Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 июня 2024 17:52

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

1. Сармутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой

• 2 cол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

• Маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали  ягонаи тарифӣ.

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ - 1 ҷой.

• 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

• Маоши мансабӣ - 1286,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

3. Мутахассиси шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагири - 1 ҷой.

• Маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

4. Мутахассиси шуъбаи кадастр ва мониторинги давлатии ҷангал  - 1 ҷой.

• Маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

5. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой

• Маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали  ягонаи тарифӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

• таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

• донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

• донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Точикистон, ки ухдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

• мавчудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

• кор карда тавонистан бо компютер.

Мутахассиси шуъба бояд ба талаботи махсус чавоб дихад:

• дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.

Ҳуҷҷатҳои ба ОЗМУН пешниҳодшаванда:

• аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хоҷагии ҷангал;

• варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 донаги расмҳои андозаи 3х4 ва 4х6);

• тарҷумаи ҳол;

• нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

• маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

• нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

• маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

• нусхаи шиноснома;

• маълумотнома аз маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ;

• нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Қабули ҳуҷҷатҳо аз 17 майи соли 2024 оғоз гардида, рӯзи охирини қабул 30 июни соли 2024 мебошад. 

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кўчан Бўстон -3, телефон барои тамос: 2250643, 225-08-14, 225-08-16;  

Е-mail: forestry-agencytj@mail.ru; info@forest.tj; web:http://www.forest.tj



Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон

Баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
Санаи 14 октябри соли 2024 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

16.10.2024

3

Баргузории семинар – машварат дар мавзуи “Аҳамияти агроҷангалпарварӣ дар Тоҷикистон: имкониятҳои рушди устувор”

Санаи 8-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ва Хадамоти ҷангали Корея (KFS) дар мавзеи Моинкаҷи ноҳияи Рӯдакӣ семинар – машварат дар мавзуи...

11.10.2024

5

Суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалии ба муносибати 300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо-асоси сулҳу тараққӣ”

Муҳтарам Сердар Гурбангулиевич,

Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,

Пеш аз ҳама, мехоҳам шарик будани худро ба арзи сипосе, ки ба муҳтарам Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳаммедов ҷиҳати даъват ва меҳмоннавозии суннатӣ  баён...

11.10.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00