Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Омӯзиши усулҳои ташкили боғҳои саноатии писта дар асоси ҷангалҳои худрӯй ва аз тухмӣ рӯида”

14 июня 2023 14:24

         Санаи 9 июни соли 2023 семинар-тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Омӯзиши усулҳои ташкили боғҳои саноатии писта дар асоси ҷангалҳои худрӯй ва аз тухмӣ рӯида” дар мавзеи таҷрибавӣ – намоишии “Телевишка” – и Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон баргузор гардид.
         Дар семинари мазкур ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал ва Гурӯҳи кории татбиқи “Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор гардид, кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, ва сарҷангалпарварони муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали вилояти Хатлон иштирок доштанд.
         Дар семинар рӯнамоҳо ва маърӯзаҳо доир ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишт, бунёд ва идоракунии плантатсияҳои таҷрибавӣ, саҳмгузорӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори хоҷагии ҷангали Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуда,  қайд гардид, ки Лоиҳаи мазкур тибқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал байни Хадамоти ҷангали Кореяи Ҷумҳурии Корея ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
         Мақсади лоиҳаи мазкур барқарор кардани ҷангалҳо дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсоли писта, таҳкими иқтидор дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва мусоидат ба рушди муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар мебошад.



Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат ...

30.06.2025

Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

      

          Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
    барои ишғоли мансабҳои холии...

17.06.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00