Муҳтарам Сердар Гурбангулиевич,
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,
Пеш аз ҳама, мехоҳам шарик будани худро ба арзи сипосе, ки ба муҳтарам Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳаммедов ҷиҳати даъват ва меҳмоннавозии суннатӣ баён гардид, иброз намоям.
Ҳамоиши имрӯза идомаи силсилаи чорабиниҳое мебошад, ки ба ифтихори ҷашнвораи яке аз мутафаккирони бузурги Шарқ Махдумқулӣ Фироқӣ, аз ҷумла бо сарпарасти ЮНЕСКО дар кишварҳои гуногуни олам баргузор мегарданд.
Ин чорабиниҳо гувоҳии равшани эътирофи саҳми назарраси фарзанди фарзонаи мардуми туркман дар мероси адабии ҷаҳонӣ мебошад.
Мо аз қарори ворид намудани маҷмӯаи дастхатҳои шоир ва мутафаккири маъруф ба Номгӯи байналмилалии ЮНЕСКО ва ҳамчунин, бузургдошти ӯ дар Рӯйхати санаҳои муҳимми хотиравии ин сохтори Созмони Милали Муттаҳид истиқбол менамоем.
Дар Тоҷикистон низ ба ҷашнвораи ин мутафаккири бузург эҳтиром мегузоранд.
Дар пойтахти Ватани мо соли ҷорӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Фироқӣ мизҳои мудаввари байналмилалӣ гузаронида шуданд.
Дар шаҳри Душанбе пайкараи Махдумқулӣ насб гардида, яке аз кӯчаҳои зебоманзари пойтахти кишвари мо ба номи ӯ гузошта шудааст.
Якуми сентябр, дар Рӯзи дониш мо якҷо бо муҳтарам Сердар Гурбангулиевич дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махдумқулӣ Фироқиро ба истифода додем.
Ин рӯйдодҳо, бешубҳа, рамзи возеҳи дӯстӣ ва муносибатҳои созандаи мардумони бародари Тоҷикистону Туркманистон гардиданд.
Дӯстони гиромӣ,
Махдумқулӣ Фироқӣ тавассути мероси нодири худ дар рушди фарҳанг ва адабиёти мардумони Осиёи Марказӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Эҷодиёти ӯ, ҳамчунин, бо мероси бузурги адабии тоҷику форс пайванди ногусастанӣ дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Фироқӣ ҳанӯз дар синни наврасӣ бо адабиёти ғании тоҷику форс, ки дар китобхонаи падари шоираш маҳфуз буд, шиносоӣ пайдо кардааст.
Чуноне ки аз эҷодиёти шоир бармеояд, ӯ аз мероси адабии мутафаккирони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст.
Эҷодиёти Фироқӣ, дар навбати худ, ба адибони муосири мо илҳом мебахшад.
Бисёре аз адибон ва тарҷумонҳои маъруфи тоҷик даҳҳо маҷмӯаи асарҳои ӯро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардаанд.
Эҷодиёти Махдумқулӣ саршори ғояҳои башардӯстӣ, ба монанди дӯстӣ, бародарӣ, хайрхоҳӣ, ғамхорӣ нисбат ба одамон ва хулқу атвори неки инсонӣ аст.
Мероси ӯ, бешубҳа, пули пайвандгаре дар роҳи тавсеаи робитаҳои байнифарҳангӣ ва ба ҳам наздик гардидани кишварҳои мо ва мардумонамон мебошад.
Дӯстони арҷманд,
Аз нигоҳи мо, ҳамкории байнифарҳангӣ ҳамчун омили муассири робитаи байни миллатҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии миёни халқҳо аз иқтидори бузург бархурдор аст.
Бо дарназардошти ин, кишварҳои моро мебояд бо муносибати эҳтиромона ва таҳаммулгароёна нисбат ба анъанаву арзишҳо ва мероси маънавию фарҳангии ҳамдигар намунаи ибрат бошанд.
Дар ин замина, Тоҷикистон пайваста аз иқдомоти амалии муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи башарӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Мо минбаъд низ барои рушди ҳамкориҳои фарҳангиву башардӯстона бо ҳамаи шарикони худ, аз ҷумла бо Туркманистон талошҳои зарурӣ ба харҷ хоҳем дод.
Дар робита ба ин, мехоҳам аз сатҳи сифатан баланди тамоми маҷмӯи муносибатҳои байни Тоҷикистону Туркманистон, ки хусусияти “шарикии амиқи стратегӣ”-ро касб кардаанд, ёдовар шавам.
Дар фарҷом мехоҳам Туркманистони дӯстро барои танзими бошукӯҳ ва сатҳи баланди баргузории ин ҳамоиш табрик намоям.
Суханронии худро мехоҳам бо мисраъҳои пурмуҳтавои Махдумқулӣ Фироқӣ, ки дар васфи дӯстӣ ва садоқат ба сарзамини худ бо забони тоҷикӣ ба қалам додааст, ҳусни анҷом бахшам:
Халқе, ки чу як оила бо ҳам бошанд,
Дар шодиву ғам дар сари як сархонанд.
Аз сидқу саодат ба ватан меболанд,
Бо қонуни зиндагонии худ пайванданд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Суратҳо