Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭЪЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

27 сентября 2025 09:59

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин 
ОЗМУН эълон менамояд:


1. Сардори шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ  – 1 ҷой.
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯйи ихтисос;
        Маоши мансабӣ – 3561 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой.
        - 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
        Маоши мансабӣ – 2158 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо – 1 ҷой.
        - 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
        Маоши мансабӣ – 2158 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
4. Мутахассиси шуъбаи бунёду барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳо – 1 ҷой.
        Маоши мансабӣ – 1782 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
5. Мутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо – 1 ҷой.
        Маоши мансабӣ – 1782 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
6. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой.
       Маоши мансабӣ – 1782 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
7. Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот – 1 ҷой.
       Маоши мансабӣ – 1782 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

      Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
        Мутахассиси шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:
- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.  
     Ҳуҷҷатҳои ба ОЗМУН пешниҳодшаванда:
- аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хоҷагии ҷангал;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 донаги расмҳои андозаи 3х4 ва 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Сардори шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ
Мутахассиси шуъбаи шикор
Мутахассиси шуъбаи бунёд
Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва муҳосибот
Мутахассиси шуъбаи робитахои байналмилали ва иттилоот
Мутахассиси шуъбаи кадрҳо
   Қабули ҳуҷҷатҳо аз 29 сентябри соли 2025 оғоз гардида, рўзи охирини қабул 20 октябри соли 2025 мебошад. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кўчаи Бўстон -3, телефон барои тамос:  225 – 06 – 43, 225–08–14, 225-08–16 e-mail:forestry-agencytj@mail.ru; info@forest.tj; web:http://www.forest.tj   


Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Баргузории ҷаласаи ХXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати чӯби кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Санаи 8-уми октябри соли 2025  ҷаласаи ХXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати чӯби кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар меҳмонхонаи “Румӣ” –и шаҳри Душанбе баргузор...

10.10.2025

8

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат ...

30.06.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00