Аз 8 то 18 ноябри соли 2022 дар доираи Лоиҳаи "Таҳкими идоракунии захираҳои табии дар Тоҷикистон" намояндагони Хадамоти ҷангали ИМА (USFS) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар доираи ин сафар намояндагони Хадамоти ҷангали ИМА (USFS) рӯзҳои 9-15 ноябри соли 2022 бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал дар маҳалҳо аз Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Файзобод, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, инчунин шаҳри Роғун ва вилояти Хатлон дидан намуданд.
Дар доираи ин Лоиҳа 17 ноябри соли 2022, муҳокимаҳо ва фокус-гуруҳ ташкил карда шуд ва дар он ба мутахасисони соҳавӣ имконият дода шуд, ки оид ба фаъолияти худ ва усулҳои ҳалли мушкилоте, ки дар масъалаҳои идоракунии ҷангал ҷой доранд, суханронӣ намоянд.
Инчунин рӯзи 18 ноябр директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуфзода Абдуҷаббор бо намояндагони Хадамоти ҷангали ИМА (USFS) вохӯри намуданд. Дар ин вохури масъалаҳои пешбинигардида дар самти пешгирии равандҳои тағйирёбии иқлим, рушди соҳаи ҷангалпарварӣ, ҷангалсозӣ ва ҳамкориҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифт.
Чорабиниҳое, ки дар доираи Лоиҳаи мазкур амалӣ карда мешаванд ба кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал имконият медиҳанд, ки оид ба фаъолияти худ, бартариҳо ва усулҳои ҳалли мушкилот дар идоракунии ҷангал, мубодилаи дониш ва таҷриба дар давраи сафарҳои оянда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, инчунин роҳҳои нави ҳамкориҳоро байни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали ИМА (USFS) мекушояд.