Санаи 30 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд хатти оби полезиро, ки барои бунёди 150 гектар боғи хуч пешбинӣ гардидааст, ба истифода доданд.
Ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард. Аз ин ру хатти оби полезӣ барои бунёди боғи мазкур аз масофаи 5,5 километр кашид шуда ба таври худҷореъ об то ба ин нуқта мерасад.
Дар ҳамин мавзеъ Пешвои муаззами миллат ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни хоҷагии ҷангал аз ҷумла намунаи гиёҳҳои шифобахши бастубандгардида, шарбату афшураҳои гуногуне, ки аз маҳсулоти табии Тоҷикистон омода гардидаанд ва нӯшобаҳои аз анору хуч омодагашта ба намоиш гузошта шуда буд. Дар намоиши мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят ба миқдори 103 тонна хуч ҷамъоварӣ намуда, барои коркард ба корхонаҳо ва дигар харидорон пешниҳод кардааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид масъулинро муваззаф намуданд, ки минбаъд барои ҷамъоварии босифати маҳсулот ва банду басти замонавии он ҳамаҷониба чораандешӣ намуда содироти маҳсулоти ниҳоии аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо тамғаҳои гуногун ба кишварҳои мухталиф афзоиш диҳанд.