Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

RSS
Корҳои тайёр кардани замин барои ниҳолшинонӣ
Корҳои тайёр кардани замин барои ниҳолшинонӣ

     Бо фаро расидани мавсими ниҳолшинонӣ, ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи шинонидани дарахтон дар Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал», ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023, корҳои тайёр кардани замин барои ниҳолшинонӣ шурӯъ гардида, корҳо дар ин самт бо маром идома дорад.

17 ноября 2022 10:05

10

Семинар дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ояндаи устувор бо ҷангалҳо
Семинар дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ояндаи устувор бо ҷангалҳо

Аз 27 то 29 октябри соли 2022 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон семинари Корея ва Осиёи Марказӣ оид ба ояндаи устувор бо ҷангал баргузор гардид.
Мавзӯъҳои семинар:

1.Кабудизоркунӣ ва такмили маблағ барои минтақаҳои дуҷониба

2.Ҳамкории ҷангал дар байни Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ

3.Ҳуҷҷати ҷангал, сиёсати ҷангал, соҳаҳои эҳтимолии ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ

4.Шарикии манзараи Осиё

17 ноября 2022 09:03

1

Ҷаласа бахшида ба иди касбии "Рӯзи иттифоқи касаба"
Ҷаласа бахшида ба иди касбии "Рӯзи иттифоқи касаба"

     Иди касбии “Рӯзи иттифоқи касаба”, имсол рӯзи 24 октябр бо розигии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сентябри соли 2022, №32045 (43), мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон “Дар бораи рӯзҳои ид” “Рӯзи иттифоқи касаба 24 октябр бори нахуст ҳамчун рӯзи иди касбӣ пешвоз гирифта мешавад.
        Гузаронидани ҷаласа бахшида ба рӯзи Иттифоқи касаба дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ин ид дар арафаи 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
        Дар ин давра дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари соҳибистиқлолу демократии мо дигаргуниҳоии азиму назарраси аҳамияти ҷаҳонӣ дошта ба вуқуъ омад, эътибор ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувору таувим ёфт, ки ҳамаи ин мувафаќиятҳо бевосита бо фаъолияти дурандешонаи Сарвари давлат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.
       Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўзҳо ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле пеш рафта, соҳаи ҷангалпарварӣ низ яке аз соҳаи муҳими иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, ки кормандони он аъзоёни иттифоқи касаба мебошанд.
      Бинобар ин дар анҷоми ҷаласа ба кормандон ва фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи хоҷагии ҷангал бо ифтихорномаҳо ва бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

25 октября 2022 16:29

6

Ҷашн гирифтани Иди Меҳргон аз ҷониби кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷашн гирифтани Иди Меҳргон аз ҷониби кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

       

        “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.” Эмомалӣ Раҳмон

        Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
        15-уми октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Агентии хоҷагии ҷангал, дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои ва шаҳру ноҳияҳо Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаҳои кишоварзӣ ва Иди асал бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар ҷашнгоҳ  деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тару тозаи  кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро  бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат   хӯрокҳои миллӣ  омода шуда, ҳунармандони  мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.
         Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиёни фаъоли Иди Меҳргон бо сипосномаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Агентии хоҷагии ҷангал сарфароз гардонида шуданд.
 

        Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
        Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон.

19 октября 2022 14:28

4

Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти 9- моҳи соли 2022
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти 9- моҳи соли 2022

        Санаи 13 октябри соли 2022 соати 9:00 дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар 9 - моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 баргузор гардид.
        Дар кори ҷаласа роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал”, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
         Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор, таъмини иҷрои барномаи соҳавӣ ва нақшаҳои истеҳсолӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
            Аз натиҷаи он қарори дахлдор қабул гардид, ки барои иҷро ба сохторҳо манзур карда мешавад.

17 октября 2022 11:12

4

Маъракаи баҳисобгирии сабзиши ниҳолҳо
Маъракаи баҳисобгирии сабзиши ниҳолҳо

          Айни замон тибқи фармоиши Агентӣ аз 22.08.2022, № 92 “Дар бораи гузаронидани баҳисобгирии тирамоҳии сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда ва тухмиҳои кишткардашуда” дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чорабинии баҳисобгирии сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда ва тухмиҳои кишткардашуда дар мавзеъҳои бунёду барқароркунии ҷангал, талу теппаҳои шафати шоҳроҳҳои автомобилгард ва ниҳолҳои мавҷуда дар корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал бо маром идома дорад.

10 октября 2022 14:26

6

Баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони муҳандисӣ-технакӣ ва коргузорони ташкилоту муассисаҳои системаи хоҷагии ҷангал
Баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони муҳандисӣ-технакӣ ва коргузорони ташкилоту муассисаҳои системаи хоҷагии ҷангал

        Дар асоси фармоиши Агентӣ аз 6 сентябри соли 2022, таҳти № 98 “Дар бораи Барнома ва нақшаи гузаронидани машғулиятҳои омўзишӣ барои кормандони муҳандиси-техникӣ ва коргузорони ташкилоту муассисаҳои системаи хоҷагии ҷангал” аз 13 сентябр то 4 октябри соли ҷорӣ 10 машғулияти омўзишӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, зиёда аз 175 нафар кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал аз тамоми ташкилоту муассисаи системаи Агентӣ ба омўзиш фаро гирифта шуданд, ки он барои фаъолияти самараноки минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад намуд.
       Аз ҷумла, бо фармоишҳои Агентӣ аз 12 сентябри соли 2022, № 96 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Данғара, Ванҷ ва минтақаи Кулоб, аз 19 сентябри соли 2022, № 99 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияи Айнӣ ва вилояти Суғд, аз 23 сентябри соли 2022, № 102 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳритус, шаҳри Ваҳдат ва Рашт шахсони масъули дастгоҳи марказии Агентӣ сафарбар гардиданд. Инчунин, машғулияти ҷамъбастии он санаи 4 октябри соли љорӣ дар бинои Агентӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агенти, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Шаҳринав, “ Қаратоғ”- шаҳри Турсунзода ва минтақаи ҷангалпарварии “ Эсанбой”- и ноҳияи Рудакӣ баргузор карда шуд.
       Боиси тазаккур аст, ки машғулиятҳои омўзишии гузаронидашуда ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2022, №28/10-348(6) оид ба гузаронидани семинару тренингҳо бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал амалӣ карда шуданд.
      Ҳамзамон аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ таклифу пешниҳодҳо барои самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор, ворид намудани тағийроту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, манфиатнок будани машғулиятҳои омўзишӣ ва минбаъд низ мунтазам гузаронидани онҳо манзур карда шуд.
Қайд бояд кард, ки машғулиятҳои омӯзишии мазкур бо дастгирии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар доираи лоиҳаи Барномаи минтақавӣ “Истифодаи ҳамгироёнаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардидааст.

10 октября 2022 13:54

8

Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Идоракунии устувори ҷангалҳои пистазор ва усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Идоракунии устувори ҷангалҳои пистазор ва усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”


     Санаи 26-27 июли соли ҷорӣ бо иқдоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар доираи Барномаи минтақавии “Истифодаи ҳамгироёнаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Идоракунии устувори ҷангалҳои пистазор ва усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангал ва мутахассисони муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентӣ, намояндагони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, инчунин намояндагони ташкилоти GIZ иштирок намуданд.
      Дар рӯзи аввали семинар ҷанбаҳои назариявӣ ва консептуалии идоракунии ҷангалҳои пистазор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Иштироккунандагон бо пешбурди корҳои хоҷагии ҷангал дар самти технологияи нави парвариши ниҳолҳои писта, бунёд ва барқароркунии пистазорҳо, технологияи ташкили плантатсияҳои замонавӣ, усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва асосҳои идоракунии устувори пистазорҳо шинос шуданд.
      Боиси тазаккур аст, ки дар рӯзи 2-юми семинари омӯзишӣ иштирокчиён ба хоҷагии ҷангали Хуросон сафар карда, оид ба ташкили корҳои ҳифзу нигоҳдорӣ, бунёду барқароркунии пистазор дар минтақаҳои хушкӣ шинос шуда, корҳои амалӣ оид ба усулҳои пайванди дарахтони синну солашон гуногун, аз ҷумла навниҳолҳо бо истифода аз технологияи муосир гузарониданд.
Донишу таҷрибаи аз натиҷаи семинари омузишӣ гирифтаи кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал барои минбаъд истифода намудани усулҳои нав дар пешбурди корҳои хоҷагии ҷангал дар самти парвариши писта, таъмин намудани идоракунии устувори пистазорҳо ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо мусоидат менамояд.

29 июля 2022 10:48

4

НИШАСТИ МАТБУОТИИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ
НИШАСТИ МАТБУОТИИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

     Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2022, №26/10-272 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 санаи 27 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Агентии хоҷагии ҷангал Юсуфзода А.Ғ., муовинони директор, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал” баргузор гардид.

        Дар чорабинии мазкур намояндагони ВАО, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Илм ва табиат”, “Ҷаҳоннамо”, инчунин радиои “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе” ва “Фарҳанг”, АМИТ “Ховар” ва рӯзномаҳои мухталифи ҷумҳурӣ, аз ҷумла рӯзномаи “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва ҳафтаномаҳо иштирок намуданд.

       Дар нишасти матбуотии Агентӣ масъалаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

     Дар ибтидо аз рӯи рӯзнома директори Агентӣ Юсуфзода А.Ғ. оид ба фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 суханронӣ намуд. Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои мухталифи ба соҳаи ҷангал ва шикор алоқаманд саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони масъули Агентӣ посухҳои қаноатбахш дода шуданд.

 

28 июля 2022 08:40

1

Таҷлили 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Агентии хоҷагии ҷангал
Таҷлили 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Агентии хоҷагии ҷангал

   

    24-уми июни соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал Шарифзода Давлаталӣ Ҷумъа ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуд.
        Сипас, корманди дастгоҳи марказии Агентӣ номзади илмҳои филологӣ Маҷид Салим бахшида ба ҷашни пуршукӯҳ- Ваҳдати миллӣ маърӯзаи худро ироа намуд. Маҷид Салим дар суханронии худ иброз намуд, ки маҳз бо саъю кӯшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, 27 июни соли 1997 рӯзи муқаддас барои тоҷикони ҷаҳон аст.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Созишномаи мазкур миллати тоҷикро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун кашида, сарзамини Тоҷикистонро аз парокандагӣ наҷот дод.       
Боиси тазаккур аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати комил бо саъйю кӯшиш ва ҷонисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Пешвои муаззами миллат тавонист, дар ҳаллу фасли мушкилоти низоъҳои дохилӣ, бозгашти фирориён намунаи баланди ҷасорату фидокорӣ нишон диҳад.

24 июня 2022 15:46


13.04.2022 12:55

Ахборҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд....

19.03.2024

12

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи  Муъминобод

11.03.2024

6

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

11.03.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00