Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сохтор

Раёсати хоҷагии ҷангал

     Таҳия ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳия ва таъмини назорати иҷрои Стратегия ва барномаҳои давлатӣ, таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон ва коргузориро раёсати хоҷагии ҷангал амалӣ менамояд. Раёсати мазкур вазифаҳои худро дар якчанд самтҳо роҳандозӣ менамояд:таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бунёд, барқароркунӣ, нигоҳубини ҷангал ва соҳаи илм, ҳифзи ҷангал, кишоварзӣ, маводҳои худруи ҷангал ва гиёҳҳои шифобахш, механизатсия ва сохтмони асосӣ.

 

Шуъбаи бунёду барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳо

     Шуъбаи бунёду барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳо сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ буда вазифаи батанзим даровардани корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ва пешбурди корҳои ниҳолпарварӣ дар Корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар самти парвариши ниҳолҳо мебошад.


Шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо 

       Шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо воҳиди сохтори дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати давлатиро дар самти шикор ва хоҷагии шикор, ҳифзу афзунгардонии захираи ҳайвоноту парандагони шикорӣ ва истифодаи самаранокии онро амалӣ менамояд.


Шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ

    Шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирии Агентӣ қисми таркибии Агентӣ буда, фаъолияти пешбурди ҳисобдории Агентиро ба танзим медарорад. Шуъба таҳти сарпарастии директори Агентӣ ва дар асоси Низомномаи Агентӣ ва дастурамалҳои мансабии кормандон фаъолияти худро роҳандозӣ менамояд.

 

Шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

      Шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ яке аз сохторҳои асосӣ ва калидии дастгоҳи марказии Агентӣ мебошад, ки он самтҳои бақайдгирӣ, назорат ва содироти ҳуҷҷатҳо, кор бо кадрҳо, хизматрасонии ҳуқуқӣ, такмили ихтисос ва қонунгузории ҷангалро дарбар мегирад. Аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ ҳар моҳ таҳлили рафти иҷрои Амру Фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубу дархостҳои вазорату идораҳо, Нақшаи кории Агентӣ барои нимсола, қарорҳои ҳайати мушовараи Агентӣ, протоколҳо ва дигар супоришҳои Директори Агентӣ гузаронида шуда, маълумотҳои хаттӣ ба директори Агентӣ пешниҳод мегарданд.

   

  Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот

    Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилооти Агентӣ бо мақсади ҳамоҳанг сохтани ҳамкориҳои Агентӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, намояндагии кишварҳои хориҷӣ, Конвенсияҳои СММ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва ҳифзи хоҷагии ҷангал фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст.

    

  Шуъбаи кадастр ва мониторинги давлатии ҷангал

       Шуъбаи кадастр ва мониторинги давлатии ҷангал сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ буда бо мақсади дастрас намудани маълумоти асоснок оид ба ҷойгиршавии заминҳои фонди ягонаи ҷангал, ҳифз ва истифодабарӣ, инчунин ба низом даровардани муносибатҳои ҷангалдорӣ мебошад. Мониторинги давлатии ҷангал аз мушоҳида ва мулоҳизаи хоҷагии ҷангал, баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба пешгирию бартараф кардани оқибатҳои манфӣ дар ҳифзу ҳимоя ва барқароркунии ҷангал иборат мебошад.


14.10.2022 13:37

Ахборҳо

Иштироки намояндагони Агентӣ дар тренинг оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағирёбии иқлим

     6 декабри соли 2022 дар доираи дастгириҳои Фонди Иқлими Сабз тренинг оид ​​ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағирёбии иқлим, ки дар меҳмонхонаи «Хилтон» баргузор гардид, иштирок намуданд....

07.12.2022

3

Корҳои Бунёду барқароркунии саксаул дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок

          

Дар доираи Лоиҳаи “Барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва мутобиқшвавӣ ба ...

02.12.2022

2

Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

        

        Санаи 24 ноябри соли 2022 дар толори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии...

25.11.2022

8

Ҳаммаи ахборҳо
00:00