Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 ноября 2022 09:33

        

        Санаи 24 ноябри соли 2022 дар толори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
          Маҷлисро муовини директори Агентӣ Шарифзода Д.Ҷ. кушода, қайд намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” санаи 24 ноябр рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст ва   бахшида ба ин ҷашнвора кормандони Агентӣ ва тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба Рўзи Парчами давлатӣ табрик ва муборакбод намуданд.
         Ҳамчунин дар маҷлис кормандони Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон мудири шуъбаи бостоншиносӣ, номзади илмҳо Нуриддин Сайфуллоев ва мудири шуъбаи таърих, номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров зимни баромадҳояшон оид ба таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ суханронӣ намуданд.

 


                                     Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
                                     Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.
                                     Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
                                     Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
                                     Дар сафедияш роҳи бахти сафед,
                                     Мебарад моро ба фардои умед.
                                     Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
                                     Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.

 
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!



Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат ...

30.06.2025

Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

      

          Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
    барои ишғоли мансабҳои холии...

17.06.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00