Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Раёсати хоҷагии ҷангал

Раёсати хоҷагии ҷангал

Раёсат дар асоси сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсоназ 28.02.2014 сол № 132 тасдиқ шудааст «Раёсати хоҷагии ҷангал»-и Агентӣ номгузорӣ шуда, таҳия ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳия ва таъмини назорати иҷрои Стратегия ва барномаҳои давлатӣ, таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон ва коргузориро дар бар гирифта, аз вазифаҳои зерин иборат аст:

а) дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:

- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, стратегия ва консепсияҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ҷангал ва пешниҳоди онҳо ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иштирок дар таҳияи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқукӣ дар соҳаи муқарраргардида, инчунин дастурамалҳои методӣ барои амалӣ намудани фаъолият;

- якҷоя бо Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал” таҳия намудани дастурамалҳо, қоидаҳо ва тавсияномаҳо оид ба ҷангалсозӣ, кадастри ҷангал, баҳисобгирии сабзиши ниҳолҳо (инвентаризатсия), лоиҳаи бунёди ҷангал, китоби баҳисобгирии бунёди ҷангал.

б) Дар самти бунёд, барқароркунӣ, нигоҳубини ҷангал ва соҳаи илм:    

- таъмини барқароркунӣ ва истифодаи устувори захираҳои ҷангал бо воситаи ба роҳ мондани назорат ва     батанзимдарорӣ;   

- таҳия ва пешниҳоди нақшаҳои солонаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва нигоҳубини ҷангал ба ҳолати хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ барои тасдиқ ба Агентии хоҷагии ҷангали     назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;    

- таъмини назорати иҷрои нақшаҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал дар   хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ;

- назорати иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти асосии хоҷагии ҷангал ба намуди маҳсулотҳо дар хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ

- якҷоя бо Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал гузаронидани омӯзишҳо ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи ҷангал:

- бо тариби муқарраргардида талаб намудани маълумот аз хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ оид ба масъалаи бунёди ҷангал, нигоҳубини ҷангал, ниҳолхонаҳо, тайёр кардани тухмиҳо, кишт дар ниҳолхона:

в) дар самти ҳифзи ҷангал

аз хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентӣ тибқи тартиботи муқараргардида талаб кардани иҷрои нақшаҳои хоҷагиҳои ҷангал оид ба даромаднокӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, зидди сухторӣ ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зарарасон:

- ба роҳбарият оид ба беҳдошти ҳифзи ҷангалзорҳо аз қонунвайронкуниҳо таҳияи нақша чорабиниҳо ва барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо:

- оид ба қонунвайронкуниҳо дар ҷангал нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тартиб додани санаду протоколҳо ва андешидани чораҳои ҷиҳати руёнидани маблағи зарар ва ҷарима:

- аз кормадони ҳифзи давлатии ҷангал пушида гаштани либоси соҳавиро бо аломатҳои фарқкунанда назорат менамояд:

- роҳбарӣ ва назоратро аз рӯӣ фаъолияти кормандони ҳифзи давлатии ҷангал дар хоҷагиҳои системаи Агентӣ таъмин менамояд.

- оид ба масъалаҳои риояи қоидаҳои буриши фосилавӣ, гузаронидани баҳисобгирии дарахтон барои буриш, дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳои буриш барои гирифтани наряди чубтайёркунӣ тадбирҳои амали меандешад:

г) дар самти кишоварзӣ, маводҳои худруи ҷангал ва гиёҳҳои шифобахш:

- назорат таъмини иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ дар соҳаи чорводорӣ, маҳсулоти занбури асалпарварӣ, ҷамъоварии меваҳои худруй ва гиёҳҳои шифобахшу хурданибоб:

- ташкили ҷамъоварии махсулотҳои худруи ҷангал ва гиёҳҳои шифобахш, меваҳои тухмдор ва донакдор.

- қабули ҳисоботҳо оид ба чорводорӣ, замбури асалпарварӣ, ҷамъовариимеваҳои худруй, гиёҳҳои шифобахшу хурданибоб, кишти зироатҳои кишоварзӣ ва махсулнокии он аз хоҷагиҳои зертобеи Агентӣ.

- назорат ва ташкили тайёрӣ инчунин омодагӣ гирифтан ба зимистонгузаронии чорво, наслгирӣ ва захира намудани зурока ба чорво дар хоҷагиҳои зертобеъи Агентӣ.

- гузаронидани баҳисобгирии солонаи саршумори чорво ва замбури асал дар хоҷагиҳои зертобеъи Агентӣ.

- пешбурди корҳо ва назорат оид ба истифодаи заминҳои киштшавандаи фонди давлатии ҷангал дар хоҷагиҳои зертобеъи Агентӣ.

- гирифтани маълумотҳо, ҳисоботҳо ва ахборотҳо аз хоҷагиҳои зертобеъи Агентӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ, ҷамбаст ва пешниҳод кардани он ба роҳбарият.

- таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба беҳдошти соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ, замбури асалпарварӣ ва сабзавоткорӣ.

д). Дар самти механизатсия ва сохтмони асосӣ

- назорати ҳолати коршоями теҳникӣ дар хоҷагиҳои зертобеи Агентӣ.

- назорати таъмири идораҳои маъмурӣ, амборҳова дигар иморату иншоотҳо дар хоҷагиҳои зертобеи Агентӣ.

- гузаронидани санҷишҳо оиди самаранок истифода намудани қувваи барқ ва ҳолати беҳатарии иморату иншоотҳо аз сухтор.

- иштирок дар гузаронидани инвентаризатсияи солонаи воситаҳои теҳникӣ ва биною иншоотҳои хоҷагиҳои зертобеи Агентӣ.

- тайёрӣ ба зимистонгузаронии ҳолати биною иншоотҳо, фермаҳо ва кашарҳои чорвоҷойкунӣ дар хоҷагиҳои зертобеи Агентӣ.

- санҷиши сметаи хароҷотӣ оид ба рафти сохтмонҳои нотамоми дар хоҷагиҳои зертобеи Агентӣ.

- санҷиши ҳолати ҳуҷатгузорӣ оиди муҳофизати меҳнат ва теҳникаи беҳатарӣ дар хоҷагиҳои зертобеи Агентӣ.

- қабули ҳисоботҳо аз хоҷагиҳо дар самти меҳанизатсия, сохтмони асосӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ.

- кумак расонидан ба хоҷагиҳои зертобеи Агентӣ оиди гузаронидани машғулиятҳо оид ба муҳофизати меҳнат ва теҳникаи бехатарӣ.

- баҳисобгирии воситаҳои теҳникӣ ва аз ҳисоб баровардани теҳникаи фарсуда, ки истифодаи он дар истеҳсолот ғайриимкон аст.

- андешидани чораҳои зарурӣ барои аз мувозинаи хоҷагиҳо баровардани теҳникаи фарсудаи корношоям, ки барқароркунии он ғайриимкон мебошад ва пешниҳод намудани он ба идораи амволи давлатӣ.

Раёсат аз сардор, муовини сардор, сармутахассисон (9 воҳид) ва мутахассисони пешбар (4 воҳид) иборат мебошад.

 

27.11.2024 13:05

Ахборҳо

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.    Сардори шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
•    3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
•    Маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ,...

05.12.2024

1

Баргузории семинар – машварати дар мавзуи “Баланд бардоштани маҳсулнокии пистазорҳо тавассути агротехникаи инноватсионӣ ва пайвандгузаронӣ дар Тоҷикистон”

Санаи 21-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) дар қитъаи коллексионии пистазор дар мавзеи Аждарбулоқи н...

22.10.2024

11

Баргузории "Ҷашни Меҳргон"

Иштироки намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили ҷашни аҷдодӣ "Иди Меҳргон" дар "Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ"- и шаҳри Душанбе...

22.10.2024

7

Ҳаммаи ахборҳо
00:00