Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ШУЪБАИ КАДРҲО ВА ҲУҚУҚ

Сиёсати кадрӣ муҳимтарин ва асоситарин самти фаъолияти давлат ба шумор рафта, он дар тадбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин функсия ва вазифаҳои давлат нақши калидиро мебозад. Он маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат буда, фалсафаи он аз идоракунии илмию амалии захираҳои инсонӣ, зеҳнию ақлӣ ва меҳнатӣ иборат мебошад. Ин сиёсат бояд аз мақомоти олии давлатӣ шурӯъ шуда, то ба зиннаҳои пасттарини ташкилоту муассисаҳо рафта расад.

Дар навбати худ, татбиқи дурусти он ба давлат имконият медиҳад, ки дар давраи муайяни таърихӣ вазифаҳои дар назди он гузошташударо бо сарбаландӣ ба нафъи давлату ҷомеа ҳаллу фасл намояд.

Бинобар ин, масъалаи мазкур пайваста дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон буда, баҳри тадбиқи амалии он ҳамасола чораҳои зиёди маънавию иҷтимоӣ андешида мешаванд.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда буданд: «бояд бештар ба кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбиниву дониши амиқи касбию сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигиву кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин шахсони масъулиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияи муосир бархурдор таваҷҷуҳ кард.

Дар ин раванд ба масъалаи аз байни ҷавонон ва занону духтарони лаёқатманду соҳибмаърифат интихоб кардан ва ба вазифаҳои роҳбарикунандаву масъул пешбарӣ намудани онҳо эътибори ҷиддӣ бояд дод».

Сарчашмаи асосии фаъолияти шуъбаи кадрҳоро, пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ҳар инсон ва шаҳрвандро ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат, ҳимояи иҷтимоӣ, музди кор, манъ будани ҳама гуна маҳдудият дар муносибатҳои меҳнатӣ, инчунин ба таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ кафолат додааст, ташкил медиҳад.

Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №582 тасдиқ шудааст, қоидаи рафтори фаъолияти ҳаррӯзаи мо ба ҳисоб меравад, зеро санади мазкур маҷмӯи ғояҳо ва ақидаҳоеро дар бар мегирад, ки мақсаду вазифаҳо, самтҳои афзалиятнок, принсипҳои танзими давлатии сиёсати кадрҳо ва роҳҳои ба кадрҳои баландихтисос таъмин намудани давлатро муайян менамояд.

Дар баробари ин санадҳои муҳим ва асосию стратегии давлатӣ дар масъалаи кор бо кадрҳо, шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ҳамарӯза меъёрҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, № 358 «Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сарчашмаи фаъолияти худ қарор медиҳад.

Санадҳои зикршуда, алалхусус дастурамалҳои мансабии шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ, вазифаҳои асосии шуъбаро оид ба амалӣ намудани сиёсати кадрӣ ба таври дақиқ муайян намудааст, ки онҳо ба таври муфассал аз инҳо иборатанд:

– интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ-идоракунӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасонӣ ва хоҷагидорӣ;

– ба расмият даровардани ҳуқуқҳои конститутсионии корманд ба меҳнат, аз ҷумла қабул ва озод кардан аз кор, ба кори дигар гузаронидан, ба рӯхсатӣ ҷавоб додан, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои кормандон барои сафарҳои хизматӣ, фаро гирифта шудан ба таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва баланд кардани тахассус, пешбурди парвандаҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон ва сари вақт пур кардани маълумоти зарурӣ ба онҳо, пешниҳод намудан ба мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ, додани маълумотномаҳо ба ҷойҳои зарурӣ.

Рӯйхати воқеии омории ҳайати кадрии дастгоҳи марказии Агентӣ, кадрҳои ҳайати роҳбарикунанда, сохторӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони ва хоҷагидорӣ ба таври саҳеҳ ва аниқ муайян карда шуданд, ки ба 10 майи соли 2018 дар дастгоҳи марказии Агентӣ 37 нафар кормандон кору фаъолият доранд, ки аз ин миқдор 3 нафарашонро ҳайати роҳбарикунанда, 7 нафарро сардорони Раёсат, шуъба ва бахшҳо ва  26 нафарро дигар мутахассисон ташкил медиҳанд.

Теъдоди мардон 29- нафар ва занон 8 – нафарро ташкил медиҳад.

Дар коллектив, кормандони Агентӣ ҷавонони то синни 35 сола  ҳастанд, ки теъдоди онҳо ба 19 нафар расида,  кору фаъолият менамоянд.

Дар Дастурамали мансабии кормандон қоидаҳои умумӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти кормандон аниқ нишон дода шудааст.

Бояд зикр кард, ки дар алоқамандӣ ба Дастурамали мансабии кормандони Агентӣ, дар шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ҳамчунин ба шартномаи (қарордоди) меҳнатии қабул ба кор таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки дар парвандаҳои кормандон духта шудааст.

Дар шартнома фаъолияти кормандони идоракунанда (раёсат, шуъба ва бахшҳо), фаъолияти кормандони техникӣ, аз қабили музди меҳнати онҳо, иловапулию изофапулиҳова тартиби пардохт, имтиёзҳои онҳо, тартиби кор: корбайъ ва соатбайъ, рӯхсатиҳои меҳнатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва дигар масъалаҳои мушахас пешбинӣ карда шудаанд.

Масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангал ҷиддӣ ва воқеӣ буда, шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқро чун дигар сохторҳои Агентӣ водор месозад, ки он сатҳу сифати хизматрасонии кадриро ба кормандони ин даргоҳ сифатан нав кунад. Ин шуъба набояд назоратчии куркуронаи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат, интизоми кормандон, сари вақт ба кор омадану рафтани кормандон ва амалӣ намудани функсияҳои техникӣ, балки сохтори зиндаи коркунанда, ба фаъолияти кормандон ҷиддӣ ва эҷодкорона муносибаткунанда ва дар масъалаи интихоби ҳайат кӯмакрасони роҳбарият бошад.

Дар Агентӣ тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишѓоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст, озмунҳо баргузор гардида, кормандон ба кори домӣ  таин мегарданд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки озмунҳо то ин давра дар Агентӣ бо иштироки бевоситаи намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.

 

12.04.2022 09:14

Ахборҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд....

19.03.2024

12

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи  Муъминобод

11.03.2024

6

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

11.03.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00