АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Иттилоот
Иштирок дар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ дар Қатар ва мулоқот бо Амири Қатар
17.02.2024
http://www.president.tj/node/32712
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, ки бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ сафари корӣ анҷом медиҳанд, барои тамошои мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба майдони васеи хоси ин бозиҳо ташриф оварданд.
Дар макони баргузории ин мусобиқаи бошукӯҳ, ки барои Ҷоизаи Амири Давлати Қатар баргузор мегардад, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба толори мулоқот даъват намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Амири Давлати Қатарро бо баргузории бомуваффақияти мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ шодбош гуфта, барои даъват ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро, ҳамчунин, бо пирӯзии дастаи миллии кишвараш дар чемпионати Осиё доир ба футбол табрику таҳният гуфта, барои пазироии шоиста аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо изҳори қадрдонӣ намуданд.
Амири Давлати Қатар дар навбати худ ба ҳаштгонаи дастаҳои беҳтарини футболи Осиё ворид шудани дастаи Тоҷикистонро дастоварди пуршараф номида, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин натиҷаи баланд шодбош гуфтанд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо зарурати тақвияти робитаҳои ду кишварро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карданд.
Пешвои миллат ба алоқамандии ҷониби мо ба ҷалби сармояи қатарӣ ба соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъданҳо ва кишоварзӣ бахусус ишора намуданд.
Дар ин зимн атрофи мувофиқаҳое, ки чанде пеш дар рафти сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Давлати Қатар ба даст омада буданд ва ҷараёни татбиқи онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо аз оғози фаъолияти амалии гурӯҳҳои муштараки корӣ ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда истиқбол намуданд.
Сарони ду давлати дӯст ҳамчунин доир ба як қатор мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули андеша карданд.
Пас аз мулоқот Амири давлати Қатар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тамошои якҷояи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба тамошогоҳи майдони васеи хоси ин бозиҳо даъват намуданд.
Суҳбати самимии сарони ду давлат ҳангоми тамошои пойгаҳи аспдавонӣ идома ёфт.
Тавре зикр гардид, ин намуди варзиш дар миёни мардумони араб, аз ҷумла қатариён, шуҳрати беандоза зиёд дорад ва дар он варзишгарони моҳиру номдор аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон иштирок намуда, ғолибон соҳиби ҷоизаҳои калон мегарданд.
22.02.2024
6
Иҷрои корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор
22.02.2024
6
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор
22.02.2024
7
Дар парваришгоҳи Дараи Сабзи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон баҳри бо хӯрока таъмин намудани ҳайвоноту паррандагони кӯҳӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
22.02.2024
4
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Х. Сармусоқови ноҳияи Ашт
22.02.2024
1
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт
21.02.2024
6
Санаи 1-уми феврал дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони Васоити ахбори омма (ВАО) доир гардид.
Дар нишасти матбуотии Агентӣ маълумоти мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли ҷадид манзур карда шуд.
Тибқи рӯзнома директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ нишасти матбуотиро ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти Агентӣ дар соли 2023 суханронӣ намуданд. Сипас, аз ҷониби рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои мухталиф вобаста ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва таъсири раванди тағйирёбии иқлим, барномаи давлатии рушди парвариши павловния, кабудизоркунии шафати роҳҳои байналмилалӣ саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони соҳа посухҳои мукаммал дода шуданд.
02.02.2024
4
Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон ва намояндагони Васоити ахбори омма
Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва баҳри таъмини иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2023, №26/10-491 оид ба Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2023, санаи 1-уми феврали соли 2024 соати 1400 нишасти матбуотӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» дар маҷлисгоҳи Агентӣ баргузор мегардад. Аз намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Нишасти матбуотӣ
31.01.2024
Санаи 28-уми январи соли ҷорӣ дар боғи "Абулқосим Фирдавсӣ"-и шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои аҷдодии халқи тоҷик "Иди Сада"...
29.01.2024
12
Ҳуҷҷатҳо
Ахборҳо
Санаи 20 декабри соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар самти муқовимат бо коррупсия, бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқ...
23.12.2024
3
1. Сардори шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
• 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
• Маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ,...
05.12.2024
1
Санаи 21-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) дар қитъаи коллексионии пистазор дар мавзеи Аждарбулоқи н...
22.10.2024
11