Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиятҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, сунату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф медиҳад.
Дар ин давра дигаргуниҳои зиёде дар кишвар рӯйи кор омаданд, ки бузуртарин муваффақиятҳоро метавон арзёбӣ кард. Албата бобати ба даст овардани ин муваффақиятҳо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бағояти бузург арзёбӣ мегардад, ки ин ҳама аз самараи неки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд. Дар ин давраи ҳисоботӣ ҳизбиёни соҳаи хоҷагии ҷангал фаъолияти худро ҳамасола дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба роҳ монда, баҳри иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои ироагардида аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд. Беш аз 33 сол аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар давлатдории миллатӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон устуворона қадам гузошта, якпорчагии сарзамин, суботу амнияти ҷомеа, зиндагии осоишштаи халқро таъмин намуда истодааст. Дар низоми давлатдории миллӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун қудрати сиёсӣ бо роҳи иштирок дар ҳаёти ҷамъият барои таҳкими давлат ва ҳаёти сиёсии ҷамъият, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ, инчунин барои рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолият намуда истодааст. Таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон масъулияти олии ватансозиро бар зимма дошта, махсусан дар рушди бемайлони соҳаи ҷангалпарварӣ, нигаҳдорӣ ва афзун намудани олами ҳавоноту набототи табиӣ як зумра корҳоро ба сомон дода истодааст. Дар ин давраи ҷашни ба ифтихори 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар саҳти баланд дар тамоми сохторҳо ва ташкилоту муассаҳои давлатии системаи Агентии хоҷагии ҷангал гузаронида шуданд. Кормандони хоҷагии ҷангали аъзои ҳизб, фаъолон пайгирона талош доштанд, ки ин ҷашни умумимилиро бо дастовардҳои назаррас ва меҳнати содиқона ба халқу Ватан истиқбол намоянд. Шанбегиҳои дасстаҷамона ва сабзкориҳои ба муносибати 32 солагии Исстиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Агентӣ ва ташкилоту муасисаҳои системаи он ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон, протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти давлатамон корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Оид ба пешбурди корҳои ободонию кабудизоркунии маҳаллаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, таллу тепаҳо ва шафати роҳҳои автомобилгард корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд. Бо ҷалби муассисаҳои хоҷагиҳои ҷангал ташкилотҳои ибтидои ҳизби “Ҷангалпарвар" дар бо мақсади бунёди ҷангал дар шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат, Душанбе- Данғара, Душанбе- Бохтар, Душанбе – Варзоб, инчунин дар мавзеҳои Боғи миллӣ, Боғи Ғалаба, ҶСК “Тоҷиксемент” ва Лучоби шаҳри Душанбе ба миқдори умумии зиёда аз 124 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда аз қабили саннавбар, туя, айланг, акатсия, қарағоч, бодоми талхдона, хуч, шулаш, олучаи кӯҳӣ, чормағз, тут, дулона ва дигар намуди ниҳолҳо шинонда шуданд.
Бахшида ба Рӯзи тасъсисёбии Қуваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани Наврӯзи байналмилали бо риояи суннатҳои неки ниёгон чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Ба истиқболи ҷашни “Рузи модар” чорабини сиёсӣ – фарҳангии таҳти унвони “Дасти дуои Модар” баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 20 нафар занон бонувони фаъоли дастгоҳи марказии Агентӣ, бонувоне, ки дар минтақаи таҷрибавии истҳсолии “Навобод” ба парвариши ниҳолону дарахтони сояафкан ороишӣ машғуланд, масъулини соҳаҳои ҷангал, даъват гардиданд. Ба ҳама бонувони итирокчиён дар ин рузи ҷашн туҳфаҳои хотиравӣ – моддӣ ва гулдастаҳо тақдим гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдори ҲХДТ, тарғиби идеология миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба аризишҳои миллӣ, таҳкими худшиносиву меҳанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ, дастгирии сиёсати давлату Ҳукумат, Презденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якпорчагии сарзамин ва тарбияи худшиносии аъзоёни ҳизб арзёбӣ мегардад. Оиди баланд бардоштани саҳти дониши сиёсӣ ва тақвият бахшидани тафакури фарҳангӣ ва маърифатии кормандони Агентӣ тибқи нақшаи машғулятҳои хониши сиёсӣ- идоравӣ сари вақт гузаронида мешаванд.
Инчунин, бо сабаби торафт мураккаб гардидани вазъи ноустувори сиёсии ҷомеаи ҷаҳон, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани маводҳои муғризона ва беасос ҳамаи ҳизбиёни пойтахтро водор месозад, ки фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшем.
Бобати ташккули мавқеи сиёсии ҲХДТ дар рушди ҷомеа вусъати ташабусҳои созанда даро ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, устувории низоми давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани пояҳои маънавию ахлоқии ҷомеа, тақвият бахшидани нерӯи инсонӣ, ҳимояи манфиатҳои давалатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ масъулияти ҳизбӣ ва асолати миллии мо кормандонисоҳаи хоҷагии ҷангал маҳсуб меёбад. Маврид ба зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари ахлоқиву манавии аъзоҳояш такя намуда, кушишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон сафарбар менамояд.