Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

09 октября 2024 12:54

Иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
8 октябр дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид. Аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва аз ин рӯ, Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии худ ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Зимнан, таъкид гардид, ки яке аз авлавиятҳои асосии раёсати мо ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд. Сарвари давлати мо, инчунин таъкид карданд, ки дар ҷанбаи сиёсӣ кор барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт. Таъкид гардид, ки ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар рафти раёсати мо таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт. Рушди ҳамкории парлумонӣ низ аз авлавиятҳои муҳим номида шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар соҳаи амният ба таҳкими ҳамкории амалӣ дар мубориза бо хавфу хатарҳои амниятӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд. Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои дар ҷаласаи имрӯза қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ такон мебахшад. Аз рӯйи натиҷаҳои нишасти навбатӣ аз ҷониби сарони давлатҳо як қатор қарорҳо ба имзо расид.

Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Баргузории ҷаласаи ХXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати чӯби кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Санаи 8-уми октябри соли 2025  ҷаласаи ХXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати чӯби кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар меҳмонхонаи “Румӣ” –и шаҳри Душанбе баргузор...

10.10.2025

8

ЭЪЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин

ОЗМУН эълон менамояд:


1. Сардори шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ...

27.09.2025

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат ...

30.06.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00