Дар семинари мазкур ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал ва Гурӯҳи кории татбиқи “Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор гардид, кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, ва сарҷангалпарварони муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Дар семинар рӯнамоҳо ва маърӯзаҳо доир ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишт, бунёд ва идоракунии плантатсияҳои таҷрибавӣ, саҳмгузорӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори хоҷагии ҷангали Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуда, қайд гардид, ки Лоиҳаи мазкур тибқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал байни Хадамоти ҷангали Кореяи Ҷумҳурии Корея ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Мақсади лоиҳаи мазкур барқарор кардани ҷангалҳо дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсоли писта, таҳкими иқтидор дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва мусоидат ба рушди муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар мебошад.