АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бозрасӣ
Дар бораи Бозрасӣ
Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор фаъолиятро дар асоси Низомнома, ки бо фармоиши Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №10 аз 25 январи соли 2016 тасдиқ гардидааст ба роҳ монда, назорати давлатиро дар соҳаи захираҳои ҷангал ва шикор дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.
Сохтори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор аз роҳбарият, шуъбаи нозирон, бахши муҳосибот ва бахши умумӣ иборат мебошад.
Бозрасиро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад. Сардори Бозрасӣ дар як навбат аз рӯи вазифа Сарнозири давлатӣ оид ба назорати захираҳои ҷангал ва шикор мебошад. Сардори Бозрасӣ 1 муовин дорад, ки бо пешниҳоди вай аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
Роҳбарият
Сардор
Муовини сардор
Амиров Ҳотам Рустамович – Сардори Бозрасӣ, 24 октябри соли 1983 дар деҳаи Ғарғара, ҷамоати Корез, ноҳияи Данғара вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси иқтисодиёти истеҳсолоти аграрӣ, аграном хатм намудааст.
Солҳои 2008-2009 Иқтисодчии шуъбаи “Баҳои замин”-и Пажуҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзамин”, шаҳри Душанбе, Соли 2009 (05-10)-Коромӯзи идораи қарздиҳии соҳибкории хурди ҶСП “Тоҷпромбонк” шаҳри Душанбе, Солњои 2009-2010-Иқтисодчии шуъбаи “Баҳои замин”- и “Тоҷикзаминсоз”шаҳри Душанбе, Солҳои 2010-2015 Хазинадори филиали ҶСК “Агроинвенстбонк” Исмоили Сомонӣ, шаҳри Душанбе, Солҳои 2015-2020 Раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Турсунзода, Солҳои 2020-2021 Раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рӯдакӣ, Солҳои 2021-2022 Раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Турсунзода, Солҳои 2022 -2023 Директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳринав ва аз январи соли 2023 то ҳоло-Сардори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оиладор соҳиби 3 фарзанд. Аъзои Ҳизби халқии демократии тоҷикистон мебошад.
Ҳамидов Хуршед Зоҳидович– муовини сардори Бозрасӣ 9 ноябри соли 1972 дар деҳаи Дурманбулоқи ноҳияи Ленин (ҳозира Варзоб) дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1990 баъди хатми мактаби миёнаи деҳа ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси иқтисодчӣ, назорат ва таҳлил соли 1995 онро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ҳисобчӣ дар совхози ба номи Куйбишеви ноҳия оғоз намуда, солҳои 1993-2011 дар Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои муҳосиб, муовини сардор ва солҳои 2011-2016 ба ҳайси директори МД хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2016 то инҷониб муовини сардори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Аз соли 2011 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Мирзозода Нурмуҳаммади Қурбон– сардори шуъбаи нозирони Бозрасӣ, 12 январи соли 1991 дар ҷамоати Боғон, деҳаи Лангари ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи соли 2009-2017 Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ихтисоси химия ва биология хатм намудааст.
Солҳои 2015-2016 Ба вазифаи муовини муовини директори МД хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон оиди хоҷагии ёрирасон, солҳои 2016-2022 нозири Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор ва аз феврали соли 2023 сардори шуъбаи нозирони Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор мебошад.
Оиладор соҳиби 2 фарзанд мебошад.
Расмҳо ҳангоми муайян намудани қонунвайронкуни дар ҷангал
Ҳуҷҷатҳо
Ахборҳо
Санаи 20 декабри соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар самти муқовимат бо коррупсия, бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқ...
23.12.2024
3
1. Сардори шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
• 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
• Маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ,...
05.12.2024
1
Санаи 21-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) дар қитъаи коллексионии пистазор дар мавзеи Аждарбулоқи н...
22.10.2024
11