Санаи 1-уми феврал дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони Васоити ахбори омма (ВАО) доир гардид.
Дар нишасти матбуотии Агентӣ маълумоти мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли ҷадид манзур карда шуд.
Тибқи рӯзнома директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ нишасти матбуотиро ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти Агентӣ дар соли 2023 суханронӣ намуданд. Сипас, аз ҷониби рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои мухталиф вобаста ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва таъсири раванди тағйирёбии иқлим, барномаи давлатии рушди парвариши павловния, кабудизоркунии шафати роҳҳои байналмилалӣ саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони соҳа посухҳои мукаммал дода шуданд.