Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷашн гирифтани Иди Меҳргон аз ҷониби кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 октября 2022 12:28

       

        “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.” Эмомалӣ Раҳмон

        Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
        15-уми октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Агентии хоҷагии ҷангал, дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои ва шаҳру ноҳияҳо Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаҳои кишоварзӣ ва Иди асал бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар ҷашнгоҳ  деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тару тозаи  кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро  бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат   хӯрокҳои миллӣ  омода шуда, ҳунармандони  мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.
         Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиёни фаъоли Иди Меҳргон бо сипосномаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Агентии хоҷагии ҷангал сарфароз гардонида шуданд.
 

        Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
        Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон.


Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат ...

30.06.2025

Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

      

          Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
    барои ишғоли мансабҳои холии...

17.06.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00