Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иштирок дар 15-умин Конгресси ҷаҳонии ҷангал

06 мая 2022 07:50

Аз 2 то 6 майи соли ҷорӣ 15-умин Конгресси ҷаҳонии ҷангал дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ ва директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал” Ҳисайнов Нуралӣ иштирок намуданд.
Конгресси мазкур бузургтарин ва бонуфузтарин ҷаласаи соҳаи ҷангал дар ҷаҳон аст, ки дар шаш сол як маротиба таҳти сарпарастии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (FAO) баргузор мегардад.
Дар 15-умин Конгресси ҷаҳонии ҷангал директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор суханронӣ намуда, масъалаҳои ҷараён, пешбурд ва таҳкими ҳамкориҳо байни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея, пешгирии биёбоншавӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи ҷангалҳо, инчунин роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати рушди босамари соҳаи ҷангал дар минтақа ва ҷаҳонро зикр намуданд.
Конгресси болозикр таҳти унвони “Сохтани ояндаи сабз, солим ва устувор бо ҷангалҳо” панҷ рӯз идома ёфта, дар чаҳорчӯби он вохӯриву чорабиниҳои мухталиф баргузор гардид, ки дар онҳо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.
Аз натиҷаи кори Конгресси мазкур иштирокчиён ҷиҳати пешбурд ва рушди хоҷагии ҷангал дар Осиёи Марказӣ дар шаш соли минбаъда як қатор масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, маводҳои тавсиявӣ ва лоиҳаҳои нав дар соҳаи хоҷагии ҷангал пешниҳод гардиданд.

Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.    Сардори шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
•    3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
•    Маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ,...

05.12.2024

1

Баргузории семинар – машварати дар мавзуи “Баланд бардоштани маҳсулнокии пистазорҳо тавассути агротехникаи инноватсионӣ ва пайвандгузаронӣ дар Тоҷикистон”

Санаи 21-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) дар қитъаи коллексионии пистазор дар мавзеи Аждарбулоқи н...

22.10.2024

11

Баргузории "Ҷашни Меҳргон"

Иштироки намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили ҷашни аҷдодӣ "Иди Меҳргон" дар "Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ"- и шаҳри Душанбе...

22.10.2024

7

Ҳаммаи ахборҳо
00:00