Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Title

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Правительство Республики Таджикистан 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ 

аз 31 марти соли 2022                           №149                                              ш. Душанбе

 

Дар бораи Барномаи рушди

соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026 

 

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   қ а р о р м е к у н а д:

1. Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026 тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).

2. Амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он дар доираи маблағҳои буҷти давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин карда шавад.

3. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ амалисозии самараноки Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии онро таъмин карда, доир ба иҷрои онҳо ҳар сол то 15 январ ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

                     Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

 

                                                                                               Замимаи 1

                                                                                      ба қарори Ҳукумати     

                                                                                    Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                              аз «31» марти соли 2021 № 149

                                                                                  

                                                                                 

Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026

 

1.     МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

            1. Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022 – 2026 (минбаъд – Барнома) ба рушди босуботи соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини мувозинати экологӣ, вазифаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷангал мусоидат намуда, мақсад афзалият ва чораҳоро барои таҷдид ва рушди соҳаи ҷангал муайян менамояд.

            2. Ҷангал ҳамчун ҷузъи таркибии табиат ба парвариш, нигоҳубин, азнавбарқароркунӣ ва муҳофизат эҳтиёҷ дорад.

           3. Ҷангалҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳофизат, таъмини санитарӣ – гигенӣ ва солимгардонии табиат равона карда мешавад.


2.     ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ

4. Ҷангал комплекси илмию истеҳсолї буда, ба таваҷуҳи махсус ниёз дорад. Айни замон масоҳати заминҳои ҷангалпӯши Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 3 фоиз аз масоҳати умумии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар давоми сад соли охир масоҳати ҷангалҳои ҷумҳурӣ бинобар азхудкунии заминҳо барои мақсадҳои кишоварзӣ ва истифодаи захираҳои ҷангал хусусан дар давраи буҳрони энергетикӣ, коҳиш ёфтааст.

            5. Дар кишвар арчазорҳо масоҳати аз ҳама зиёдро ташкил дода, масоҳати онҳо ба 150 ҳазор гектар баробар мебошанд. Арчазорҳо асосан дар қисми шимолии ҷумҳурї паҳн гардидаанд. Масоҳати пистазорҳо - 78000 гектар, чормағзорҳо - 10000 гектар, саксаулзорҳо - 12000 гектар, сафедзорҳо - 10000 гектар, зарангу фаркҳо - 46000 гектар ва боқимонда дарахту буттаҳо зиёда аз 200000 гектарро ташкил медиҳанд.

6. Дар ҳудуд ва дар наздикии мавзеъҳои ҷойгиршавии ҷангалҳо қариб 70 фоиз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд. Ҳамаи ҷангалҳо дар Тоҷикистон вазифаҳои муҳофизати хок, зиддибодлесӣ, нигоҳдории обро иҷро намуда, барои соҳаҳои кишоварзї ва энергетикаи мамлакат аҳамияти калон доранд.

7.Тайи солҳои тўлонї дар хоҷагиҳои ҷангалу шикор ва парваришгоҳҳо њисоботи даќиќи замин, ҷангалсозї ва ҳисоботи олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодири онҳо вуҷуд надоранд.

8. Новобаста ба он, ки кормандони соҳаи ҷангал тайи солҳои охир як қатор чорабиниҳоро оид ба ҳифзи ҷангалзорҳои харобгардида гузаронида, корҳои илмию тадқиқотиро оид ба селексияи пиставу чормағз, хучу ангат ба роҳ мондаанд, вале имрӯз масъалаи барқароркунӣ, таҷдид ва муҳофизати ҷангалзорҳоро аз ҳашаротҳои зараррасон, сӯхтор ва буриши худсарона дар сатҳи муътадил қарор надорад.

9. Заминаҳои моддиву техникии хоҷагиҳои ҷангал фарсуда шуда, ҷангалбонҳо дар навбати худ ба лавозимоти хизмати пурра таъмин нестанд.

10. Корҳои ҷангалбунёдкунӣ аз сабаби нокифоя будани маблағҳо дар сатҳи зарурӣ гузаронида намешаванд, ки дар натиҷа қисми зиёди ниҳолҳои шинондашуда ба воя нарасида хушк мешаванд.

11. Сарфи назар аз иқтидори тиҷоратии хоҷагии ҷангал ва истифодаи маҳсулоти ҷангал, аз тарафи аҳолии маҳаллӣ, таъмини устувори экосистемаҳои табиӣ аз ҳисоби обнигоҳдорӣ, батанзимдарории иқлим, ҳифзи қабати ҳосилхезии хок ва ташкили шароити истироҳатӣ, ки ба хусусиятҳои ҷангал хос мебошад, иборат аст. Зиёд шудани шумораи офатҳои табиӣ (омадани сел, фаромадани ярч ва ғайра) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таназули захираҳои ҷангал ва кам гаштани майдони ҷангалзорҳо алоқамандӣ дорад. Бо гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал майдони ҷангалҳо ба ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шудааст, ки дар натиҷа дар онҳо таназзули ҷангалҳо ба вуқу омада истодааст.

 

3.     МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

          12. Мақсадҳои асосии Барнома инҳо мебошанд:

-нигоҳдории гуногунии биологии ҷангал, нигаҳдорӣ ва барқароркунии ҷангалҳо, зиёд намудани масоҳат ва маҳсулнокии онҳо;

-беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим;

- мусоидат ба рушди иқтисодиёт бо роҳи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал ва баланд бардоштани самаранокии пешбурди хоҷагии ҷангал;

-баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолии маҳаллӣ бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти ҷангал, ки ба истифодабарии устувори ҷангал асос ёфтааст;

-тақвият бахшидани иштироки ҷамъиятии шаҳрвандон, аз ҷумла занон, дар масъалаҳои рушди соҳаи ҷангал дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ;

-пурзӯр намудани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувори ҷангалҳо, паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он.

          13. Нишондиҳандаҳо барои ноилшавӣ ба мақсадҳои зикршуда инҳоянд:

            -популятсияи муътадили намудҳои асосии дарахту буттаҳо ва олами ҳайвонот дар ҷангалҳои кишвар;

            -бунёд ва барқароркунии зиёда аз 15 ҳазор гектар ҷангалҳои ба маҳал ва шароитҳои тағйирёбии иқлим мутобиқшуда;

            -ду баробар зиёд намудани маҳсулнокии ҷангалҳо;

-қатъ гардидани чорвочаронӣ дар 30 фоизи ҳудуди ҷангалҳо;

            -зиёдшавии қонеъгардонии талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чӯби корӣ то 1 фоиз;

            -ду баробар зиёд намудани даромаднокии хоҷагиҳои ҷангали давлатӣ;

-зиёд намудани шумораи хонаводаҳои дар соҳаи ҷангал фаъолияткунанда дар доираи шартномаҳо оид ба идоракунии муштараки ҷангал то 3 ҳазор;

-таъсиси шӯроҳои назоратӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон.

   14. Барнома вазифаҳои зерини афзалиятноки рушди соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад:

1) гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ:

-такмили низоми идоракунӣ ва пурзӯр намудани сохторҳои соҳаи ҷангал;

-такмили заминаи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани ҳуқуқтатбиқкунӣ;

-ташкили низоми устувори маблағгузории соҳаи ҷангал;

2) нигоҳдориву зиёд намудани майдон, маҳсулнокӣ ва андозаи хизматрасонии экосистемавии ҷангалҳо:

-пешбурди хоҷагии тиҷоратии ҷангал;

        -ҷалби аҳолии маҳалӣ ба пешбурди фаъолиятӣ хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангал;

            -нигоҳдорӣ, бунёд ва барқароркунии ҷангалҳои зиддибодлесӣ, истироҳатӣ ва махсус муҳофизатшаванда;

3) асосҳои рушди хоҷагии ҷангал:

-рушди соҳаи тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ;

-гузаронидани корҳои баҳисобгирӣ, мониторинг ва ҷангалсозӣ ;

-рушди иқтидори кадрӣ ва хоҷагии тиҷоратии ҷангал;

-баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддӣ-техникии соҳаи ҷангал;

-ба роҳ мондани корҳои илмӣ ва иноватсия дар хоҷагии ҷангал.

 

4. НИГОҲДОРӢ ВА АФЗУНГАРДОНИИ МАЙДОНҲО ВА МАҲСУЛНОКИИ ҶАНГАЛ

 

§1. Хоҷагии тиҷоратии ҷангал

                               15. Равандҳои тиҷоратӣ дар соҳаи ҷангалро метавонанд хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ (парвариши ниҳолҳои аълосифати ҷангал), ташкили плантатсияҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли чӯби корӣ, чормағз, меваҷотҳо ва коркарди маҳсулотҳои ҷангалро дар бар гиранд. Самтҳои афзалиятнокии фаъолият истеҳсоли ҳезум, чӯби корӣ барои сохтмон ва косибот, парвариши камоли бадбўй, писта, чормағз, бодом ва дигар мевањои худрӯи ҷангал барои хушккунӣ мебошад.

           16. Бо дарназар доштани сатҳи пасти афзоиши солонаи аксарияти ҷангалҳо ва маҳдудияти майдонҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ истифодабарии механизмҳои байналмилалӣ, ба монанди Созишномаи Париж ва Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурӣ ва ҷалби сармояҳо мушкил мебошад. Дар доираи механизмҳои нави муқаррарнамуда Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фонди иқлими Сабз баҳисоб меравад, ки ба гузаронидани ислоҳоти мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим асос ёфтааст.

 

§2. Ҷалби аҳолии маҳаллӣ барои пешбурди хоҷагии ҷангал

бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангалҳо

           17. Дар ноҳияҳои кӯҳии мамлакат, ки ҷангалзорҳои асосӣ мавҷуданд, қариб 70 фоизи аҳолӣ зиндагӣ намуда, бевосита аз маҳсулоти ҷангал истифода мебаранд ва ё дар дигар намудҳои истифодабарии ҷангал иштирок менамоянд. Бинобар ин, ҷангалҳо барои рушди ноҳияҳои кӯҳистон ва таъмини некуаҳволии мардуми ин маҳалҳо нақши асосӣ мебозанд.

             18. Ҷалби аҳолии маҳаллӣ дар фаъолияти хоҷагии ҷангал, аз рӯи қоида, дар доираи шартномаҳои мавсимӣ, солона ва дарозмуҳлат бо мақсади истифодабарии захираҳои ҷангал амалӣ гардонида мешавад. Аҳолии маҳаллӣ ба таври пурра дар идоракунии ҷангалҳо иштирок намекунад ва мутаносибан дар онҳо ҳавасмандии истифодабарии устувори ҷангал ҳамчун ғояи асосии нигаҳдории ҷангалзорҳо ва гуногунии биологӣ вуҷуд надорад.

           19. Усули идоракунии муштараки љангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷангалҳои наздисоҳилӣ дар   ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯњистони Бадахшон аз соли 2006, дар пистазорҳои хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Фархор ва Данғара, минтақаҳои ҷангалҳои паҳнбарги хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг ва минтақаи арчазорҳои хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва ғайра аз соли 2013 инҷониб мавриди истифода қарор дорад.

 

5. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА

          20. Ҷалб намудани аҳолии маҳаллӣ дар пешбурди хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки љангал аз инњо иборатанд:

- такмили замина барои ҳаматарафа ҷорӣ намудани усули идоракунии муштараки љангал бо роҳи таҳияи дастурамалҳо, маводи маълумотиву ахборӣ ва ҷудо кардани заминҳои коршоям барои татбиқи усул дар доираи нақшаҳои идоракунии хоҷагии ҷангал;

- такмили усули идоракунии муштараки љангал ва марҳила ба марҳила иваз намудани шартномаҳои мавсимӣ ба шартномаҳои идоракунии муштараки љангал бо роҳи таъсис додан ва ҷорӣ намудан қитъаҳои намоишӣ ва вусъатдиҳии минбаъдаи усул дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ.

21. Барои беҳдошти вазъият зарур аст:

- фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ дар соҳаи ҷангал бо роҳи мустаҳкам кардани пойгоҳи моддию техникии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал ва ба роҳ мондани робита ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимии кишварҳои дигар;

- гузаронидани корҳои илмӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи ҷангал бо дар назар доштани ҳолатҳои тағйирёбии иқлим.

 

6. АСОСҲОИ РУШДИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

§1. Рушди соҳаи тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ

 

            22. Рушди тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ барои пешбурди ҳоҷагии тиҷоратии ҷангал, бунёд ва барқароркунии ҷангалҳои зидди бодлесӣ, истироҳатӣ ва ҷангалҳои махсус муҳофизатшаванда самтҳои асосии соҳа ҳисоб меёбад.

                 23. Системаи соҳаи ҷангал дорои 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ буда, ғайр аз он дар муассисаҳои давлатии ҳоҷагиҳои ҷангал низ ниҳолхонаҳои хурд ташкил карда шудааст. Дар системаи хоҷагии ҷангал солона ба миқдори умумии зиёда аз 3 миллион ниҳолҳо ва қариб 30 намуди дарахту буттаҳо парвариш карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо мевадиҳанда мебошад. Вале намудҳои ҷангалӣ ва эндемикии дарахту буттаҳо, ки дар раванди тағйирёбии иқлим хеле муҳим мебошанд, ба миқдори нокифоя парвариш карда мешаванд ва талаботи хоҷагиҳои ҷангалро қонеъ карда наметавонад.

24. Самти дигари фаъолияти хоҷагии ҷангал ба макони табиии нигаҳдории фонди генетикии ҷангал равона гардидаанд, вале дар баробари ин баъзе намудҳои эндемикҳо (тӯс, бодоми вавилов, бодоми хордор, сафедори нуқрабарг, туранга, хурмои ёбоӣ, анори ёбоӣ, ноки кайон, себи Сиверс ва ғайра) ҳамчун намудҳои   ҳифзшаванда ба пуррагӣ фаро гирифта нашудаанд.

25. Тухмиҳо барои парвариши маводи кӯчатӣ бе дар назар доштани хусусиятҳои сифатии онҳо ҷамъоварӣ карда мешавад, зеро майдонҳои доимии парвариши тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангал ва анборҳои махсуси нигаҳдории тухмиҳо мавҷуд намебошад. Бо сабаби маркази ягонаи нигоҳдорӣ, тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангал тақсимот ва назорати онҳо, чун қоида бе санҷиши сифатӣ амалӣ карда мешаванд.

             26. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тухмипарварии соҳаи ҷангал ва назорати зарурии сифати парвариши маводҳои кӯчатӣ мавҷуд набуда, нарасидани мутахассисон дар соҳаи парвариши ниҳолҳо ба назар мерасанд.

27. Барои беҳтар намудани вазъият ҷиҳати рушди тухмипарвариву ниҳолпарварӣ чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст:

- тайёр намудани майдонҳо барои пешбурди самараноки тухмипарварӣ ва ташкили фаъолияти самараноки хоҷагии ниҳолпарварӣ бо роҳи таъсис додани маркази ягонаи нигоҳдорӣ, тақсимот ва назорати тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангал, таҳияи дастурамалҳои мутобиқ, механизмҳои назорати сифат, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба нигаҳдории фонди генетикии дарахту буттаҳои ҷангалии маҳаллӣ ва овардашуда;

- баланд бардоштани сифати тухмӣ ва зиёд намудани ҳаҷми тухмӣ ва ниҳолҳои истеҳсолшаванда, аз ҷумла намудҳои ба иқлим мувофиқ бо роҳи таъсис додани қитъаҳои доимии ҷамъоварии тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангалӣ ва ниҳолпарваришгоҳҳо, зиёд намудани маҳсулнокии онҳо.

28. Дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар назар аст, ки тайёр, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории намудҳои беҳтарини тухмиҳо 20 тоннаро ташкил дода, аз ин ҳисоб шумораи намуди ниҳолҳои дарахту буттаҳои ба 50 номгӯй расонида шуда, парвариши солонаи ниҳолҳо на кам аз 5 млн нињолро ташкил медиҳад.

 

§2. Гузаронидани корҳои баҳисобгирӣ, мониторинг ва ҷангалсозӣ

29. Ҷангалсозӣ маҷмуи чорабиниҳо оид ба баҳисобгирӣ, баҳодиҳӣ ва банақшагирии корҳои хоҷагии ҷангал мањсуб ёфта, бањри баланд бардоштани самаранокии пешбурди хоҷагии ҷангал ва истифодабарии захираҳои ҷангал равона гардидааст. Гузаронидани корҳои ҷангалсозӣ дар ташкилотњои давлатии хоҷагиҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани баҳои миқдорӣ ва сифатӣ, мавҷудият ва ҳолати захираҳои ҷангал ва гуногунии биологии мамлакат имконият медиҳад. Ба даст овардани маълумоти эътимоднок оид ба майдони ҷангалҳо, зичии онҳо, захираи чӯб дар реша, ҳолати санитарии онҳо ва барои дуруст ба нақша гирифтани корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалҳо имконият медиҳад.

30. Дар доираи Барномаи баҳисобгирии фонди ҷангал гузаронида шуда, нақшаи идоракунї барои дигар хоҷагиҳои дигари ҷангал тањия карда мешавад.


          §3. Ба роҳ мондани корҳои илмӣ ва инноватсия дар хоҷагии ҷангал

30. Дар низоми хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки аз рӯи самтҳои зерин тадқиқотҳои илмӣ ва инноватсионӣ гузаронида шаванд:

- таҳияи усулҳои муосири парвариши маводи кӯчатии арчаи              зарафшонӣ ва таҳияи технологияи бунёди ҷангалҳои арча;

- селексияи навъи тухмиҳои мағздор – писта ва чормағзи юнонӣ бо дар назар доштани интихоби тухмиҳо аз дарахтони табиии ҷангалзорҳо (намунаҳои беҳтарин), дарахтони ҳосилнокиашон баланд бо меваи навъашон аъло ба касалиҳову ҳашаротҳои зараррасон тобовар;

- омӯзиши биологияи ҳашаротҳои асосии зараррасони ҷангал ва дарахтони мевадиҳанда ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба мубориза бар зидди онҳо.

 

7. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА 

            32. Идоракунӣ ва истифодаи устувори ҷангалҳо ба манфиати давлат, ҷамъият ва насли оянда танҳо дар ҳолати таъсиси низоми устувори маблағгузории соҳаи ҷангал имконпазир аст. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

            33. Маблағгузории Барнома инчунин аз ҳисоби даромадҳои худии хоҷагиҳои ҷангал, аз љумла маблағҳои махсус, ки асосан аз фурӯши маҳсулотҳои ҷангал ва хизматрасониҳои экосистемавӣ ба даст меоянд, ба роҳ монда мешаванд.

34. Бо мақсади таъмини маблағгузории устувори соҳаи ҷангал, зарур аст:

           - такмили раванд ва усули банақшагирии маблағгузории соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ бо дар назар доштани нишондиҳандаҳои пешбинишуда;

          - зиёд намудани маблағгузорӣ, даромаднокӣ ва истифодаи самаранокии маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла барои чорабиниҳо оид ба бунёд ва барқароркунӣ ва ҳифзи ҷангалҳо.

                                                                                                                                                                                                                                                         

                                                                                                                                                                                                                                                                                      

                                                                                                                                                                                                                             Замимаи №2

                                                                                                                                                                                                                              ба  қарори Ҳукумати 

                                                                                                                                                                                                                               Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                                                                                                                                                             аз «31»  марти  соли 2022, № 149

                                                                                                                                                                                                              

 

                                                                                                                                                                                                                             

 

Нақшаи

чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026

т/т

 

Номгӯйи

чорабиниҳо

 

Натиҷаҳои

 дарназарбуда

 

Иҷрокунандагон

 

Муҳлати иҷро

 (сол)

 

Талаботи умумӣ ба маблағгузорӣ 

(млн сомонӣ)

 

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ

 

 

Буҷетӣ давлатӣ 

 

Маблағҳои махсус

 

 

Шарикони рушд

 

 

 

А

1

2

3

4

5

6

7

 

1.        ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ  САМАРАНОКИ НОЗИРОТИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ ВА

ДАР САТҲИ ЗАРУРӢ  БА РОҲ МОНДАНИ НАЗОРАТИ  ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҶАНГАЛ

1.

Давра ба давра ташкил намудани нозироти давлатии ҷангал дар сатҳи маҳаллӣ ва таъмини фаъолияти он (пойгоҳӣ моддӣ- техникӣ, вазифаҳои хизматии возеҳ таҳияшуда)

Нозирот дар сатҳи 10 муассисаи хоҷагии ҷангали шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт, Фархор, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон ва Қубодиён ташкил карда мешавад.

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нозироти давлатии ҷангал ва шикор

2022

0,12

-

-

0,12

 

2023

0,12

-

-

0,12

 

2024

0,12

-

-

0,12

 

2025

0,12

-

-

0,12

 

2026

0,12

-

-

0,12

 

0,6

 

 

0,6

 

2. ПУРЗӮР НАМУДАНИ ВАЗИФАҲОИ ХОҶАГИДОРИИ ХОҶАГИҲОИ ҶАНГАЛ

 

 

2.

Таъмини хоҷагиҳои ҷангал бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи бақайдгирӣ барои ҳуқуқи истифодаи замини фонди давлатии ҷангал

23 хоҷагии ҷангал ба қайди давлатӣ гирифта шуда, онҳо бо шаҳотатнома дар бораи бақайдгирии  давлатӣ барои ҳуқуқи истифодаи замин

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумњурии Тољикистон

2022

0,5

0,25

0,25

 

 

2023

0,5

0,25

0,25

 

 

 

1,0

0,5

0,5

 

 

3.

Мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳои дарахтон ва пешгири аз сӯхтори ҷангалҳо

Стансияи сӯхторхомӯшкунӣ-химиявӣ ва муборизаи биологӣ таъсис дода мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2026

1,2

0,5

0,2

0,5

 

4.

Таҳлили ҳолати ҷангалзорҳо, ки дар ҳудуди заминҳои дигар истифодабарандагони ҷангал қарор доранд

Тадқиқоти ҳолати ҷангалзорҳо гузаронида  мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,6

0,2

0,4

-

 

5.

Гузаронидани ҷангалзорҳои дар ҳудуди дигар истифодабарандагони ҷангал қарордошта ба тавозуни хоҷагиҳои ҷангал

 Ҷангалзорҳо ба тавозуни хоҷагиҳои ҷангал гузаронида мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,12

0,04

0,08

-

 

2023

0,12

0,04

0,08

-

 

2024

0,12

0,04

0,08

-

 

2025

0,12

0,04

0,08

-

 

2026

0,12

0,04

0,08

-

 

 

0,6

0,2

0,4

-

 

3. ТАШКИЛИ СОХТОРҲОИ НАВ ВА ТАҒЙИРОТИ ИНСТУТСИОНАЛӢ

 

 

6.

Таъсиси идораи ҷангалсозӣ

Идораи ҷангалсозӣ бо тамоми шароитҳо ва лавозимоти  корӣ таъсис дода мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2026

1,2

-

0,2

1,0

 

7.

Таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар асоси Кодеси ҷангал ва ќонунгузорӣ дар бораи шикор ва хољагињои шикорӣ

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумњурии Тољикистон тасдиқ карда  мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

 

 

 

 

 

2023

 

 

 

 

 

2024

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

8.

Таҳияи низоми ҳавасмандгардонии кормандони ҳифзи  ҷангал ва нозирон дар ошкор намудани қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҷангал ва шикор

Низоми ҳавасмандгардонӣ ҷорӣ карда мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

 

 

 

 

 

9.

Ҳамкории фаъолона бо шарикон оид ба рушд (ташкилотҳои донорӣ, фондҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкории молиявӣ ва техникӣ)

Манбаъҳои иловагии маблағгузории рушди фаъолияти соҳаи ҷангал дарёфт карда мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумњурии Тољикистон

 

 

 

 

2022-2026

 

 

 

 

 

4. ТАШКИЛИ УСТУВОРИИ  МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ ҶАНГАЛ

10.

Идоракунии фаолияти хоҷагиҳо бо усули нав, такмил тартиби банақшагирии  молиявии нишондиҳандаҳои асосии солонаи хоҷагиҳои интихобшуда

Усули нави банақшагирӣ дар таҷрибаи фаолияти хоҷагиҳои ҷангали пилотӣ гузаронида мешавад.

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2023-2026

 

 

 

 

 

11.

Такмили шаклҳои ҳисоботҳои ҳаракати воситаҳои пулии дохилисоҳавии дар истифода қарордошта, назорати истифодаи мақсаднок ва самаранокии маблағҳои пулӣ

 

 

               

Ба пуррагӣ таъмин кардани пешниҳоди маълумотнома оид ба сарчашмаи воридшави ва самтҳои сарфи воситаҳои пулӣ дар ташкилотҳои  системаи ҷангал амалӣ мегардад

 

2022-2026

 

 

 

 

 

5. РУШДИ САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТӢ СОҲАИ ҶАНГАЛ

12.

Бунёди плантатсияҳои саноатии ҷангалзорҳо

 

Плантатсияҳои саноатии ҷангалзорҳо дар масоҳати 1240 гектар бунёд карда мешаванд, аз ҷумла:

- сафедор – 200 гектар;

- чормағзи юнонӣ - 200 гектар;

-  писта - 200 гектар;

-  хуч - 200 гектар;

- бодоми шириндона - 200 гектар;

- чормағзи пекан – 40 гектар;

- олучаи кӯҳӣ – 200 гектар

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

2,2   

 

1,2

1,0

 

2023

2,2

 

1,2

1,0

 

2024

2,2

 

1,2

1,0

 

2025

2,2

 

1,2

1,0

 

2026

2,2

 

1,2

1,0

 

 

11,0

 

6,0

5,0

 

 

13.

Парвариши намуди ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҷангалӣ (ҳамасола)

Ниҳолҳои намудҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҷангалӣ ба миқдори 5 млн бех парвариш карда мешаванд,

 аз ҷумла дар ниҳолхонаҳои:

- Вахдат – 1,0  млн  бех;

- Қубодиён - 800 ҳаз. бех;

- Зафаробод - 1,5 млн бех;

- Рашт - 100 ҳаз. бех;

- Восеъ - 300 ҳаз. бех;

- Навобод - 100 ҳаз. бех;

- ниҳолхонаҳои хурди хоҷагиҳои ҷангал – 1,2 млн  бех

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

 

 

 

 

 

2023

 

 

 

 

 

2024

 

 

 

 

 

2025

 

 

 

 

 

2026

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

14.

Ташкили ниҳолхонаҳои махсусгардонидашуда

 

Ниҳолхонаҳои махсус- гардонидашуда ташкил карда мешаванд:

- дар хоҷагиҳои ҷангали Панҷ, Фархор, Хуросон ва  Данғара оид ба парвариши писта, саксаул ва дигарҳо бо системаи пӯшидаи решаҳо – 250 ҳаз. бех;

- дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур оид ба парвариши ниҳолҳои аълосифати сафедор, хуч, ангат ва дигарҳо – 250 ҳаз. бех

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

 

 

 

 

 

2023

 

 

 

 

 

2024

 

 

 

 

 

2025

 

 

 

 

 

2026

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

15.

 

Гузаронидани азнавсозии солонаи ниҳолҳои писта дар доираи усули идоракунии муштараки ҷангал дар майдони 100 гектар

Плантатсияҳои писта азнавсозӣ ва пайванд карда мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

 

 

 

 

 

2023

 

 

 

 

 

2024

 

 

 

 

 

2025

 

 

 

 

 

2026

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

16.

Ташкили 5 корхонаи хурди коркарди маҳсулоти худрӯи ҷангал

Корхонаҳои нави хурди истеҳсолӣ  ташкил карда мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

 

 

 

 

 

2023

 

 

 

 

 

2024

 

 

 

 

 

2025

 

 

 

 

 

2026

 

 

 

 

 

6. АМАЛИСОЗИИ  ВАСЕИ УСУЛИ ИДОРАКУНИИ МУШТАРАКИ ҶАНГАЛ

17.

Ташкили қитъаҳои намоишӣ оид ба ҷорӣ намудани усули идоракунии муштараки ҷангал

Қитъаҳои намоишӣ дар 10 хоҷагии ҷангал илова ба мавҷудаҳо ташкил карда мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 муассисањои давлатии хоҷагиҳои ҷангал

2022

0,14

-

0,02

0,12

 

2023

0,14

-

0,02

0,12

 

2024

0,14

-

0,02

0,12

 

2025

0,14

-

0,02

0,12

 

2026

0,14

-

0,02

0,12

 

 

0,7

 

0,1

0,6

 

18.

Ҷорӣ намудани усули идоракунии муштараки ҷангал

Усули идоракунии муштараки ҷангал дар хоҷагиҳои ҷангал дар масоҳати 15 ҳаз. га бо ҷалби 3000 хонавода ҷорӣ карда мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 муассисањои давлатии хоҷагиҳои  ҷангал

2022

0,14

-

0,04

0,1

 

2023

0,14

-

0,04

0,1

 

2024

0,14

-

0,04

0,1

 

2025

0,14

-

0,04

0,1

 

2026

0,14

-

0,04

0,1

 

 

0,7

 

0,2

0,5

 

7. НИГАҲДОРӢ, БУНЁД ВА БАРҚАРОР НАМУДАНИ ҶАНГАЛҲОИ

 ЗИДДИБОДЛЕСЇ, ИСТИРОҲАТӢ ВА МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

19.

Таҳияи дастурамал оид ба бунёд ва барқароркуни ҷангалҳо, инчунин мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасони ҷангал

Дастурамал таҳия ва тасдиқ карда мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисањои давлатии хоҷагиҳои ҷангал

 

 

2022-2023

-

-

 

-

 

20.

Таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор таҳия ва тасдиқ карда мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2022

-

-

 

-

 

21.

Таҳияи Тартиби истифодаи оқилонаи минтақаҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал

Тартиб таҳия ва тасдиқ мегардад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2022

-

 

 

 

 

8. ДАР ҲАҶМИ ЗАРУРӢ БАРҚАРОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА НИГАҲДОРӢ, БУНЁД ВА

 БАРҚАРОРКУНИИ ҶАНГАЛҲОИ ЗИДДИБОДЛЕСӢ, ИСТИРОҲАТӢ ВА МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

22.

Бунёди ҷангалҳо дар ҳаҷми   1 ҳаз. гектар дар як сол

Ҷангалҳо дар майдони 5  њазор гектар ташкил карда мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

3,2

0,8

0,4

2,0

 

2023

3,2

0,8

0,4

2,0

 

2024

3,2

0,8

0,4

2,0

 

2025

3,2

0,8

0,4

2,0

 

2026

3,2

0,8

0,4

2,0

 

 

16,0

4,0

2,0

10,0

 

23.

Барқароркунии ҷангалҳои таназзулёфта (кишт, шинонидан, чораҳо оид ба муҳофизат ва нигоҳдории ҷангал) дар ҳаҷми на камтар аз  2 ҳаз.гектар дар як сол

Ҷангалҳои таназзулёфта дар њаҷми 10 њаз.га барқарор мегардад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

2,6

0,8

0,2

1,6

 

2023

2,6

0,8

0,2

1,6

 

2024

2,6

0,8

0,2

1,6

 

2025

2,6

0,8

0,2

1,6

 

2026

2,6

0,8

0,2

1,6

 

 

13,0

4,0

1,0

8,0

 

24.

Мусоидат намудан ба худбарқароршавии табиӣ пурзӯр намудани муҳофизат ва чораҳо оид ба нигаҳдории ҷангалҳои таназзулёфта дар ҳаҷми на камтар аз 8 ҳаз.гектар дар як сол

Ҷангалҳои таназзулёфта  дар њаљми 40 њаз.гектара барқарор мегардад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

1,5

0,4

0,1

1,0

 

2023

1,5

0,4

0,1

1,0

 

2024

1,5

0,4

0,1

1,0

 

2025

1,5

0,4

0,1

1,0

 

2026

1,5

0,4

0,1

1,0

 

 

7.5

2.0

0,5

5.0

 

25.

Нигоҳубин, бунёд ва барқароркунии ҷангалзорҳо дар давоми 5 сол (32400 гектар)

Ҳолат ва сабзиши ҷангалзорҳо беҳтар мегардад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

1,7

0,6

0,1

1,0

 

2023

1,7

0,6

0,1

1,0

 

2024

1,7

0,6

0,1

1,0

 

2025

1,7

0,6

0,1

1,0

 

2026

1,7

0,6

0,1

1,0

 

 

8,5

3,0

0,5

5,0

 

26.

 

Бунёди “минтақаҳои сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгард тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумњурии Тољикистон

Минтақаҳои сабз бунёд мегарданд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,3

0,1

0,08

0,12

 

2023

0,3

0,1

0,08

0,12

 

2024

0,3

0,1

0,08

0,12

 

2025

0,3

0,1

0,08

0,12

 

2026

0,3

0,1

0,08

0,12

 

 

1.5

0.5

0.4

0,6

 

27.

Гузаронидани чорабиниҳои зидди  сӯхтор (сохтан ва таъмири роњњои зидди сӯхтор, кашидани хатњои зидди- сухтор ва ѓайрањо)

Чорабиниҳои зидди- сӯхторӣ гузаронида мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

1,0

0,4

-

0,6

 

2023

1,0

0,4

-

0,6

 

2024

1,0

0,4

-

0,6

 

2025

1,0

0,4

-

0,6

 

2026

1,0

0,4

-

0,6

 

 

5.0

2.0

 

3.0

 

28.

Сохтмони роњњои нав ва таъмири роњњои   таъиноти хољагии љангал

Роҳҳои нав сохта ва роҳҳои мавҷуда таъмир мегарданд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

1,0

0,4

-

0,6

 

2023

1,0

0,4

-

0,6

 

2024

1,0

0,4

-

0,6

 

2025

1,0

0,4

-

0,6

 

2026

1,0

0,4

-

0,6

 

 

5.0

2.0

 

3.0

 

29

Ташкили  шлагбаумҳо (монеагиҳои роҳ) дар хоҷагиҳои давлатии ҷангал

Бо мақсади ҳифз, таъмин ва ҷорӣ намудани тартибот дар хоҷагиҳои  давлатии  ҷангал  шлагбаумҳо гузошта мешавад.

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонмуассисањои давлатии хоҷагиҳои ҷангал

2022

0,16

-

0,16

 

 

2023

0,16

-

0,16

 

 

2024

0,16

-

0,16

 

 

 

0,5

-

0,5

-

 

30.

Ба майдони ҷангалпӯш гузаронидани ҷангалзорҳои бунёд ва барқароршуда

 

Ҷангалзорҳо Ба майдони ҷангалпӯш гузаронида мешаванд

 

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,24

0,1

0,04

0,1

 

2023

0,24

0,1

0,04

0,1

 

2024

0,24

0,1

0,04

0,1

 

2025

0,24

0,1

0,04

0,1

 

2026

0,24

0,1

0,04

0,1

 

 

1.2

0.5

0,2

0,5

 

31.

Баланд бардоштани маҳсулнокии чарогоҳҳо дар майдони

12000 гектар

 

Чарогоҳҳо дар майдони 2400 гектар баланд бардошта

мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,2

-

0,04

0,16

 

2023

0,2

-

0,04

0,16

 

2024

0,2

-

0,04

0,16

 

2025

0,2

-

0,04

0,16

 

2026

0,2

-

0,04

0,16

 

 

1,0

 

0,2

0,8

 

32.

Ҷамъоварии тухмии гиёҳҳои шифобахш

Тухми гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ карда мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисањои давлатии хоҷагиҳои ҷангал

2022

0,1

-

0,04

0,06

 

2023

0,1

-

0,04

0,06

 

2024

0,1

-

0,04

0,06

 

2025

0,1

-

0,04

0,06

 

2026

0,1

-

0,04

0,06

 

 

0,5

 

0,2

0,3

 

33.

Кишти гиёњҳои шифобахш:

-ширинбия—100 гектар;

-зира  -50 гектар;

-пиёзи анзур-50 гектар;

-камоли тољики-4000 гектар;

-чойкањак 50 гектар;

-коњкути -50 гектар;

ӯи модарон-40 гектар;

-гули бобуна 50 гектар

Гиёҳҳои шифобахш кишт карда мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,2

 

0,2

-

 

2023

0,2

 

0,2

-

 

2024

0,2

 

0,2

-

 

2025

0,2

 

0,2

-

 

2026

0,2

 

0,2

-

 

 

1.0

 

1.0

 

 

34.

Ҷамъоварии  гиёҳҳои шифобахш

(100 тонна)

Ҷамъоварӣ карда мешавад,

ҳамасола 20 тн

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисањои давлатии хоҷагиҳои ҷангал

2022

0,1

-

0,04

0,06

 

2023

0,1

-

0,04

0,06

 

2024

0,1

-

0,04

0,06

 

2025

0,1

-

0,04

0,06

 

2026

0,1

-

0,04

0,06

 

 

0,5

 

0,2

0,3

 

9. ТУХМИПАРВАРӢ ВА ХОҶАГИИ НИҲОЛПАРВАРӢ ДАР ҶАНГАЛ

35.

Таҳияи дастурамал оид ба ҷамъоварӣ ва нигоҳдории тухмиҳои аълосифат бо мақсади ташкил намудани пойгоҳи доимии тухмипарварӣ ва коллексияи фонди генетикии чормағзи юнонӣ, писта, бодом, арча, сафедор, саксаул ва дигар намудҳои асосии ҷангал ташкилдиҳанда

Дастурамалҳои дахлдор таҳия ва қабул карда мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал"

 

2022

0,16

0,1

0,02

0,04

 

2023

0,16

0,1

0,02

0,04

 

2024

0,16

0,1

0,02

0,04

 

2025

0,16

0,1

0,02

0,04

 

2026

0,16

0,1

0,02

0,04

 

 

0,8

0.5

0.1

0.2

 

36

Гузаронидани чорабиниҳо оид ба нигоҳдории дарахтони эндемикӣ ва қадима ( сафедори нуқраранг, туранга,  бодоми хордор, хурмои ёбоӣ, анори худрӯй, мурӯд, себ ва ғайраҳо), инчунин дар ҳолати зарурӣ баланд бардоштани мақоми муҳофизатии онҳо

Ҷиҳати ҳимояи фонди генетикии дарахтони эндемикӣ ва қадима чораандешӣ карда мешавад.

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Пажўњишгоњи илмї – тадќиќотии хоҷагии ҷангал

2022

0,22

0,1

0,02

0,1

 

2023

0,22

0,1

0,02

0,1

 

2024

0,22

0,1

0,02

0,1

 

2025

0,22

0,1

0,02

0,1

 

2026

0,22

0,1

0,02

0,1

 

 

1.1

0,5

0,1

0,5

 

37.

Ташкили анборҳои нигоҳдории тухмиҳо дар 21 хољагӣ

Дар 21 хоҷагӣ анборҳои нигоҳдорӣ ташкил карда мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,2

-

0,04

0,16

 

2023

0,2

-

0,04

0,16

 

2024

0,2

-

0,04

0,16

 

2025

0,2

-

0,04

0,16

 

2026

0,2

-

0,04

0,16

 

 

1.0

-

0,2

0,8

 

38

Ташкил поёгоҳи давлатии назорати тухмиҳои ҷангал

 

Пойгоҳи давлатии назорати тухмиҳо ташкил карда мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025

0,5

 

0.2

0,3

 

39

Бунёди қитъаҳои доимии тухмипарварӣ ва плантатсияҳо:

1) оид ба чормағзи юнонӣ:

- хоҷагии ҷангали шаҳри Ваҳдат 10 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт 10 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор 10 гектар,

- хоҷагии ҷангали «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат 10 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб 5 гектар,

- хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат- 1 гектар;

2) оид ба писта:

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара 10 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон 10 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷ 10 гектар,

- хоҷагии ҷангали шаҳри Бохтар 10 гектар;

3) оид ба чормағзи пекан:

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Қубодиён      10 гектар,

- хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Қубодиён 5 гектар;

4) оид ба бодом;

- хоҷагии ҷангали шаҳри Вахдат 1 гектар,

- хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Қубодиён – 5 гектар,

- хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Зафаробод 3 гектар;

5) оид ба ангат:

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб 1 гектар,

- хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Рашт 10 гектар,

- хоҷагии ҷангали «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат 5 гектар,

- хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент 5 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор 5 гектар,

- хоҷагии ҷангали ВМКБ – 10 гектар;

6) оид ба хуч:

- хоҷагии ҷангали шаҳри Ваҳдат 1 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб 0,5 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт 5 гектар,

- хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Зафаробод – 5 гектар

- хоҷагии ҷангали «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат 3 гектар:

7) оид ба сафедор:   

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб 1 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг 5 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Мӯъминобод 5 гектар,

- хоҷагии ҷангали «Ромит»-и – 5 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Балҷувон 5 гектар,

- хоҷагии ҷангали ВМКБ – 10 гектар,

- хоҷагии ҷангали вилояти Суғд 10 гектар;

8) оид ба саксаул:

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Қубодиён 20 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳритус 10 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноҳияи Ашт 20 гектар,

- хоҷагии ҷангали ноњияи Носири Хусрав 10 гектар.

Мавҷуд будани қитъаҳои доимии тухмипарварии ҷангал дар асоси селексионӣ

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,64

 

0.44

0,2

 

2023

0,64

 

0.44

0,2

 

2024

0,64

 

0.44

0,2

 

2025

0,64

 

0.44

0,2

 

2026

0,64

 

0.44

0,2

 

 

3.2

 

2.2

1.0

 

40.

Ҳамасола ҷамъоварӣ ва нигоҳдории намудҳои босифати тухмиҳо бо мақсади ташкили пойгоҳи доимӣ ва коллексияи фонди генетикии солона дар ҳаҷми 25 тонна оид ба чормағзи юнонӣ, писта, бодом, арча, сафедор, саксаул ва дигар дарахтони ҷангалташкилдиҳанда

Пойгоҳи тухмиҳои ҷангал бо намудҳои зарурии тухмиҳо  дар заминаи доимӣ таъмин мегарданд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,2

-

0,1

0,1

 

2023

0,2

-

0,1

0,1

 

2024

0,2

-

0,1

0,1

 

2025

0,2

-

0,1

0,1

 

2026

0,2

-

0,1

0,1

 

 

1.0

 

0,5

0,5

 

10. ТАШКИЛИ АСОСҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ БАРӮЙХАТГИРӢ, ҶАНГАЛСОЗӢ ВА МОНИТОРИНГ

41.

Асосноккунии техникию иқтисодӣ доир ба таъсиси корхонаи ҷангалсозии Тоҷикистон

Корхонаи ҷангалсозӣ ташкил карда мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,1

-

0,02

0,08

 

2023

0,1

-

0,02

0,08

 

2024

0,1

-

0,02

0,08

 

2025

0,1

-

0,02

0,08

 

2026

0,1

-

0,02

0,08

 

 

0,5

 

0.1

0,4

 

42.

Таҳияи дастурамалҳо оид ба барӯйхатгирии љангалњо

Дастурамал оид ба барӯйхатгири ҷагалҳо таҳия карда мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,75

0,25

0,25

0,25

 

2023

0,75

0,25

0,25

0,25

 

 

1.5

0.5

0.5

0.5

 

43.

Таҳияи ва қабули дастурамал ва тартиби љангалсозї

 

Дастурамал ва тартиби дахлдор таҳия ва қабул карда мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,35

0,05

0,05

0,25

 

2023

0,35

0,05

0,05

0,25

 

 

0,7

0,1

0.1

0.5

 

 

 

 

 

 

 

44.

Таъмини техника, таљњизоту лавозимот ва асбобҳои зарурӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии ҷангалҳо ва ҷангалсозӣ

 

Техника, таљњизоту лавозимот ва асбобҳои  зарурӣ таъмин карда мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

1,2

0,2

0,2

0,98

 

2023

1,2

0,2

0,2

0,98

 

2024

1,2

0,2

0,2

0,98

 

2025

1,2

0,2

0,2

0,98

 

2026

1,2

0,2

0,2

0,98

 

 

6,9

1.0

1,0

4,9

 

45.

Тайёр намудани мутахассисон

Кормандон дар курсњои махсус бо љалби мутахассисони ботаљриба аз такмили ихтисос гузаронида мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,3

0,1

0,02

0,18

 

2023

0,3

0,1

0,02

0,18

 

2024

0,3

0,1

0,02

0,18

 

2025

0,3

0,1

0,02

0,18

 

2026

0,3

0,1

0,02

0,18

 

 

1,5

0.5

0,1

0,9

 

46.

Мониторинги љангал ва гуногунии биологї

Мониторинги гуногунии биологии ҷангал гузаронида мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал"

2022

0,18

0,1

0,02

0,06

 

2023

0,18

0,1

0,02

0,06

 

2024

0,18

0,1

0,02

0,06

 

2025

0,18

0,1

0,02

0,06

 

2026

0,18

0,1

0,02

0,06

 

 

0,9

0.5

0,1

0,3

 

11. ГУЗАРОНИДАНИ  БАРЎЙХАТГИРӢ, ҶАНГАЛСОЗӢ ВА МОНИТОРИНГИ ЉАНГАЛЊО

47.

Гузаронидани барўйхатгирии љангалњо

Барўйхатгирии љангалњо бо усули интихобї дар 10  муассисаҳои давлатии хољагии љангали шаҳру ноҳияҳои  Панҷакент, Ашт, Фархор, Ховалинг, Шамсиддин  Шоҳин, Балҷувон ва Қуабодиён, гузаронида мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

2,04

-

0,04

2,0

 

2023

2,04

-

0,04

2,0

 

2024

2,04

-

0,04

2,0

 

2025

2,04

-

0,04

2,0

 

2026

2,04

-

0,04

2,0

 

 

10, 2

-

0,2

10,0

 

48

Гузаронидани  љангалсозӣ (баҳодиҳӣ, банақшагирӣ, муайян намудани захираҳои ҷангал, харитасозии ҷангалҳо ва амалҳои дигари алоқаманд ба ҷангалсозӣ)

 

 

Љангалсозї дар 21 хоҷагии ҷангал

гузаронида мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маќомоти иљрояи мањаллии њокимияти давлатї

2022

4,0

-

0,04

3,96

 

2023

4,0

-

0,04

3,96

 

2024

4,0

-

0,04

3,96

 

2025

4,0

-

0,04

3,96

 

2026

4,0

-

0,04

3,96

 

 

20,0

-

0,2

19,8

 

49.

Ҷамъоварии маълумот, таҳлил ва таҳияи кадастри ҷангалҳо

Маълумоти объективӣ ва шаффоф оид ба ҳолати захираҳои ҷангалӣ коркардшуда, кадастри ҷангалҳо ташкил мегардад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал

2022-2026

-

-

-

-

 

50.

Тартиб додани харитаи  хатари сӯхтор дар ҷангалҳои Тоҷикистон

Харитањои хавфи сўхтори љангалњо тартиб дода мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои ҷангалсозии Ҷумњурии Тољикистон

 

2023

0,16 (0,163)

-

0,033

0,13

 

2024

0,16

-

0,033

0,13

 

2025

0,16

-

0,033

0,13

 

 

0,5 (0,489)

-

0,1 (0,099)

0,4 (0,39)

 

12.  РУШДИ ЗАХИРАҲОИ КАДРӢ

51.

Баланд бардоштани музди меҳнати кормандони хоҷагиҳои љангал дар доираи даромадҳои худӣ

Аз њисоби даромадҳои худи  музди меҳнати кормандон баланд бардошта мешавад

Муассисаҳои давлатии  хоҷагиҳои ҷангал

2022-2026

-

-

-

-

 

52.

Таъмини шароитҳои муносиби меҳнат ба кормандон

Кормандон  бо ҷои муносиби корӣ, либосҳои махсус ва аломатҳои фарқкунанда, инчунин воситаҳои махсуси техникӣ (дурбин, силоҳ, аспи саворӣ, техника ва ғайра) таъмин мегарданд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

2,0

1,0

0,2

0,8

 

13. БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАХАССУСИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҶАНГАЛ

53.

Тайёр кардани мутахассисони соња

Роҳҳои ҳар сол дар асоси имтиёз накамтар аз 5 донишҷӯ  барои таҳсил фиристонида  ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва ё давлатҳои хориҷӣ коркард шуда, шуъба оид ба тайёр намудани мутахасисони сатҳи миёнаи хоҷагии ҷангал  дар Коллеҷи техникии Душанбе барқарор мегарданд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумњурии Тољикистон

Ҳамасола

016

 

0,06

0,1

 

 

0,16

 

0,06

0,1

 

 

0,16

 

0,06

0,1

 

 

0,16

 

0,06

0,1

 

 

0,16

 

0,06

0,1

 

 

0,8

-

0,3

0,5

 

54.

Њавасмандгардонии мутахассисони љавони соҳаи ҷангал

Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ  барои шиносоӣ ва гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ аз рӯи касбҳои интихобкарда дар ташкилотҳои хоҷагии ҷангал ҷалб мегарданд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти муассисаҳои таълимии дахлдор

Ҳамасола

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

55.

Љалби мутахассисони ботаҷриба дар соҳаи ҷангал

 

 Мутахассисони ботаљриба бо роҳҳои ҳавасмандкунӣ ба кор дар соҳа ҷалб карда мешаванд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола

0,04

0,02

 

0,02

 

 

0,04

0,02

 

0,02

 

 

0,04

0,02

 

0,02

 

 

0,04

0,02

 

0,02

 

 

0,04

0,02

 

0,02

 

 

0,2

0,1

 

0,1

 

14. ИЛМ ВА НАВОВАРИҲО ДАР ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

56.

Таҳия ва тасдиқи нақшаи корҳои илмӣ бо дар назар доштани талаботҳои муосири соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026

Нақша таҳия ва тасдиқ мегардад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал"

2022-2026

 

 

 

 

 

57.

Ташкили ташхисгоҳ оид ба муҳофизати биологии ҷангалзорҳо дар ҳайати Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал

Ташхисгоҳ оид ба муҳофизати биологии ҷангалзорҳо ташкил карда мешавад

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал"

2022

0,1

 

0,02

0,08

 

2023

0,1

 

0,02

0,08

 

2024

0,1

 

0,02

0,08

 

2025

0,1

 

0,02

0,08

 

2026

0,1

 

0,02

0,08

 

 

0,5

                   

 

0,1

0,4

 

15. ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ИННОВАТСИОНӢ ОИД БА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК

 

 

58.

 

Тайёр намудани тавсиянома оид ба парвариши плантатсионии чормағзи юнонӣ, писта ва сафедор дар хоҷагиҳои ҷангал бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ

Тавсияномаҳо оид ба парвариши плантатсионии чормағзи юнонӣ, писта ва сафедор дар хоҷагиҳои ҷангал бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ коркард шуда, дастрасии субъэктҳои дахлдор мегарданд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал"

2022

0,2

 

0,14

0,06

 

2023

0,2

 

0,14

0,06

 

2024

0,2

 

0,14

0,06

 

2025

0,2

 

0,14

0,06

 

2026

0,2

 

0,14

0,06

 

 

1,0

 

0,7

0,3

 

59.

Таҳияи чорабиниҳои инноватсионии мубориза бар зидди зараррасонҳои писта, чормағзи юнонӣ, арча ва ғайра, инчунин омода намудани тавсияномаҳо

Тавсияномаҳо оид ба зидди зараррасонҳои писта, чормағзи юнонӣ, арча ва ғайра коркард шуда, дастрасии субъэтҳои дахлдор мегарданд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022

0,5  

 

 

0,5

 

60.

Таҳияи усулҳо ва технологияҳо оид ба баланд бардоштани маҳсулнокии ҷангалҳо

Оид ба баланд бардоштани маҳсулнокии ҷангалҳо  усулҳо ва технологияҳои муосир коркард мегарданд

Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал"

2022

0,18

0,1

0,02

0,06

 

2023

0,18

0,1

0,02

0,06

 

2024

0,18

0,1

0,02

0,06

 

2025

0,18

0,1

0,02

0,06

 

2026

0,18

0,1

0,02

0,06

 

 

0,9

0.5

0.1

0,3

 

 

Ҳамагӣ маблағ

 

 

 

135,0

24,6

21,8

88,6

 

 

27.11.2024 13:06

Ахборҳо

Аксгузориш аз ҷараёни тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМ - РОҲНАМОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!
Ҷараёни тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз...

30.12.2024

2

Баргузории ҷаласа дар самти муқовимат бо коррупсия ва сабабу омилҳои рух додани он

Санаи 20 декабри соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар самти муқовимат бо коррупсия, бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқ...

23.12.2024

3

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.    Сардори шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
•    3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
•    Маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ,...

05.12.2024

1

Ҳаммаи ахборҳо
00:00