Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таърих

Маълумот

оиди соҳаи ҷангали Чумҳурии Тоҷикистон

2014 сол

Соҳаи ҷангалпарварии Чумҳурии Точикистон вобаста ба ҳар як давраи таърихи фаъолияташ хусусиятҳои ба худ хос дорад. Таърихи ҷангали Тоҷикистон аз давраҳои ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Руссия оғоз мегардад. Аввалин хоҷагиҳои ҷангал дар шимоли Тоҷикистон ҳанўз охирҳои асри Х1Х ташкил шудаанд, омузиши ҷангалзорҳои ҷумҳурӣ дар ҳамин давра аз тарафи олимони барҷастаи рус А.П.Федченко ва М.Г.Попов сарчашма гирифта аст.

Хоҷагиҳои ҷангал дар Тоҷикистон мақоми давлатиро солҳои 1930-юм пайдо кардаанд. Аввалин хоҷагиҳои ҷангалпарварииТоҷикистон ин хоҷагиҳои ҷангали Долиёни Боло, Қурғонтеппа, Сарихосор ва Шаҳристон буданд. Масоҳати онвақтаи заминҳои хоҷагиҳои ҷангали Тоҷикистон маълум нест, аммо аниқаш он аст, ки дар ҳамон давра 23 %-и қаламрави ҷумҳурӣ зери ҷангал қарор дошт.

То соли 1946 мақомоти хоҷаги ҷангал ҳамчун Сарраёсат дар ҳайати Вазорати хоҷагии қишлоқи ЧШС Тоҷикистон ва соли 1947 ҳамчун Вазорати хоҷагии ҷангали ЧШС Тоҷикистон фаъолият карда аст. Масоҳати умумии Фонди давлатии заминҳои ҷангал дар ин давра аллакай ба 2 млн. га расида буд. Дар ин давра аҳамияти экологии ҷангалзорҳо он қадар ба назар гирифта намешуд. Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 1953 Вазорати хоҷагии ҷангали ЧШС Тоҷикистон боз ба Сарраёсати хоҷагии ҷангал дар назди Вазорати хоҷагии қишлоқи ЧШС Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар ин давра маҳсули кори зиёди кормандони соҳаи ҷангалпарварӣ дар самти боғу токпарварӣ коҳиш ёфт. Қисми зиёди боғу токзорҳои бунёднамудаи ҷангалпарварон ба колхозу совхозҳо вобаста карда шуданд. Ташвишовар он буд, ки қисми зиёди заминҳои фонди давлатии ҷангал барои истифодаи дарозмуддат ҳамчун чарогоҳ ба сохторҳои кишоварзӣ вобаста карда шуданд, ки ба пешрафти соҳа дар самти бунёду барқарорсозии ҷангалзорҳо монеъ мешуд ва то имрўз давом дорад.

Дар солҳои 60-ум аҳамияти ҷангал дар беҳдошти вазъи экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ҳис карда шуд ва ҳамин зарурат буд, ки боз соли 1966 дар назди Ш¢рои Вазирони ЧШС Тоҷикистон Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали ЧШС Тоҷикистон ташкил дода шуд. Дар ҳайати Кумитаи давлатӣ хоҷагиҳои зерин дохил шуда буданд: Помир, Ленинобод, Қурғонтеппа, К¢лоб, Айнӣ, Ашт, Панҷакент, Шаҳристон, Данғара, Даштиҷум, Москва, Орҷеникидзеобод, Шаҳринав, Чиргатол, Сарихосор, Ховалинг ва мамнуъгоҳҳои «Бешаи Палангон», «Ромит».

Бо ташкил шудани Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал аввалин маротиба ҳуҷатҳои сохтори ҷангал (лесоустройство) гузаронида шуд, ки нақшаи дарозмуддати бунёду истифодаи ҷангалро дар ҳудуди кишвар муайян мекард. Дар ин давра стансияҳои механиконидашудаи мелиоративии ҷангал ташкил ёфтанд.

Барои бо мутахасисон таъмин намудани хоҷагиҳои ҷангал соли 1964 дар назди техникуми Политехникии шаҳри Душанбе факултаи хоҷагии ҷангал ташкил карда шуд.

Корҳои илмӣ дар асоси барномаҳои махсус иҷро мегардид. Барои рушди соҳа дастовардҳои илмии олимони соҳаи ҷангалпарварӣ Т. Холдоров, Г. Сапожников, Ю. Малатковский, У. Чернова, Запрягаева В.И, Овчинников.Н, Маҳмудов. И ва И. Канунов хело калон аст.

Аз солҳои 1972 сар карда, 14 парваришгоҳҳои табиӣ оиди омузиши олами набототу ҳайвонот бо қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд, ки то имр¢з фаъолият доранд.

Соли 1973 барои тараққӣ додани соҳаи оҳупарварӣ аз Федератсияи Руссия ба Тоҷикистон 45 сар оҳуи холдор оварда шуд, ки то ҳол дар хочагии чангали Қаратоғ ба миқдори 200 сар парвариш меёбанд.

Соли 1980-ум барои тараққӣ додани соҳа, зарурати дар назди хоҷагиҳои ҷангал ташкил намудани хоҷагиҳои ёрирасон аз қабили чорвопарварӣ, занб¢ри асалпарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, коркарди маҳсулоти худр¢и ҷангал ба миён омад. Бинобар он дар соҳа фермаҳои асппарварӣ, занбурпарварӣ, харг¢шпарварӣ, чорвопарварӣ, сехи коркарди ч¢бу тахта, заводи коркарди меваҳои худр¢и ҷангал таъсис ёфтанд.

Дар солҳои 1980-ум дар ҳайати Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал 22 - хоҷагии ҷангал, 3 – мамнуъгоҳ, 2 – сарраёсат, 1 – Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилоятӣ фаъолият доштанд. Дар ин давра 3 минтақаи ҷангалпарварии таҷрибавӣ оид ба омузиши писта дар хоҷагии ҷангали Данғара, оид ба омузиши чормағз дар хоҷагии ҷангали Орҷеникидзеобод ва Варзоб, оид ба омузиши арча дар хоҷагии ҷангали Шаҳристон ташкил карда шуданд.

       Соҳаи шикор аз солҳои 1960-ум то ин ҷониб таҳти роҳбарии мақомоти хоҷагии ҷангал қарор дорад ва пешбурди фаолияти шикор дар асоси низомнома дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикорӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 324 аз 16 июли соли 1997 тасдиқ гардидааст баҷо оварда мешавад.  

Барои ташкили шикор ва тайёр намудани маҳсулоти шикорӣ якчанд хоҷагиҳои ҷангалу шикор таъсис дода шуданд. Инҳо хоҷагиҳои давлатии ҷангалу шикори Қаратоғ, Кофарниҳон, Шаҳристон, Тавилдара, Чиргатол ва Ғарм буданд. Хоҷагиҳои номбурда ба шикори хориҷӣ машғ¢л шуда, аз ин кор даромади хело калон ба даст меоварданд.

Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали ЧШС Тоҷикистон то моҳи феврали соли 1989 – ум фаъолият кард. Моҳи июли соли 1990 аввалин Анҷумани ҷангалпарварони ЧШС Тоҷикстон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он 152 нафар намояндагони хоҷагиҳои ҷангал иштирок намуданд.

Бо мустақил гардидани ҷумҳуриамон гарчанде, ки соҳа ба як қатор мушкилиҳо ру ба ру гашт, кормандони соҳаи ҷангалпарварӣ фаъолияти худро қатъ накарда, меҳнати софдилона карданд. Дар ин давра як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, аз қабили Кодекси ҷангали ЧумҳурииТоҷикистон (соли 1993), қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон оиди ҷаримагузорӣ дар бораи харобакориҳои ҷангал (соли 1996), Низомномаи шикор (соли 1997), Низомномаи Умури давлатии ҳифзи ҷангал (соли 1999) ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа қабул гардиданд. Дар баробари ин соли 1998 – ум бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикстон дар ҳайати Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Чумҳурии Точикстон Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷустуҷуии ҷангали Чумҳурии Тоҷикстон ташкил карда шуд.

Соли 1998 дар назди факултаи боғдории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ш¢ъбаи хоҷагии ҷангал ташкил карда шуд, ки ҳар сол то 25 мутахсис тайёр мекунад.

Барои пешрафти соҳа солҳои 1997-1998 ҳафт хоҷагии ҷангали нав ташкил карда шуд, ки инҳо хоҷагиҳои ҷангали Куҳистони Масчоҳ, Уротеппа, Норак, Роғун, Даштиҷум, Сарихосор ва Балҷувон мебошанд.

Соли 2000-ум дар ҳайати Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Чумҳурии Тоҷикстон чорумин мамнуъгоҳи давлатӣ, мамнуъгоҳи «Зоркул» дар базаи парваришгоҳи «Зоркул» таъсис дода шуд.

Дар марҳилаи нави тарақиёти иқтисодии ҷумҳурӣ дар раванди таҳлили идоракунии давлатӣҲукумати Чумҳурии Тоҷикистон бо қарори № 68 аз 17- февралисоли 2004 Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Чумҳурии Тоҷикистонро барҳам дода, дар заминаи он мувофиқи қарори худ таҳти № 70 аз 1-марти соли 2004 дар ҳайати Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Чумҳурии Тоҷикстон Муассисаи давлатии «Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор» - ро таъсис дод.

Баҳри беҳдошти ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаи ҷангалпарварӣ, таъсис додани плантасияҳои дарахтони зудамалкунанда, ба танзим даровардани заминҳои фонди давлатии ҷангал ва афзунгардонии маҳсулотҳои худрўи ҷангал, бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон № 396 аз 31-октябри соли 2005 Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 қабул гардид, ки сиёсати ҷангали ҷумҳуриро барои 10 соли оянда муайян сохт.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикстон № 248 аз 2 маи соли 2007 мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Чумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон » ва ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 591 «Дар бораи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Чумҳурии Тоҷикистон» Муассисаи давлатии «Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор» ба Агентии хоҷагии ҷангал ва шикори Вазорати кишоварзи ва ҳифзи табиати Чумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар ин давра кормандони соҳа фаъолияти худро дар самти ҳифзу муҳофизати ҷангалзорҳо, бунёду барқарорсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои он, дучанд зиёд намуданд. Дар мавзеъи Сайёди ноҳияи Данғара корҳо барои ташкили ҷангалзори намунави оғоз гардид.

Дар асоси фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон № 428 аз 27-феврали соли 2008 «Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Чумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикстон № 188 аз 24 апрели соли 2008 «Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Чумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангал ва шикори Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Чумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар мавзеъи Сайёди ноҳияи Данғара дар майдони 818га ҷангалзори намунави бунёд карда шуд.

Бо Карори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 4-августи соли 2012 рақами 402 мақоми ваколатдори давлати дар соҳаи ҷангал ва бо қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 4-августи соли 2012 рақами 403 мақоми ваколатдори давлати дар соҳаи Худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Кумитаи Хифзи Муҳити Зисти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон муаян карда шуд

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикстон» ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон №12 аз 19 ноябри соли 2013 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Чумҳурии Тоҷикстон» Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон , Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шуд

Пешрафту тарақиёти соҳа аз роҳбарияту мутахассисони он вобастагии калон дорад. Ному насаби роҳбарону мутахассисони соҳаи ҷангалро, ки дар пешрафти соҳа саҳми босазои худро гузоштаанд, ба хотир овардан ба маврид аст. Соҳаи ҷангалпарварии ҷумҳуриро инҳо роҳбарӣ кардаанд:

- Шогадоев М. то соли 1946;

- Қурбонов Ҳалим солҳои 1947-1953;

- Комилов Одилҷон солҳои 1954-1963;

- Мусоев Ғаниҷон солҳои 1964-1973;

- Захватов Василий солҳои 1973-1982;

- Хисомуддинов Аҳмадҷон солҳои 1983-1985;

- Тюраев Алексей солҳои 1985-1991;

- Аслонов Қадриддин солҳои 1991-1992;

- Мухамедов Сироҷиддин солҳои 1993-1994;

- Афзалов Ғайбулло солҳои 1995-2000;

- Абдуқодиров Комил солҳои 2000-2004;

- Муқимов Наимҷон солҳои 2004-2007;

- Зикиров Хурсандқул солҳои 2007-2008

- Давлатов Хурсанд солҳои 2008-2009.

-Сафаров Холмумин солҳои2009-2012

-Саидов Мадиброн соли 2012

-Исматов Азизулло соли 2012 то имруз

 

        Саҳми сарҷангалпарварони соҳа низ дар пешрафти соҳа назаррас аст. Аввалин сарҷангалпарварони соҳаи ҷангапарварӣ инҳо буданд: Давлатов Д, Оқилов О, Савилов Г, Ритиков А, Боришпол И, Выхрестюк С.П, Муқимов Н.                       

          Солҳои 1994 - 2011 вазифаи сарҷангалпарвар ва муовинии соҳаи ҷангалпарварии ҷумҳуриро шахси кордону ботаҷриба, хатмкунандаи Мактаби партиявии шаҳри Тошканд – Ҳусейнов Н. В иҷро намуда аст. Солҳои 2011-2014 вазифаи сарҷангалпарвар ва муовинии соҳаро хатмкунандаи донишгоҳи техникии ҷангали ш. Лвови Чумҳурии Украина – Саидов. М иҷро намудааст.

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон ҳамчун мақомоти амаликунандаи сиёсати давлатии чангалпарвари фаъолият дорад. Дар сохтори Агенти 42 хоҷагиҳои ҷангал, 5 хоҷагии ниҳолпарварӣ ва 13 парваришгоҳҳои табии давлати фаъолият мекунанд. Шумораи умумии кормандони соҳа 4360 нафарро ташкил медиҳад, ки 800 нафари онҳо шомили Умури давлатии ҳифзи чангал мебошанд. Дар ичрои вазифаҳои ба ¢ҳдадоштааш Муассиса қонунҳои амалкунандаи чумҳури ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Чумҳурии Точикистонро ба роҳбари гирифта, нақшаҳои истеҳсолиашро муайян ва амали месозад.

Дар марҳилаи кунуни нақшаҳои истеҳсолии Муассиса ва хочагиҳои тобеъи он дар асоси маводҳои давлати; Барномаи рушди хочагии чангали Чумҳурии Точикистон барои солҳои 2006-2015, ки бо қарори Ҳукумати Чумҳурии Точикстон №396 аз 31 октябри соли 2005 тасдиқ гардида аст, Барномаи давлати оид ба парвариш, чамъовари, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани дорувори аз онҳо, инчунин дастуру супоришҳои Ҳукумати Чумҳурии Точикистон таҳия карда мешаванд. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Барномаҳои мазкур Кодекси чангали Ҷумҳурии Точикстон аз нав таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон № 761 аз 2.08.2011 сол тасдиқ гардид. Бунёд ва барқарорсозии чангалзорҳо аз тарафи хочагиҳои чангал соле то 2000 га ба чо оварда мешаванд. Солҳои 2009-2010 дар майдони 600 га плантацияи писта, 350 га плантацияи чормағз ва 190 га плантацияи хуч бунёд карда шуд. Парвариши ниҳоли дарахту буттаҳои мевадиҳанда ва чангали зиёда аз 3 млн. бех дар як сол расонида шуд.

Муассиса давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор ва хоҷагиҳои тобеъи он давоми 11 моҳи соли 2011-ўм дар фаъолияташон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳову супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистонро ба роҳбарӣ гирифта, дар идоракунии соҳаи ҷанглпарварӣ ва иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ корҳои муайянеро ба ҷо оварданд.

Дар доираи нақша –чорабиниҳои «Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» дар майдони 2078 га корҳои бунёду барқарорсозии ҷангалзорҳо ба анҷом расонида шуд. ки 100,5 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Аз ин 784.3 га бо усули кишти тухми дарахтон ва 1293.7 га бо тарзи шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳои гуногун мебошад. Майдонҳои мазкурро 331 га пистазорҳо , 565 га чормағзорҳо, 46.7га хучзор, 24.6 га сузанбарг, 66.4 га дарахтони сояафкан, 165.7 га бодомзорҳо, 158 га богзор ва гайра ташкил медиҳанд.

Инчунин баҳори соли 2011 аз тарафи хоҷагиҳои ҷангал дар мавзеъи Сайёди ноҳияи Данғара ба миқдори 2230 бех ниҳолҳои дарахтону буттаҳо иловагӣ шинонида шуда, дар шафати шоҳроҳҳои байналмиллалии Душанбе-Чанок, Душанбе – Панҷи-Поён, Душанбе – Ош ва Душанбе – Панҷакент ба миқдори 23. 9 ҳаз. бех ниҳолҳои дарахтони гуногун шинонида шуданд.

Дар майдони 8 ҳаз.га корҳои нигоҳубини ҷангалзорҳо ба ҷо оварда шуданд.

Талаботи сол аз сол афзудаистодаи хоҷагиҳои ҷангал ва дигар ташкилоту корхонаҳоро ба ниҳолҳои дарахтону буттаҳои гуногун ба назар гирифта, Муассиса ба масъалаи зиёди намудани намуд ва миқдори ниҳолҳои хушсифат ахамияти ҷидди медиҳад. Чамъ дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди хоҷагиҳои ҷангал баҳори соли 2011-ўм ба миқдори 5 тонна тухмиҳои дарахтони гуногун кишт карда шуданд. Ҷамъ ба миқдори 431,3 ҳазор бех қаламчаҳо ва кучати дарахтони ангур, анор, санҷит, хуч, ангат, сафедор, гули садбарг, сосна, туя, можжевельник, кипарис ва ғайраҳо парванда карда шуд.

Дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди хоҷагиҳои ҷангал соли 2011-ўм 3.5млн. бех ниҳолҳои 35 намуди дарахтону буттаҳо парвариш када шуд, ки аз ин миқдор 1.3 млн. бехаш ба шинондан тайёр аст.

Кормандони Умури давлатии ҳифз ва муҳофизати ҷангал дар асоси нақша-чорабиниҳои тартибдодаашон амал намуда, оиди қонунвайронкуниҳои ҷангал 1226санад ба маблағи зарари 292 385 сомонӣ тартиб доданд, ки маблағи зарари расонидашуда ба миқдори 218420 сомонӣ (74.7 %) барқарор карда шуда аст.

Нақшаҳои сохтани хатҳои зидди сухтор 21.5 км, нигоҳубин ва таъмири хатҳои муҳофизатии зидди сухтор 535 км, таъмири роҳҳои дохили ҷангал 470 км, мубориза ба муқобили ҳашаротҳои зарарасон дар майдони 9008 га иҷро шудаанд.

Даромаднокӣ аз ҷангал (истифодаи чарогоҳо ва дигар захираҳои табии ҷангал) 2113.7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 1322.9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ба ҳолати 10.11.2011 сол саршумори ХКШ ба 596 сар, ХМШ 9343 сар, асп 645 сар, оҳу 200 сар расонида шудааст, ки мутаносибан нисбати соли 2010 ХМШ 110 сар, асп 3 сар, оҳу 4 сар зиёд мебошад.

Дар доираи иҷрои Барномаи давлатии барқарорсози ва рушди минбаъдаи занбури асалпарвари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 миқдори оилаҳои занбури асал дар хоҷагиҳои тобеъи Муассиса дар соли 2011 ба 2773 оила расонида шуд, ки нисбати соли 2010 –ўм 287 оила зиёд мебошад.

Нишондодҳои ҷамъоварию истеҳсоли маҳсулотҳои худруи ҷангал ва кишоварзӣ дар соли 2011 –ўм чунинанд: ғаладонагиҳо – 228 тн, сабзавоту полезиҳо –48.6 тн, картошка – 45.5 тн, чукури – 123 тн, меваи хушк -95.8 тн, чормағз - 38 тн, бодоми ширин – 1,9 тн, хуч - 7 тн, асал – 2,9 тн ва хошок 833 тн.

Дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳои Барномаи давлатии оид ба парвариш, чамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани дорувори аз онҳо барои солҳои 2005-2014, хоҷагиҳои ҷангал дар мавсим дар майдони 875 га кишти тухми камоли бадбуй, 137 га пиёзи анзур, 2 га эфедра ва 75 га кишти тухмии чукриро гузаронида, ба миқдори 14 тн гиёҳои шифобахш ҷамъовари намуданд, ки аз он испанд –3.4 тн, чойкаҳак - 4.2 тн, газанда – .5 тн, татум – 0,2 тн, кокути – 2,5 тн, пудина – 2,5 тн ва 0.4 тн дигар намудҳо мебошанд.

Соли 2011- ум ҳаҷми фуруши маҳсулот 2300 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2010 –ўм 772 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Муассиса бо ташкилотҳои ғайридавлатии Агентии ёрии техникии Олмон (GTZ), Офиси байналхалқии ҳамкории Чопон дар Точикистон (JACA) Барномаи озуқаи чаҳони (WFP), Барномаи озуқаи кишоварзи (ФАО) ва ташкилотҳои ғайридавлати дар ҳамкори қарор дошта, барои рушди устувори минбаъдаи соҳа тамоми чораҳоро андешида истода аст.

 

 

 

 

 

 


27.11.2024 13:05

Ахборҳо

Баргузории ҷаласа дар самти муқовимат бо коррупсия ва сабабу омилҳои рух додани он

Санаи 20 декабри соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар самти муқовимат бо коррупсия, бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқ...

23.12.2024

3

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.    Сардори шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
•    3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
•    Маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ,...

05.12.2024

1

Баргузории семинар – машварати дар мавзуи “Баланд бардоштани маҳсулнокии пистазорҳо тавассути агротехникаи инноватсионӣ ва пайвандгузаронӣ дар Тоҷикистон”

Санаи 21-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) дар қитъаи коллексионии пистазор дар мавзеи Аждарбулоқи н...

22.10.2024

11

Ҳаммаи ахборҳо
00:00