Имрӯз дар бинои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “28 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат”
ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор ва намояндагон аз муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд.
Раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Холов Комилҷон зимни баромади худ қайд намуданд, ки Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие, ки шаҳрвандон, кормандони соҳаро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайри истеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид намуда дар назди мақомоти ваколатдорӣ давлатӣ ва хоҷагидорӣ сарфи назар аз шакли моликият ва сохтори ташкилию ҳуқуқиашон созмон дода шудааст.
Мақсад аз гузаронидани ҷаласаи мазкур ба қадри имкон ҷоннок намудани масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон дар ташкилоту муассисаҳои Агентӣ мебошад. Масъалаи ҳифзи меҳнат ва ҳимояи ҳуқуқи меҳнаткашро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи меҳнат” ба танзим медарорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи меҳнат” , ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2009, №1325 қабул гардидааст. Қонуни мазкур асосан системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигенӣ, табобатию пешгирӣ намудани касалиҳо ва бехатарии техникии меҳнатро ба танзим медарорад.