АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Иттилоот
Айни замон тибқи фармоиши Агентӣ аз 22.08.2022, № 92 “Дар бораи гузаронидани баҳисобгирии тирамоҳии сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда ва тухмиҳои кишткардашуда” дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чорабинии баҳисобгирии сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда ва тухмиҳои кишткардашуда дар мавзеъҳои бунёду барқароркунии ҷангал, талу теппаҳои шафати шоҳроҳҳои автомобилгард ва ниҳолҳои мавҷуда дар корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал бо маром идома дорад.
10.10.2022
6
Дар асоси фармоиши Агентӣ аз 6 сентябри соли 2022, таҳти № 98 “Дар бораи Барнома ва нақшаи гузаронидани машғулиятҳои омўзишӣ барои кормандони муҳандиси-техникӣ ва коргузорони ташкилоту муассисаҳои системаи хоҷагии ҷангал” аз 13 сентябр то 4 октябри соли ҷорӣ 10 машғулияти омўзишӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, зиёда аз 175 нафар кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал аз тамоми ташкилоту муассисаи системаи Агентӣ ба омўзиш фаро гирифта шуданд, ки он барои фаъолияти самараноки минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад намуд.
Аз ҷумла, бо фармоишҳои Агентӣ аз 12 сентябри соли 2022, № 96 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Данғара, Ванҷ ва минтақаи Кулоб, аз 19 сентябри соли 2022, № 99 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияи Айнӣ ва вилояти Суғд, аз 23 сентябри соли 2022, № 102 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳритус, шаҳри Ваҳдат ва Рашт шахсони масъули дастгоҳи марказии Агентӣ сафарбар гардиданд. Инчунин, машғулияти ҷамъбастии он санаи 4 октябри соли љорӣ дар бинои Агентӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агенти, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Шаҳринав, “ Қаратоғ”- шаҳри Турсунзода ва минтақаи ҷангалпарварии “ Эсанбой”- и ноҳияи Рудакӣ баргузор карда шуд.
Боиси тазаккур аст, ки машғулиятҳои омўзишии гузаронидашуда ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2022, №28/10-348(6) оид ба гузаронидани семинару тренингҳо бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал амалӣ карда шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ таклифу пешниҳодҳо барои самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор, ворид намудани тағийроту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, манфиатнок будани машғулиятҳои омўзишӣ ва минбаъд низ мунтазам гузаронидани онҳо манзур карда шуд.
Қайд бояд кард, ки машғулиятҳои омӯзишии мазкур бо дастгирии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар доираи лоиҳаи Барномаи минтақавӣ “Истифодаи ҳамгироёнаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардидааст.
10.10.2022
8
Санаи 26-27 июли соли ҷорӣ бо иқдоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар доираи Барномаи минтақавии “Истифодаи ҳамгироёнаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Идоракунии устувори ҷангалҳои пистазор ва усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангал ва мутахассисони муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентӣ, намояндагони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, инчунин намояндагони ташкилоти GIZ иштирок намуданд.
Дар рӯзи аввали семинар ҷанбаҳои назариявӣ ва консептуалии идоракунии ҷангалҳои пистазор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Иштироккунандагон бо пешбурди корҳои хоҷагии ҷангал дар самти технологияи нави парвариши ниҳолҳои писта, бунёд ва барқароркунии пистазорҳо, технологияи ташкили плантатсияҳои замонавӣ, усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва асосҳои идоракунии устувори пистазорҳо шинос шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар рӯзи 2-юми семинари омӯзишӣ иштирокчиён ба хоҷагии ҷангали Хуросон сафар карда, оид ба ташкили корҳои ҳифзу нигоҳдорӣ, бунёду барқароркунии пистазор дар минтақаҳои хушкӣ шинос шуда, корҳои амалӣ оид ба усулҳои пайванди дарахтони синну солашон гуногун, аз ҷумла навниҳолҳо бо истифода аз технологияи муосир гузарониданд.
Донишу таҷрибаи аз натиҷаи семинари омузишӣ гирифтаи кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал барои минбаъд истифода намудани усулҳои нав дар пешбурди корҳои хоҷагии ҷангал дар самти парвариши писта, таъмин намудани идоракунии устувори пистазорҳо ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо мусоидат менамояд.
29.07.2022
4
Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2022, №26/10-272 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 санаи 27 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Агентии хоҷагии ҷангал Юсуфзода А.Ғ., муовинони директор, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони ВАО, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Илм ва табиат”, “Ҷаҳоннамо”, инчунин радиои “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе” ва “Фарҳанг”, АМИТ “Ховар” ва рӯзномаҳои мухталифи ҷумҳурӣ, аз ҷумла рӯзномаи “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва ҳафтаномаҳо иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотии Агентӣ масъалаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ибтидо аз рӯи рӯзнома директори Агентӣ Юсуфзода А.Ғ. оид ба фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 суханронӣ намуд. Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои мухталифи ба соҳаи ҷангал ва шикор алоқаманд саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони масъули Агентӣ посухҳои қаноатбахш дода шуданд.
28.07.2022
1
24-уми июни соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал Шарифзода Давлаталӣ Ҷумъа ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуд.
Сипас, корманди дастгоҳи марказии Агентӣ номзади илмҳои филологӣ Маҷид Салим бахшида ба ҷашни пуршукӯҳ- Ваҳдати миллӣ маърӯзаи худро ироа намуд. Маҷид Салим дар суханронии худ иброз намуд, ки маҳз бо саъю кӯшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, 27 июни соли 1997 рӯзи муқаддас барои тоҷикони ҷаҳон аст.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Созишномаи мазкур миллати тоҷикро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун кашида, сарзамини Тоҷикистонро аз парокандагӣ наҷот дод.
Боиси тазаккур аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати комил бо саъйю кӯшиш ва ҷонисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Пешвои муаззами миллат тавонист, дар ҳаллу фасли мушкилоти низоъҳои дохилӣ, бозгашти фирориён намунаи баланди ҷасорату фидокорӣ нишон диҳад.
24.06.2022
Аз 2 то 6 майи соли ҷорӣ 15-умин Конгресси ҷаҳонии ҷангал дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ ва директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал” Ҳисайнов Нуралӣ иштирок намуданд.
06.05.2022
3
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ташриф оварда, нахуст хати оби полезиро барои обёрии 200 гектар замин ба истифода супорида, ба бунёди боғи нави интенсивӣ оғоз бахшиданд.
15.04.2022
7
4 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода ҷаласаи навбатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Агентӣ дар ҳафтаи қаблӣ ва вазифагузориҳо барои ҳафтаи аз 4 то 9 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои натиҷагирии фаъолияти сохторҳои Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 бештар таваҷҷуҳ карда шуд. Ҳамзамон сардорони воҳидҳои сохторӣ дар назди муовини якуми раиси Агентӣ Н.Набизода оид ба фаъолиятҳои самти худ ба таври мушаххас ҳисобот доданд.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида супоришҳо дода шуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва нишон додани муҳлати иҷрои онҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.
13.04.2022
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2022, №172 Назарзода Неъматулло Иброҳим – муовини Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
13.04.2022
2
Ҳуҷҷатҳо
Ахборҳо
Санаи 20 декабри соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар самти муқовимат бо коррупсия, бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқ...
23.12.2024
3
1. Сардори шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
• 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
• Маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ,...
05.12.2024
1
Санаи 21-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) дар қитъаи коллексионии пистазор дар мавзеи Аждарбулоқи н...
22.10.2024
11