Бо мақсади иҷрои банди 6 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, №3 ҷиҳати кабудизоркунии ду тарафи роҳҳои автомобилгарди гирду атрофи шаҳри Душанбе, инчунин роҳҳои самтҳои шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Варзоб Нақшаи чорабиниҳои Агентӣ таҳия ва тасдиқ гардид.
Ҳамчунин вобаста ба иҷрои банди 26 Нақша чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026” бунёди “минтақаи сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгардро пешбинӣ менамояд. Бо ҳамин мақсад дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба” ва нигодории ҷангал”-и шаҳри Душанбе, инчунин дар талу теппаҳои шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат санаи 17 декабри соли равон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, директори Агентӣ, муовини раиси ноҳияи Рудакӣ, олимон ва мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд, ки дар доираи ин чорабиниҳо зиёда аз 2000 бех ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда аз қабили сӯзанбарг, олучабандак ва бодом шинонида шуд.
Ҳамзамон тайёр кардани замин ва шинонидани ниҳолҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ бо маром идома дорад.