Санаи 8-уми октябри соли 2025 ҷаласаи ХXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати чӯби кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар меҳмонхонаи “Румӣ” –и шаҳри Душанбе баргузор гашт.
Дар ин чорабинии сатҳи баланд роҳбарон ва намояндагони тамоми мақомоти хоҷагиҳои ҷангали кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд. Роҳбарият ва мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ХXIII Шӯрои байниҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, оид ба зарурияти таҳкими иқдомҳои муштарак дар ҳифзи манфиатҳои кишварҳои минтақа дар шароити тағйирёбии иқлим таъкид намуданд.
