Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулотҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд

03 апреля 2023 11:08

      Санаи 30 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд хатти оби полезиро, ки барои бунёди 150 гектар боғи хуч пешбинӣ гардидааст, ба истифода доданд.
       Ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард. Аз ин ру хатти оби полезӣ барои бунёди боғи мазкур аз масофаи 5,5 километр кашид шуда ба таври худҷореъ об то ба ин нуқта мерасад.
      Дар ҳамин мавзеъ Пешвои муаззами миллат ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни хоҷагии ҷангал аз ҷумла намунаи гиёҳҳои шифобахши бастубандгардида, шарбату афшураҳои гуногуне, ки аз маҳсулоти табии Тоҷикистон омода гардидаанд ва нӯшобаҳои аз анору хуч омодагашта ба намоиш гузошта шуда буд. Дар намоиши мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят ба миқдори 103 тонна хуч ҷамъоварӣ намуда, барои коркард ба корхонаҳо ва дигар харидорон пешниҳод кардааст.
     Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид масъулинро муваззаф намуданд, ки минбаъд барои ҷамъоварии босифати маҳсулот ва банду басти замонавии он ҳамаҷониба чораандешӣ намуда содироти маҳсулоти ниҳоии аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо тамғаҳои гуногун ба кишварҳои мухталиф афзоиш диҳанд.


Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА «НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024»

Санаи 25-уми июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони Васоити ахбори омма (ВАО) доир гардид....

26.07.2024

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон ва намояндагони Васоити ахбори омма

Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2024, №26/10-227 ва аз 1 март...

23.07.2024

1

Фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар шаш моҳи соли 2024

Фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар шаш моҳи соли 2024

Санаи 9 июли соли 2024 дар толорои маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ доир ба се масъалаи зерин ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор...

09.07.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00