.0 |
|
||||||
25. |
Нигоҳубин, бунёд ва барқароркунии ҷангалзорҳо дар давоми 5 сол (32400 гектар) |
Ҳолат ва сабзиши ҷангалзорҳо беҳтар мегардад |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
1,7 |
0,6 |
0,1 |
1,0 |
|
||
2023 |
1,7 |
0,6 |
0,1 |
1,0 |
|
||||||
2024 |
1,7 |
0,6 |
0,1 |
1,0 |
|
||||||
2025 |
1,7 |
0,6 |
0,1 |
1,0 |
|
||||||
2026 |
1,7 |
0,6 |
0,1 |
1,0 |
|
||||||
|
8,5 |
3,0 |
0,5 |
5,0 |
|
||||||
26.
|
Бунёди “минтақаҳои сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгард тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумњурии Тољикистон |
Минтақаҳои сабз бунёд мегарданд |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
0,3 |
0,1 |
0,08 |
0,12 |
|
||
2023 |
0,3 |
0,1 |
0,08 |
0,12 |
|
||||||
2024 |
0,3 |
0,1 |
0,08 |
0,12 |
|
||||||
2025 |
0,3 |
0,1 |
0,08 |
0,12 |
|
||||||
2026 |
0,3 |
0,1 |
0,08 |
0,12 |
|
||||||
|
1.5 |
0.5 |
0.4 |
0,6 |
|
||||||
27. |
Гузаронидани чорабиниҳои зидди сӯхтор (сохтан ва таъмири роњњои зидди сӯхтор, кашидани хатњои зидди- сухтор ва ѓайрањо) |
Чорабиниҳои зидди- сӯхторӣ гузаронида мешаванд |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
1,0 |
0,4 |
- |
0,6 |
|
||
2023 |
1,0 |
0,4 |
- |
0,6 |
|
||||||
2024 |
1,0 |
0,4 |
- |
0,6 |
|
||||||
2025 |
1,0 |
0,4 |
- |
0,6 |
|
||||||
2026 |
1,0 |
0,4 |
- |
0,6 |
|
||||||
|
5.0 |
2.0 |
|
3.0 |
|
||||||
28. |
Сохтмони роњњои нав ва таъмири роњњои таъиноти хољагии љангал |
Роҳҳои нав сохта ва роҳҳои мавҷуда таъмир мегарданд |
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2022 |
1,0 |
0,4 |
- |
0,6 |
|
||
2023 |
1,0 |
0,4 |
- |
0,6 |
|
||||||
2024 |
1,0 |
0,4 |
- |
0,6 |
|
||||||
2025 |
1,0 |
0,4 |
- |
0,6 |
|
||||||
2026 |
1,0 |
0,4 |
- |
0,6 |