Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА «НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024»

26 июля 2024 09:40

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА «НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024»
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА «НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024» Санаи 25-уми июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони Васоити ахбори омма (ВАО) доир гардид. Дар нишасти матбуотии Агентӣ маълумоти мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои соли ҷадид манзур карда шуд. Тибқи рӯзнома директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ нишасти матбуотиро ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 суханронӣ намуданд. Сипас, аз ҷониби рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои мухталиф вобаста ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва таъсири раванди тағйирёбии иқлим, барномаи давлатии рушди парвариши павловния, кабудизоркунии шафати роҳҳои байналмилалӣ саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони соҳа посухҳои мукаммал дода шуданд.

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат ...

30.06.2025

Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

      

          Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
    барои ишғоли мансабҳои холии...

17.06.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00