Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 ноября 2022 11:33

        

        Санаи 24 ноябри соли 2022 дар толори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
          Маҷлисро муовини директори Агентӣ Шарифзода Д.Ҷ. кушода, қайд намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” санаи 24 ноябр рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст ва   бахшида ба ин ҷашнвора кормандони Агентӣ ва тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба Рўзи Парчами давлатӣ табрик ва муборакбод намуданд.
         Ҳамчунин дар маҷлис кормандони Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон мудири шуъбаи бостоншиносӣ, номзади илмҳо Нуриддин Сайфуллоев ва мудири шуъбаи таърих, номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров зимни баромадҳояшон оид ба таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ суханронӣ намуданд.

 


                                     Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
                                     Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.
                                     Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
                                     Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
                                     Дар сафедияш роҳи бахти сафед,
                                     Мебарад моро ба фардои умед.
                                     Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
                                     Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.

 
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!



Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Ҷаласа бахшида ба “28 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат”

       Имрӯз дар бинои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “28 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат”
ҷаласа баргузор гардид.
     Дар...

26.04.2023

5

Фаъолияти Агении хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар семоҳаи якуми соли 2023

        Санаи 17 апрели соли 2023 дар толорои маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ ҷаласаи мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори...

20.04.2023

6

Фестивали “Сайри гули лола” дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе

       Бо мақсади таъмини амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ташвиқи ҳисси зебопарастӣ, ватандӯстӣ,...

17.04.2023

6

Ҳаммаи ахборҳо
00:00