Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026

19 февраля 2025 10:17

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

11.02.2025 09.56
шаҳри Душанбе


11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд,  имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ», қонунҳо «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо  «Дар  бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ва ба Кодекси андоз  аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024  ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» равона шудааст.

Тибқи Қонуни мазкур ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз манъ шудааст. Мораторий бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ равона мешавад.

Бо мақсади гиромидошти ба суннатҳои миллӣ, эҳёи расму оинҳои бостонии мардуми тоҷик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки тибқи он ҳар сол 1 июл Иди Тиргон ҷашн гирифта мешавад.

Қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди устувору босуръати иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ,  эҳёи расму оинҳои миллӣ  ва  беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад.




Все документы


Ахборҳо

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба "Иди Наврӯз" дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Санаи 19 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ бахшида ба "Иди Наврӯз" маҷлиси...

20.03.2025

3

Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кори иҷлосияи...

20.03.2025

3

Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи Модарон" дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Санаи 6 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, бонувони дастгоҳи марказӣ бахшида...

07.03.2025

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00