Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иштирок дар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ дар Қатар ва мулоқот бо Амири Қатар 17.02.2024

22 февраля 2024 16:11

Иштирок дар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ дар Қатар ва мулоқот бо Амири Қатар
17.02.2024
http://www.president.tj/node/32712

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, ки бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ сафари корӣ анҷом медиҳанд, барои тамошои мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба майдони васеи хоси ин бозиҳо ташриф оварданд.

Дар макони баргузории ин мусобиқаи бошукӯҳ, ки барои Ҷоизаи Амири Давлати Қатар баргузор мегардад, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба толори мулоқот даъват намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Амири Давлати Қатарро бо баргузории бомуваффақияти мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ шодбош гуфта, барои даъват ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро, ҳамчунин, бо пирӯзии дастаи миллии кишвараш дар чемпионати Осиё доир ба футбол табрику таҳният гуфта, барои пазироии шоиста аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо изҳори қадрдонӣ намуданд.

Амири Давлати Қатар дар навбати худ ба ҳаштгонаи дастаҳои беҳтарини футболи Осиё ворид шудани дастаи Тоҷикистонро дастоварди пуршараф номида, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин натиҷаи баланд шодбош гуфтанд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо зарурати тақвияти робитаҳои ду кишварро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карданд.

Пешвои миллат ба алоқамандии ҷониби мо ба ҷалби сармояи қатарӣ ба соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъданҳо ва кишоварзӣ бахусус ишора намуданд.

Дар ин зимн атрофи мувофиқаҳое, ки чанде пеш дар рафти сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Давлати Қатар ба даст омада буданд ва ҷараёни татбиқи онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо аз оғози фаъолияти амалии гурӯҳҳои муштараки корӣ ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда истиқбол намуданд.

Сарони ду давлати дӯст ҳамчунин доир ба як қатор мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули андеша карданд.

Пас аз мулоқот Амири давлати Қатар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тамошои якҷояи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба тамошогоҳи майдони васеи хоси ин бозиҳо даъват намуданд.

Суҳбати самимии сарони ду давлат ҳангоми тамошои пойгаҳи аспдавонӣ идома ёфт.

Тавре зикр гардид, ин намуди варзиш дар миёни мардумони араб, аз ҷумла қатариён, шуҳрати беандоза зиёд дорад ва дар он варзишгарони моҳиру номдор аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон иштирок намуда, ғолибон соҳиби ҷоизаҳои калон мегарданд.


Суратҳо

Манба:  http://www.president.tj/node/32712

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА «НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024»

Санаи 25-уми июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони Васоити ахбори омма (ВАО) доир гардид....

26.07.2024

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон ва намояндагони Васоити ахбори омма

Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2024, №26/10-227 ва аз 1 март...

23.07.2024

1

Фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар шаш моҳи соли 2024

Фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар шаш моҳи соли 2024

Санаи 9 июли соли 2024 дар толорои маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ доир ба се масъалаи зерин ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор...

09.07.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00