Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:
1. Сармутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
• 2 cол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
• Маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ - 1 ҷой.
• 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
• Маоши мансабӣ - 1286,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мутахассиси шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагири - 1 ҷой.
• Маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
4. Мутахассиси шуъбаи кадастр ва мониторинги давлатии ҷангал - 1 ҷой.
• Маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
5. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой
• Маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
• таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
• донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
• донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Точикистон, ки ухдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
• мавчудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
• кор карда тавонистан бо компютер.
Мутахассиси шуъба бояд ба талаботи махсус чавоб дихад:
• дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.
Ҳуҷҷатҳои ба ОЗМУН пешниҳодшаванда:
• аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хоҷагии ҷангал;
• варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 донаги расмҳои андозаи 3х4 ва 4х6);
• тарҷумаи ҳол;
• нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
• нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
• маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
• нусхаи шиноснома;
• маълумотнома аз маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ;
• нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 17 майи соли 2024 оғоз гардида, рӯзи охирини қабул 30 июни соли 2024 мебошад.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кўчан Бўстон -3, телефон барои тамос: 2250643, 225-08-14, 225-08-16;
Е-mail: forestry-agencytj@mail.ru; info@forest.tj; web:http://www.forest.tj