Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

19 марта 2024 11:34

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷеш Уки, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Мунирул Ислом, Подшоҳии Нидерланд Нико Схемерс, Ҷумҳурии Литва Навикас Эгидиюс, Ҷумҳурии Словакия Виктор Боретски, Ватикан Ҷорҷ Ҷорҷ Панамтундил, Ҷумҳурии Ангола Аугушто да Силва Куня, Ҷумҳурии Бенин Андре Акамби Окунлола-Биау, Ҷумҳурии Сйерра Леоне Моҳамед Йонгаво ва Ҷумҳурии Колумбия Эктор Исидро Аренас Нейра, эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ин маснад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки фаъолияти самараноки сафирон омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мулоқоти имрӯза дар айёме сурат мегирад, ки дар саросари сарзамини куҳантамаддуни Тоҷикистон накҳати яке аз зеботарин ҷашнҳои Машриқзамин - Наврӯзи оламафрӯз ба машом мерасад.

Бо истифода аз фурсати муносиб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони навтаъиншуда табрикоту таманниёти неки худро ба муносибати ин ҷашни байналмилалӣ иброз намуданд.

Зикр гардид, ки баробари мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз фазилатҳои неку созандаи он аз фазои милливу фарҳангиаш фаротар рафта, мазмуну тобиши ҷаҳонӣ касб кардааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Бангладеш, Шоҳигарии Нидерланд, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Словакия, Ватикан, Ҷумҳурии Ангола, Ҷумҳурии Бенин, Ҷумҳурии Сиерра-Леоне ва Ҷумҳурии Колумбия андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат зикр намуданд, ки Давлати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста саъй менамояд, то доираи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад. 

Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ равобити фаъолу созанда ба роҳ монда, пеш мебарад. 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авҷи бесобиқаи ташаннуҷ дар манотиқи гуногуни олам андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории пурсамари байнидавлатӣ ҳамчун омилҳои калидии устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти дучанд пайдо мекунад.

Таъкид гардид, ки дар ин замина давлати Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъиншударо бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.


Суратҳо

Манба:  http://president.tj/node/32961

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА «НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024»

Санаи 25-уми июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони Васоити ахбори омма (ВАО) доир гардид....

26.07.2024

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон ва намояндагони Васоити ахбори омма

Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2024, №26/10-227 ва аз 1 март...

23.07.2024

1

Фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар шаш моҳи соли 2024

Фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар шаш моҳи соли 2024

Санаи 9 июли соли 2024 дар толорои маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ доир ба се масъалаи зерин ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор...

09.07.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00