Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

12 марта 2025 11:16

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июни соли 2023, № 245

 

Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои

2024-2028

1.    МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.    Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (минбаъд - Барнома) бо мақсади бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния барои таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан ҷиҳати беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст.

2.    Ҷангалҳои Тоҷикистон асосан аз буттазорҳо иборат мебошад, ки аз онҳо гирифтани чӯби корӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ имконият надорад. Аз ин лиҳоз, зиёда аз 90-95 фоизи чӯби кории ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ истифодашаванда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад.

3.    Бунёди плантатсияҳо аз дарахти зудафзоишёбандаи павловния бо истифода аз технологияҳои инноватсионии парваришӣ метавонад қисми асосии сиёсати сарфаи захираҳо ва ҳалли мушкилоти вобаста ба истифодаи энергия, бе таъсири хатарҳо ба муҳити зист гардад.

4.    Бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния, инчунин истифодаи он дар ташкили минтақаҳои сабз ва боғҳо (паркҳо) ба коҳиш ёфтани сатҳи партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, пешгирии гармшавии иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии он, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

5.     Бо дар назар доштани сатҳи пасти афзоиши солонаи аксарияти ҷангалзорҳо ва маҳдуд будани майдонҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум, истифодабарии технологияҳои нав дар парвариши ниҳолҳо ва зиёд намудани майдонҳои плантатсия, ҷалби аҳолии маҳаллӣ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангал ба рушди ноҳияҳои кӯҳистон ва таъмини некӯаҳволии мардуми ин маҳалҳо мусоидат менамояд.

6.    Барнома ҷиҳати расидан ба ҳадафҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2020-2030, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 дарҷ гардидаанд, инчунин ба паст кардани сатҳи вобастагӣ аз масолеҳи сохтмонии воридотӣ мусоидат менамояд.

2.    МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ПАВЛОВНИЯ, ХУСУСИЯТ ВА

АҲАММИЯТИ ОН

7.    Павловния - "дарахти ҳаёт" намуди растанӣ аз оилаи павловниягиҳо мебошад, ки зиёда аз 20 намуди хусусиятҳои ҳаммонанди хосро дар бар мегирад ва барои ин бо як номи умумӣ павловния номгузорӣ карда шудаанд. Павловния дарахти дорои баргҳои калони зебо (қутрашон 70 см), гулҳо (қутрашон 6 см) ва чатри зебо мебошад. Қутри танаи он то 1 метр ғафсӣ дорад. Вобаста аз шароити сабзиш дарахтони павловния баландиҳои гуногун дошта, то 30 метр қад доранд. Ба шароити хок серталаб нестанд, ҳатто дар заминҳои хушк, ки гаҷнокии онҳо то 2 фоизро ташкил медиҳанд, мерӯяд, аммо дар хокҳои умқи намнокиашон муътадил ва ҳосилнокиашон баланд сабзиши нағз дорад. Рӯшноиро дӯст медорад, дар қитъаҳои кушоди замини офтобрас мерӯяд.

8.    Ватани асосии павловния Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Дар Чин дар

майдони зиёда аз 2,5 миллион гектар павловния парвариш карда мешавад, ки парвариши 1,3 миллион гектари онро усули омехта (комбинатсионӣ) ташкил медиҳад. Дар байни қаторҳо растаниҳои пахта, ҷуворӣ, чой ва ғайра парвариш карда мешавад. Павловния дар ин кишвар дар корҳои кабудизоркунии шафати шоҳроҳҳо, ороиши боғҳои фарҳангӣ ва марказҳои табобатӣ васеъ истифода карда мешавад.

9.    Павловния хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб наменамояд. Он баъди ҳар як буридан ва ё даравидан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд. Давомнокии умри решаҳои он 70-100 солро дар бар мегирад, ки метавонад дар байни 4 ва ё 8-9 давраи ҳаштсола истифода шавад ва ин имкон медиҳад, ки раванди корҳои парвариши павловния бидуни хароҷоти аз нав шинонидани ниҳол ва коркарди замин дубора давом дода шавад. Танаи павловнияро тамоми сол новобаста аз фасли он ва муҳлати ҷамъоварӣ буридан мумкин аст, ки дар дигар намуди дарахтон ин ҳолат дида намешавад.

10.    Махсусияти дигари павловния дар солҳои аввали парвариш ин баргҳои калони он мебошад, ки қутрашон ба 70-85 см мерасад ва барои хӯроки чорво истифода карда мешавад. Ғизонокии он қариб ба юнучқа баробар аст. Он дар таркиби худ ҳангоми сабз будани баргҳо 20 фоиз протеин ва дар тирамоҳ баъди хазонрез гаштани баргҳо 12 фоиз протеин дорад. Аз ҳама фоизи зиёди протеин дар ниҳолҳои яксола мавҷуд мебошад. Агар ҳангоми бунёди плантатсияи павловния мақсади асосӣ ин тайёр кардани хӯроки чорво бошад, дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш дар давоми 1 сол аз 1 гектар аз 35 то 40 тонна хӯроки серғизои чорво тайёр кардан имкон дорад.

11.    Гулкунии павловния дар фасли баҳор шурӯъ гардида, гулҳояш калон, бо ранги осмонӣ, гулобӣ ва ё сафед буда, гулкунии он 6-8 ҳафта давом мекунад. Баргҳои азим ва чатри калон дар ҷойҳои истироҳатӣ, боғҳо ва гулгаштҳо сояи ғафсу зичро ба миён меоранд, ки ҷиҳати ташкили қитъаҳои салқини муътадил дар шароити иқлими гарм дар маркази шаҳрҳои ҳавояшон газнок ва буғикунанда мусоидат менамояд. Бо дарназардошти ин хусусиятҳояш онро барои кабудизоркунии шафати шоҳроҳҳо, шаҳрҳо ва ҳудуди боғҳо васеъ истифода менамоянд.

12.    Павловния хусусияти ултроафзоишӣ дошта, дар давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиши он ба 1м(3) мерасад, ки ба дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда мебошад. Дарахти павловния бо афзоиши тези худ боигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор карда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад миқдори 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. Майдони 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (СО(2)-ро аз худ намуда, то 330 тонна гази оксигенро хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташави нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд.

13.    Гулҳои дарахти павловния накҳати хушбӯйи қавИ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асали молИ мебошанд. Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асали молИ ва аз ин бештар гирифтан мумкин аст. БартарИ дар он аст, ки дар парвариши павловния аз заҳрхимикатҳо тамоман истифода бурда намешавад.

14.    Чӯби корие, ки аз дарахти павловния гирифта мешавад, аз ҷиҳати экологИ тоза буда, мулоим, ба оташ ва намИ тобовар, сабук ва ба ҳашаротҳои зараррасон устувор мебошад. Чӯбаш мулоим, вале беҳад ба қаткунИ ва тобдиҳИ устувор буда, маҳсулоти аз чӯби павловния тайёршуда шакли худро аз таъсири муҳит дигар намекунад. Чӯби павловнияро маъмулан барои сохтмони хона истифода мебаранд. Бартарияш дар он аст, ки зуд хушк мешавад, шакли худро дигар намекунад ва мустаҳкам буда, ба осонИ намешиканад. Бо сабаби чандир ва мустаҳкам буданаш, онро дар саноати мебелсозИ истифода мебаранд.

15.    Тамоми қисмҳои дарахти павловнияро ҳамчунин ашёи хоми энергетикИ, барои таъмини гармИ ва истеҳсоли биогаз истифода бурдан мумкин аст. Биогаз манбаи нави энергияи барқароршаванда буда, аз ҷиҳати экологИ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодИ мувофиқи мақсад мебошад.

16.    Ҳамзамон бо дар назар доштани дигар хусусиятҳои хоси худ қисматҳои алоҳидаи растании павловнияро дар саноати дорусозб ва косметология, инчунин дигар соҳаҳои истеҳсолот васеъ истифода мебаранд.

17.    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби баъзе хоҷагиҳои ҷангал, инчунин хоҷагиҳои деҳқонИ пешбурди корҳо оид ба парвариши навъҳои гуногуни павловния тариқи таҷрибавИ ба роҳ монда шудааст. Аз натиҷаҳои бадастомада бармеояд, ки павловния дар минтақаҳои гарми ҷумҳурИ дар заминҳои бо оби полезИ таъмин нашъунамои хуб дошта, дар 1 сол то 4-5 метр қад мекашад.

3.    МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

18.   Мақсадҳои асосии Барнома аз инҳо иборат мебошанд:

-    баланд бардоштани огоҳнокИ ва сатҳи дониши соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонИ, кормандони хоҷагиҳои ҷангал ва хоҷагиҳои манзилию коммуналИ оид ба аҳаммияти истифодаи павловния дар бунёди плантатсияҳо, дар агроҷангалпарварИ ва пешбурди корҳои кабудизоркунИ;

-    ташкили корҳо оид ба парвариши ниҳолҳои павловния дар ниҳолхонаҳо;

-    зиёд намудани майдонҳои плантатсияҳо ва истеҳсоли чӯби корИ;

-    паст кардани сатҳи таъсири антропогенИ ба ҷангалҳои табиИ;

-    зиёд кардани истеҳсоли асали молИ;

-    баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳои ҷангал ва даромаднокии онҳо;

-     мусоидат ба рушди иқтисодиёт бо роҳи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал;

-     баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти чӯбии ҷангал;

-     баланд бардоштани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои умумиҷаҳонӣ оид ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он.

19.   Нишондиҳандаҳо барои ноилшавӣ ба мақсадҳои зикршуда инҳоянд:

-     расонидани парвариши ниҳолҳои павловния то ба 100 ҳазор бех дар як сол;

-     бунёди плантатсияҳои саноатии павловния дар майдони зиёда аз 200 гектар дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ва дигар заминистифодабарандагон;

-     зиёд намудани даромаднокии хоҷагиҳои ҷангал аз ҳисоби таъмини аҳолӣ бо ниҳолҳо ва чӯби корӣ;

-     ҷалби аҳолии маҳаллӣ ва бахши хусусӣ ба пешбурди фаъолияти хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангал дар бунёди плантатсияҳо аз павловния ва дар ин замина таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии маҳаллӣ;

-     амалӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба омӯзиши павловния.

20.    Ташкили корҳо оид ба парвариши ниҳолҳои павловния дар ниҳолхонаҳои ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангал бо мақсади зиёд намудани миқдори ниҳолҳо зарур ва саривақтӣ буда, ҷиҳати бо ниҳолҳои худӣ ва бо нархҳои дастрас таъмин кардани корҳои бунёди плантатсияҳо, кабудизоркунии шафати шоҳроҳҳо ва боғу гулгаштҳо, инчунин фурӯши онҳо ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

21.    Дар доираи Барнома аз ҷониби ташкилотҳои илмӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал" амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши хусусиятҳои павловния, парвариш ва зиёд намудани миқдори ниҳолҳои он пешбинӣ гардида, инчунин тавсияҳои илман асоснок пешниҳод карда мешаванд.

4.    МОНИТОРИНГ ВА АРЗЕБИИ ИҶРОИ БАРНОМА

22.    Мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.

23.    Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба гузарондани мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносонро ҷалб намояд.

5.    МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

24.    Барнома дар доираи маблағҳои буҷети давлатии барои соҳаи хоҷагии ҷангал пешбинигардида, маблағҳои махсуси Агентии хоҷагии ҷангал ва ташкилотҳои низоми он, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

25.    Талаботи умумии маблағгузории Барнома 29 миллиону 833 ҳазор, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ 5 миллиону 816 ҳазор сомонӣ буда, маблағҳои махсуси Агентии хоҷагии ҷангал ва ташкилотҳои низоми он 6 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби шарикони рушд 18 миллиону 017 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, № 245

Нақшаи амали солҳои 2024-2026-и Барномаи рушди парвариши павловния дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

Ниг. ба замима



Все документы


Ахборҳо

Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

      

          Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
    барои ишғоли мансабҳои холии...

17.06.2025

Иштирок дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус

9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Конфронси Созмони Милали...

11.06.2025

3

Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе

3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳилаи дуюми корҳои...

04.06.2025

5

Ҳаммаи ахборҳо
00:00