Санаи 9 июли соли 2024 дар толорои маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ доир ба се масъалаи зерин ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид:
1. «Оид ба натиљањои љамбасти фаъолияти Агентии хољагии љангали назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва ташкилоту муассисањои системаи он дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифањо то охири соли 2024»;
2. Баррасии пешнињоди Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза ба коррупсияи Љумњурии Тољикистон аз 1 апрели соли 2024, № 11-1029 оид ба бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки барои дар фаъолияти ташкилотҳо ошкору бартараф намудани хавфу омилҳои коррупсионӣ халал ворид мекунанд ва ҷиҳати таъсири бевоситаи онҳо ба фаъолият мусоидат менамоянд;
3. Баррасии пешнињоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2024, № 20/27-937 оиди бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда дар фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он.
Дар ҷаласаи мазкур сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, директорони хоҷагиҳои ҷангал дар ВМКБ, вилоятҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар шаш моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти нимсола мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.