
АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бозрасӣ
Дар бораи Бозрасӣ
Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор фаъолиятро дар асоси Низомнома, ки бо фармоиши Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №10 аз 25 январи соли 2016 тасдиқ гардидааст ба роҳ монда, назорати давлатиро дар соҳаи захираҳои ҷангал ва шикор дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.
Сохтори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор аз роҳбарият, шуъбаи нозирон, бахши муҳосибот ва бахши умумӣ иборат мебошад.
Бозрасиро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад. Сардори Бозрасӣ дар як навбат аз рӯи вазифа Сарнозири давлатӣ оид ба назорати захираҳои ҷангал ва шикор мебошад. Сардори Бозрасӣ 1 муовин дорад, ки бо пешниҳоди вай аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
Роҳбарият
Сардор
Муовини сардор
Назирзода Абдуқодир Савзаалӣ – Сардори Бозрасӣ, 06 июни соли 1988 дар деҳаи Ғарғара, ҷамоати Корез, ноҳияи Данғара вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2006 ба Донишгоҳи техникаи Тоҷикистон ба номи А.С.Осимӣ ба факултети идора ва сохтмони нақлиёт дохил шуда онро соли 2011 хатм намудааст.
Солҳои 2011-2012 дар вазифаи устои роҳи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ҳисор, солҳои 2012-2013 устои роҳи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Роҳи тоҷик”, шаҳри Ҳисор, солҳои 2013-2016 Сардори шӯъбаи Рудакӣ – Варзоби Раёсати минтақавии хадамоти давлатии назорат ва танзими соҳаи нақлиёти минтақаи Ҳисор шаҳри Ҳисор, солҳои 2016-2017 Директори КДФ-ХМК ва сохтмони шаҳри Ҳисор, солҳои 2018-2021 Директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор кор ва фаъолият кардааст ва аз моҳи марти соли 2021 то ҳол Сардори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа карда истодааст.
Оиладор соҳиби 3 фарзанд. Аъзои Ҳизби халқии демократии тоҷикистон мебошад.
Ҳамидов Хуршед Зоҳидович– муовини сардори Бозрасӣ 9 ноябри соли 1972 дар деҳаи Дурманбулоқи ноҳияи Ленин (ҳозира Варзоб) дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1990 баъди хатми мактаби миёнаи деҳа ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси иқтисодчӣ, назорат ва таҳлил соли 1995 онро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ҳисобчӣ дар совхози ба номи Куйбишеви ноҳия оғоз намуда, солҳои 1993-2011 дар Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои муҳосиб, муовини сардор ва солҳои 2011-2016 ба ҳайси директори МД хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2016 то инҷониб муовини сардори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Аз соли 2011 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Тағоев Рустам Бобомуродович– сардори шуъбаи нозирони Бозрасӣ, 21 октябри соли 1968 дар ҷамоати деҳаи Қизил-Қалъа ноҳияи Хуросон вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи соли 1986-1989 Зачислен разнарабочим по 2-р, солҳои 1989-1990 зачислен сельхозрабочим в бри-3, 1990-1991 Принят водитльи Третего класса, солҳои 1991-1993 Зачислен водителем Третего класса, солҳои 1993-1994 Принят в совхозу Навобод в качестве водителя, солҳои 1994-1995 Принят в Производственнокомерческого фирма “Баходур” в качестве директора, солҳои 1995-2003 Принят в с/з Навобод в качестве бригадира соли 2003 ба Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2008 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст, соли 2009 мутахаиси бахши Ҳифзи муҳити зисти н.Хуросон. солҳои 2015-2019 муҳанди ҳифзи ҷангали н.Хуросон, солҳои 2019-2021 Сарҷангалпарвари МД хоҷагии ҷангали ба номи А.Холови н.Хуросон кор ва фаъолият кардааст ва аз 16 марти соли 2021 то ҳол дар вазифаи сардори шуъбаи нозирони Бозрасӣ иҷрои вазифа карда истодааст.
Оиладор соҳиби 5 фарзанд. Аъзои Ҳизби халқии демократии тоҷикистон мебошад.
Расмҳо ҳангоми муайян намудани қонунвайронкуни дар ҷангал
Ҳуҷҷатҳо
Ахборҳо
Рафти корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар ҳудуди заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки кормандони Муасисиаи давлатии хоҷагии...
15.03.2023
4
Санаи 4-уми марти соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат мавзеи Моинкаҷ бо иштироки кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистони Оғохон ...
07.03.2023
12
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинониро дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и...
02.03.2023
5