
АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040
28 марта 2025 14:44
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 июни соли 2024, № 374
Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (минбаъд – Барнома) дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шуда, самтҳои асосии рушди устувори ҷомеаро барои танзими тавозуни табиӣ, коҳиши ҳаҷми газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба раванди тағйирёбии иқлим, беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, муҳайё намудани шароити муҳити зисти солим, таъмини нигоҳдорӣ ва идоракунии устувори ландшафтҳои табиӣ, ташаккулдиҳии захираҳои гуногунии биологӣ, инчунин барои гузариши кишвар ба иқтисодиёти «сабз»-ро муайян менамояд.
2. Барнома ба нигоҳдории вазъи муътадили ҳавои атмосфера ва тавозуни табиии устувор, инчунин танзими асосҳои экологӣ, иқтисодӣ ва идоракунии самарабахши кабудизоркунӣ равона гардидааст.
3. Дар Барнома вазъи имрӯза, мушкилот ва монеаҳои ҷойдошта дар самти кабудизоркунӣ инъикос гашта, аз он ҷумла истифодабарии мақсадноки захираҳои мавҷуда дар пешбурди корҳои кабудизоркунӣ, ба вуҷуд овардани амалҳои мувофиқашуда ва ҳамоҳангшудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар масъалаи кабудизоркунӣ пешбинӣ мешавад.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
4. Мақсади Барнома аз амалисозии тадбирҳои зерин иборат мебошанд:
- солимгардонии муҳити зист;
- коҳиши газҳои гулхонаӣ;
- таъмини рушди иқтисодиёти «сабз»;
- бунёд, барқароркунии ҷангалзорҳо ва тасмаҷангалҳо;
- барқароркунии хатҳои муҳофизати ҷангал (дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ);
- таъмини рушди устувор ва амнияти экологӣ;
- кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист бо роҳи андешидани тадбирҳо оид ба мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим;
- таҳияи механизми иқтисодии кабудизоркунӣ;
- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ оид ба масъалаи кабудизоркунӣ;
- зиёд намудани шумораи ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ.
- Вазифаҳои Барнома аз иҷрои тадбирҳои зерин иборат мебошанд:
- васеъ намудани майдони кабудизоркунӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар;
- вобаста намудани ҳар як қитъаи замини кабудизоргардида ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахши хусусӣ ва аҳолӣ барои нигоҳубин ва ҳифзи он;
- риояи талаботҳои агротехникии ниҳолшинонӣ ҳангоми пешбурди корҳои кабудизоркунӣ ва таъмини сабзиши ниҳолҳо;
- таҳия ва амалӣ намудани нақшаи кабудизоркунӣ;
- баланд бардоштани донишу таҷрибаи мутахассисон дар самти кабудизоркунӣ;
- таҳия ва амалисозии тартиби мониторинги кабудизоркунӣ, механизми баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ бо истифода аз усулҳои муосири инноватсионӣ.
3. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ
6. Солҳои охир пуршиддат гардидани фаъолияти харобиовари табиатистифодабарандагон ба низоми экологӣ, муҳити атроф ва зисти солимии ҷомеа дар маҳаллаҳои аҳолинишин, хиёбону кӯчаҳо, инфрасохтори нақлиётӣ, минтақаҳои муҳофизатӣ ва тасмаҷангалҳо, назди биноҳои маъмурию хизматрасонӣ таъсири манфии худро расонида истодааст. Зеро ки барои таъмини рушди минтақаҳои кабудизоркунӣ амалисозии барномаи ҳадафнок пешбинӣ нагардида, ҷиҳати амалисозии тадбирҳои ҳифзу нигоҳдории тавозуни табиӣ ва ҳолати устувори системаҳои экологӣ дастгирии молиявию техникӣ ба таври зарурӣ пешбинӣ нашудааст.
7. Омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон оид ба кабудизоркунӣ нишон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайян андешидани маҷмуи чорабиниҳо, аз ҷумла ташкили корҳои ҷамъоварии тухмиҳои босифат ва ба роҳ мондани ниҳолпарварӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва масъулияти шаҳрвандон оид ба ҳифзу ниҳодории дарахту буттаҳо, ташкили корҳои илмию тадқиқотӣ ва истифодаи технологияи муосир дар ниҳолпарварӣ хеле муҳим мебошанд.
8. Ташкили корҳо оид ба ҷамъоварии тухмиҳои босифат ва ба роҳ мондани ниҳолпарварӣ заминаи асосӣ барои пешбурди корҳои кабудизоркунӣ мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хароҷоти асосиро дар корҳои кабудизоркунӣ дастрас намудани ниҳолҳои дарахту буттаҳо ташкил дода, барои таъмини сабзиши ниҳолҳо маблағ дар сатҳи зарурӣ пешбинӣ намегардад.
9. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ корҳои ниҳолпарварӣ асосан дар ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин қисман аз ҷониби бахши хусусӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ҷумҳурӣ 97 ниҳолхона/хоҷагии ниҳолпарварӣ, аз ҷумла дар сохтори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 13 хоҷагии ниҳолпарварӣ, дар назди Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 хоҷагии ниҳолпарварӣ ва 43 ниҳолхонаи хурд, дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 ниҳолхона, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – 27 ниҳолхонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ мавҷуд мебошанд. Дар умум, ҳамасола парвариши то 2,8 млн бех ниҳолҳо ба роҳ монда шуда, аз он барои шинонидан 1,5 млн бех ниҳолҳо тайёр мебошанд, ки ин ба раванди босуръати кабудизоркунии кишвар нокифоя арзёбӣ карда мешавад.
10. Мушкилоти асосии ниҳолпарварӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- нокифоя будани шумораи ниҳолхонаҳо ва кам будани масоҳати замини ба онҳо вобасташуда;
- нокифоя будани таъминоти моддию техникии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ;
- ба стандартҳои мавҷуда ҷавобгӯй набудани аксар ниҳолҳои парваришшаванда;
- норасоии мутахассисони соҳаи ниҳолпарварӣ;
- дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба ниҳолпарварӣ;
- мавҷуд набудани маркетинг ва бозори амалкунандаи фурӯши ниҳолҳо;
- дар сатҳи зарурӣ ташкил накардани корҳо оид ба парвариши намудҳои хоси маҳаллӣ (эндемикӣ)-и дарахту буттаҳо;
- нокифоягии шумораи ниҳолхонаҳо дар минтақаҳои иқлимии гуногуни кишвар;
- риоя нагардидани талаботҳо оид ба карантини растаниҳо дар самти ниҳолпарварӣ;
- истифода нагардидани технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар ниҳолпарварӣ, махсусан парвариши ниҳолҳо дар шакли решаи пӯшида;
- ба таври зарурӣ истифода нагардидани обёрии қатрагӣ;
- фарсуда ва корношоям будани аксар пойгоҳҳои обкашӣ;
- мавҷуд набудани механизми ҳавасмандкунии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ;
- мавҷуд набудани имтиёзҳо, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои нигоҳдорӣ ва ташкили хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ;
- пешбинӣ нагардидани қарзҳои имтиёзнок барои ташкили корҳои ниҳолпарварӣ.
11. Пешбурди корҳои кабудизоркунӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз ҷониби вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад, ки он натиҷаи назаррас надода, нишондиҳандаи сабзиши ниҳолҳо паст мебошад.
12. Омилҳои асосии сабзиши нокифояи ниҳолҳо ва натиҷаи дилхоҳ надодани корҳои кабудизоркунӣ аз инҳо иборат мебошад:
- интихоби нодурусти қитъаҳои замин барои ниҳолшинонӣ;
- риоя нагардидани қоидаҳои агротехникӣ дар шинонидани ниҳолҳо ва нигоҳубину парвариши онҳо;
- риоя накардани реҷаи обмонӣ;
- истифода нагардидани усулҳои ҳозиразамони обёрӣ, аз ҷумла обёрии қатрагӣ;
- нарасидани оби полизӣ барои обёрӣ кардани мавзеъҳои кабудизоршуда;
- риоя нагардидани қоидаҳои чаронидан ва нигоҳдории чорво дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин ва тартиби интиқоли чорво ба чарогоҳҳои мавсимӣ;
- мавҷуд набудани механизми назорати дохилиидоравӣ, нигоҳубин ва таъмини сабзиши минбаъдаи ниҳолҳо дар мавзеъҳои кабудизоршуда.
13. Таъсири антропогенӣ ба муҳити зист дар тамоми манотиқи кишвар мушоҳида мешавад, ки ба ҳолати кабудизоркунӣ таъсири манфӣ мерасонад.
14. Ба талабот ҷавобгӯй набудани амалисозии назорати идоравию ҷамъиятии корҳои кабудизоркунӣ боиси он гардидааст, ки ҳамасола аксари ниҳолҳои шинонидашуда хушк мегарданд. Аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои барқароркунии заминҳои дар саноат истифодашуда (рекултиватсия), инчунин ба таври зарурӣ чорабиниҳои кабудизоркунии атрофи партовгоҳҳо ва иншооти обтаъминкунӣ ба роҳ монда нашудаанд.
15. Ҳамасола дар шафати шоҳроҳҳои кишвар намудҳои зиёди ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонда мешаванд, ки дар натиҷаи таъсири раванди тағйирёбии иқлим ва риоя нагардидани талаботи агротехникии шинондани ниҳолҳо нишондоди сабзиши онҳо нокифоя мебошад. Аз ин рӯ, дар доираи Барнома корҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар шафати роҳҳои таҷдидшудаи Айнӣ-Панҷакент, Обигарм-Нуробод, Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт, Данғара-Левакант-Бохтар, қитъаҳои Қалъаи Хумб-Ванҷ, шоҳроҳҳои Душанбе-Кулма, Қизилқалъа-Бохтар, Душанбе-Бохтар, Душанбе-Чаноқ, Бекобод-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом, Гулистон-Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ-Қубодиён-Шаҳритус, Данғара-Гулистон-Кӯлоб, Рӯшон-Хоруғ-Кулма, Хуҷанд-Конибодом, Хуҷанд-Ашт, инчунин ҳангоми бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо истифода аз усулҳои самарабахши ниҳолшинонии дарахтони омехта ва кабудизоркунӣ дар шароити табиати ёбоӣ, дар равандҳои инкишофёбӣ, зиёдшавии мавҷудоти зинда ва ташаккулёбии минтақаҳои истироҳатӣ (рекреатсионӣ) ба роҳ монда мешаванд.
16. Бо мақсади ҳифзу нигоҳдории тавозуни табиии ҳавои атмосфера, пешгирии равандҳои тағйирёбии иқлим, кам кардани таъсири баландшавии ҳарорати миёнаи курраи Замин ва пайомадҳои манфии он барои фаъолияти ҳаётии инсон, олами наботот ва пиряхҳои кишвар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои кабудизоркунӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
17. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо усулҳои манфиатбахши кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ кабудизор карда мешаванд.
4. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ КАБУДИЗОРКУНӢ
18. Такмили қонунгузории соҳавӣ ва рушди институтсионалӣ, ки самтҳои амал оид ба беҳдошти муҳити зист, банақшагирии давлатӣ, такмили нишондодҳои соҳавӣ ва байнисоҳавии мақсаднок, ташкил намудани низоми баҳисобгирии давлатию идоравӣ ва баҳодиҳии натиҷаҳои кабудизоркунии кишварро муайян менамояд, аҳаммияти муҳим дорад.
19. Нигоҳ доштани мувозинати экологӣ аз пешбурди корҳои кабудизоркунӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва бунёду барқароркунии ҷангалзорҳо вобаста аст. Барои ҳалли мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта иҷрои чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:
- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- нигоҳдории устувории гуногунии биологӣ, пурзӯр намудани ҳифз, барқароркунии ҷангалзорҳо, кабудизоркунии маҳалҳо ва таъмин намудани муҳити зисти солим;
- ба тавозуни муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал баргардондани заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки ба корхонаҳои кишоварзӣ ҳамчун чарогоҳ муҳлатнок вобаста карда шудаанд;
- гузаронидани баҳисобгирии заминҳои фонди давлатии ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва заминҳои дигари дорои хусусияти муҳофизатӣ;
- ташкил ва ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳандаи ба иқлими маҳал мутобиқ;
- рушди ниҳолхонаҳо барои парвариши ниҳолҳои намудҳои хоси маҳаллӣ ( эндемикӣ);
- бунёд ва барқароркунии ҷангалзорҳои аҳаммияти муҳофизати-дошта бо мақсади пешгирии таназзулёбии замин;
- омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самти ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ;
- ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд барои ташкили муҳити зисти солим ва беҳтар кардани ҳолати кабудизоркунии кишвар;
- таҳия ва ҷоринамоии тартиби мониторинги кабудизоркунӣ, механизми баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ бо истифода аз усулҳои муосири инноватсионӣ;
- саҳмгузории ҳар як вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар раванди кабудизоркунии кишвар;
- рушди ҳамкорӣ ва амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати кабудизоркунӣ.
5. АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
20. Амалисозии чорабиниҳои Барнома аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва аҳолӣ ба роҳ монда мешавад. Пешбурди корҳои кабудизоркунӣ аз рӯйи марзи маъмурии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷро ва баҳогузорӣ карда мешавад.
21. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешбурди корҳои кабудизоркунӣ масъули асосӣ муайян гашта, аз ҷониби онҳо амалӣ намудани назорати мунтазами идоравӣ ва манзур намудани маълумот ба мақомоти ваколатдор оид ба кабудизоркунӣ ба роҳ монда мешавад.
22. Самтҳои асосии амалисозии Барнома аз инҳо иборат мебошанд:
- таҳия намудани нақшаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ бо мақсади таъмини рушди кабудизоркунӣ;
- таҳия намудани барномаҳои маҷмуавӣ доир ба таълим ва тарбияи маърифати экологӣ дар самти кабудизоркунӣ;
- такмил додани тартиби баҳисобгирии ниҳолҳо дар мавзеъҳои кабудизоршуда;
- фаъол намудани муносибати оқилонаи табиатистифодабарандагон доир ба ҳифзу нигоҳдории минтақаҳои кабудизоркунӣ;
- таҳияи нақшаҳои идоракунии кабудизоркунӣ ва амалисозии онҳо;
- пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба кабудизоркунӣ;
- мусоидат ба рушди фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ барои таъмин намудани чорабиниҳои кабудизоркунӣ бо ниҳолҳо;
- фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади амалисозии лоиҳаҳо дар самти кабудизоркунӣ;
- мусоидат ба сармоягузории лоиҳаҳо барои ташкили ниҳолхонаҳо/хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ оид ба парвариши ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқшуда;
- андешидани тадбирҳо оид ба рушди ҳавасмандкунии аҳолии маҳалҳо дар ҳудуди кабудизоршуда;
- танзим ва идоракунии самарабахши мавзеъҳои кабудизоркунӣ, минтақаҳои таназзулёфтаи шафати шоҳроҳҳои автомобилӣ, назди маҳалҷойҳо, биноҳои маъмурию хизматрасонӣ ва корхонаҳои саноатӣ;
- бо роҳи кабудизоркунӣ ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои ботлоқшуда, таназзулёфта ва шӯршуда.
6. НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСӢ ВА НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШУДАИ БАРНОМА
23. Амалишавии пурраи маҷмуи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузории Барнома, инчунин ҳамасола фароҳам овардани шароити мусоиди табиӣ барои ташаккулёбии захираҳои гуногунии биологӣ, экосистемаҳо ва объектҳои беназири комплекси табиӣ боиси кам шудани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера то давраи соли 2040 мегардад.
24. Амалӣ намудани чорабиниҳои кабудизоркунӣ дар доираи Барнома имкон медиҳад, ки муҳити зисти солим дар маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ ташкил карда шаванд.
25. Бо мақсади ҳавасмандкунии аҳолӣ дар пешбурди корҳои кабудизоркунӣ ва ташкили муҳити зисти солим озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хиёбони сабз», «Маҳаллаи сабз», «Оромгоҳи сабз», «Хатҳои махсуси муҳофизатии сабз», «Корхонаи сабз», «Хатҳои ҳамсарҳадии сабз», «Фурӯшгоҳи сабз», «Обанбори сабз», «Кӯли сабз», «Дармонгоҳи сабз», «Боғчаи сабз», «Мактаби сабз», «Донишгоҳи сабз», «Соҳили сабз», «Истгоҳи сабз», «Партовгоҳи сабз», «Истироҳатгоҳи сабз» ва «Неругоҳи барқии обии сабз» гузаронида мешаванд.
26. Амалишавии Барнома имконият медиҳад, ки усулҳои дурусти ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шуда, ҳифзу нигоҳдории мавзеъҳои кабудизоргашта таъмин гардад. Инчунин, дар маҳалҷойҳо муҳити зисти солим муҳайё карда шавад.
27. Шароити хоси табиӣ барои афзоиши олами набототи зери хатари антропогенӣ қарордошта фароҳам оварда мешавад.
28. Нишондиҳандаҳои асосӣ ва натиҷаҳои пешбинишудаи Барнома аз инҳо иборат мебошанд:
- қонунгузории кишвар дар самти пешбурди корҳои кабудизоркунӣ такмил дода шуда, ба талаботҳои муосир ҷавобгӯй мегардад;
- саҳми вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар корҳои кабудизоркунӣ дақиқ муайян гардида, масъулияти онҳо баланд бардошта мешавад;
- раванди гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар самти пешбурди корҳои кабудизоркунӣ тақвият дода мешавад;
- дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ниҳолхонаҳо/хоҷагиҳои ниҳолпарварии нав аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ, заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, заминҳои ташкилотҳои соҳаи маориф ва заминҳои наздиҳавлигӣ ташкил карда шуда, инчунин заминаи моддию техникии хоҷагиҳои ниҳолпарварии мавҷуда беҳтар мегардад;
- ташкили ниҳолхонаҳо/хоҷагиҳои ниҳолпарварии нав ва таъмини рушди ниҳолхонаҳои мавҷуда имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ миқдори парвариши ниҳолҳо барои пешбурди корҳои кабудизоркунӣ дар соли 2040 нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2024 бамаротиб зиёд шавад;
- корҳои кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ бо риояи талаботи агротехникӣ амалӣ гардида, нишондиҳандаи сабзиши ниҳолҳо дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва дар таллу теппаҳо баланд бардошта мешавад;
- дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои кабудизоркунӣ сатҳи таназзулёбии заминҳо коҳиш меёбад;
- назорати давлатӣ ва идоравӣ пурзӯр гардида, ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, аз ҷумла чорвочаронии худсарона дар мавзеъҳои кабудизоркунӣ пешгирӣ карда мешавад;
- сатҳи донишу маърифати экологии аҳолӣ оид ба масъалаи кабудизоркунӣ баланд мегардад;
- низоми мониторинг, баҳисобгирӣ ва пешниҳоди ҳисобот оид ба корҳои кабудизоркунӣ такмил меёбад;
- тасмаҷангалзорҳо (хатҳои муҳофизатии ҷангал дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ) ва шафати шоҳроҳҳои автомобилии ҷумҳурӣ барқарор карда мешаванд;
- минтақаҳои санитарии корхонаҳои саноатӣ, партовгоҳҳо, иншоотҳои обтозакунӣ ва заминҳои дар саноат истифодашуда кабудизор карда мешаванд.
7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
29. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ташаббусу иқдомҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нигоҳ доштани сатҳи бехатарии муҳити зист ва раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим иштирок карда, ҳамкориҳои самарабахшро бо мақсади ҷалби сармояи иловагии хориҷӣ барои тақвияти корҳои кабудизоркунӣ ва таъмини муҳити зисти солим тавассути бастани созишномаҳо ва шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ менамояд.
30. Дар миқёси умумиҷаҳонӣ ҳолати муҳити зист зарурати муттаҳид намудани нерӯи тамоми кишварҳоро баҳри рафъи хатарҳои экологӣ, ҳифзи биосфераи Замин ва ояндаи башар пеш овардааст.
31. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти кабудизоркунӣ аз инҳо иборатанд:
- мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ оид ба пешбурди корҳои кабудизоркунӣ ва таъмини муҳити зисти солим;
- рушди ҳамкориҳо тавассути иштирок дар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ дар самти кабудизоркунӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии экологӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳалли масъалаҳое, ки дар натиҷаи он бармеоянд.
8. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
32. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ, буҷети маҳаллӣ, маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, шарикони рушд (донорҳо) ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои ҳар як давра дар алоҳидагӣ муайян шуда, амалӣ карда мешавад.
33. Маблағи умумӣ барои амалисозии Барнома дар давраи якум (солҳои 2025-2027) 731 миллиону 824 ҳазору 70 сомонӣ муайян шудааст, аз ҷумла аз ҳисоби:
- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ – 47 миллиону 529 ҳазору 200 сомонӣ;
- маблағҳои буҷети маҳаллӣ – 274 миллиону 132 ҳазору 810 сомонӣ;
- маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор – 187 миллиону 684 ҳазору 735 сомонӣ;
- маблағҳои бахши хусусӣ – 115 миллиону 415 ҳазору 735 сомонӣ;
- маблағҳои шарикони рушд (донорҳо) – 107 миллиону 61 ҳазору 590 сомонӣ.
9. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
34. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома қисми муҳим ва ҷудонопазири он ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои гузошташуда буда, сафарбар намудани захираҳои дохилию хориҷӣ, инчунин самаранок истифода намудани онҳоро таъмин менамоянд.
35. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома барои пайгирӣ намудани пешравӣ дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда, васеъ паҳн намудани таҷрибаи мусбати амалишуда ва мушкилоти мавҷудаи амалишавӣ, таҳлили равандҳои иҷро, таҳияи хулосаҳои асоснок оид ба амалисозӣ ва барои баланд бардоштани сатҳи самаранокии иҷрои он равона мегардад.
36. Асоси гузаронидани мониторинг ва арзёбиро нишондиҳандаҳои миқдоран муайяншуда ташкил медиҳад. Барои андозагирии пешравиҳои муҳити зист дар самти ноил шудан ба ин ҳадафҳо низоми нишондиҳандаҳо истифода бурда мешавад, ки он имконияти пайгирии самаранокӣ ва натиҷанокии чорабиниҳои амалишудаи Барномаро фароҳам меорад.
37. Қисмати асосии мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома низоми ҷамъоварии маълумотҳо оид ба нишондиҳандаҳои мониторинг ва маълумотҳои дигари миқдорию сифатӣ ташкил медиҳанд, ки рушди кабудизоркунии кишварро тавсиф менамоянд.
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
38. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мониторинг ва арзёбии рафти амалишавии Барномаро таъмин менамояд. Ҳамасола бо дар назар доштани маълумоте, ки аз вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи рафти амалисозии Барнома ба даст оварда мешавад, маълумоти таҳлилӣ барои пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мегардад.
Ҳуҷҷатҳо
Ахборҳо
17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои...
18.04.2025
3
Санаи 12-уми апрели соли 2025 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара, директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ, аъзои ҳайати ...
18.04.2025
4
4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии...
07.04.2025
7