Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо

Шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

         Шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо воҳиди сохтори дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, №132 Низомномаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, сиёсати давлатиро дар самти шикор ва хоҷагии шикор, ҳифзу афзунгардонии захираи ҳайвоноту парандагони шикорӣ ва истифодаи самаранокии онро амалӣ менамояд. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор муайян гардидааст.

         Шуъба фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор”, инчунин Низомнома дар бораи шикор ва хоҷагии шикор, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.02.1997, №324 тасдиқ гардидааст ба роҳ монда, дар асоси низомномаи Агентӣ ва дастуру фармоишҳои Агентӣ фаъолияти худро роҳандозӣ менамояд.

          Низомномаи шуъба бо фармоиши директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2014, №42 тасдиқ гардидааст.

          Шуъба фаъолияти худро дар асоси Низомномаи шуъба ба роҳ монда ҳамасола дар асоси нақша-чорабиниҳо таҳия ва бо фармоиши директори Агентӣ тасдиқ намуда, дар самти шикор ва ҳифзу нигоҳдорӣ ва афзунгардони ҳайвонҳои шикорӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ва истифодаи самараноки захираҳои фонди шикор таъмин менамояд.

          Дар асоси басти воҳидҳои кории Агентӣ дар шуъбаи шикор 4 нафар фаъолият доранд: сардори шуъба, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис, ки тибқи дастурамали мансабӣ вазифаҳои хизматии худро иҷро намуда, ба категорияиҳои хизматчиёни давлатӣ дохил шудааст.

           Кормандони шуъба фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор” 2014 сол ва Низомнома дар бораи шикор ва хоҷагии шикор аз 16.02.1997, №324 ба роҳ монда оид ба ташкил ва танзими шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузошта истодаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор” заминаи ҳуқуқӣ ва иқтисодиро барои ташкили хоҷагиҳои шикорӣ ва пешбурди фаъолият дар самти шикор дар заминҳои фонди давлатии ҷангал фароҳам овард. (№1118 аз 26 июли соли 2014)

Қонуни мазкур аз 8 боб ва 48 модда иборат буда, муқаррароти умумӣ доир ба шикор, идоракуниӣ оид ба нигоҳдорӣ ва танзимдарории захираҳои шикор, ҳайвоноти ваҳшӣ, истифодаи фонди шикор, қоидаҳои шикор, мониторинги банақшагирӣ ва пешбурди хоҷагидории шикорӣ, инчунин назорат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро дар бар мегирад.

Назорати давлатӣ, риояи қоида ва муҳлати шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар асоси ҳисоботи саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон меъёри шикори ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагонро муайян намуда мавсими шикорро оғоз ва анҷом медиҳанд.

Меъёри шикори ҳайвоноти ваҳшӣ ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон литсензия (иҷозатнома) дода мешавад. Ба дигар намуди ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон барои шикори варзишию солимгардонӣ аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхатҳо дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани шикори ғаниматӣ ва шикори ҳавасмандию варзишӣ муҳлати зерин муқарар карда шудааст.

1.     Барои шикори ҳайвоноти ваҳшӣ (ҷуфтсумҳо) аз 1.09. то 31.03;

2.     Барои шикори хуги ваҳшӣ, бузи куҳии сибирӣ, қашқалдоқ аз 01.09 то 31.декабр;

3.     Барои шикори муши оби (нутрия), саги оби (видра), сафсор аз 15 ноябр то 01 март;

4.     Барои шикори харгуш аз 1 сентябр то 31 декабр;

5.     Барои шикори рубоҳ, шағол, гург аз 01 ноябр то 01 март;

6.     Барои шикори суғури думдарози сурх дар ҳудуди ВМКБ аз 01 августи то давраи хобравӣ ва дигар ҳудудҳо аз 20 июл то давраи хобравӣ;

7.     Барои шикори кафтар, кабк, мурғобӣ ва дигар намуди парандагони шикори оби – ботлоқӣ аз 01 сентябр то 15 январ;

8.     Барои шикори ғоз ва дигар парандагон аз 01 октябр то 15 январ;

 

Руйхати ҳайвоноту нодир, ки ба Китоби сурхи

Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидаанд

1.     Гӯсфанди кӯҳии помирӣ (Марко Поло)

2.     Гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал)

3.     Бузи кӯҳии пармашох (Морхӯр)

4.     Оҳуи бухороӣ туғайзор (Гавазн)

5.     Ҷайран (Сайгак)

6.     Гурги сурх

7.     Силовсин

8.     Бабри осиёмиёнагӣ

9.     Хирси маллаи тяншонӣ

10. Саги обӣ

11. Кафтари рах-рах

12. Паланги даштӣ

13. Гурбаи қамишзор

14. Қашқалдоқи туркистонӣ

15. Суғури мензбира

16. Ҷайраи ҳиндӣ

17. Юрмони зард

18. Лочин, бургут, шоҳин ғаҷир

19. Боз

 

Руйхати ҳайвоноту парандагони шикорӣ,

ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил нагардиданд

1.     Бузи куҳии сибирӣ

2.     Хуги ваҳшӣ

3.     Қашқалдоқ

4.     Рӯбоҳ, шағол

5.     Савсор

6.     Суғури сурх

7.     Харгуш

8.     Муши обӣ

9.     Кабки сангзор

10. Кафтар

11. Ғози бур

12. Мурғобӣ

Аз ҷониби Ҷаноби олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба рушди соҳаи шикор мусоидат намуда, дар ин давра хоҷагиҳои шикорӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ташкил гардида, рушд ёфта истодаанд. Дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал инфрасохтори сайёҳӣ ва мемонхонаҳо барои сайёҳон ва шикорчиёни дохилию хориҷӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ сохта шуда истодаанд, ки дар оянда ҷалби шикорчиёни дохилию хориҷӣ зиёд гардида ба буҷети давлат маблағгузорӣ ва барои аҳолии маҳаллаи ҷойҳои нави корӣ ва зиндагии арзанда муҳаё мегардад.

 

 

 

29.10.2022 06:57

Ахборҳо

Иштироки намояндагони Агентӣ дар тренинг оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағирёбии иқлим

     6 декабри соли 2022 дар доираи дастгириҳои Фонди Иқлими Сабз тренинг оид ​​ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағирёбии иқлим, ки дар меҳмонхонаи «Хилтон» баргузор гардид, иштирок намуданд....

07.12.2022

3

Корҳои Бунёду барқароркунии саксаул дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок

          

Дар доираи Лоиҳаи “Барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва мутобиқшвавӣ ба ...

02.12.2022

2

Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

        

        Санаи 24 ноябри соли 2022 дар толори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии...

25.11.2022

8

Ҳаммаи ахборҳо
00:00