
АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Иттилоот

Санаи 26-уми ноябри соли равон дар “Бозори Меҳргон”-и шаҳри Душанбе бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “Фестивал-намоиш, фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокиҳо аз он” баргузор карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии дастранҷи деҳқон, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот мебошад.
Ҳамзамон барои сокинони пойтахт ва иштирокчиён намудҳои гуногуни картошка ва хӯрокҳои омодашуда аз он ба намоиш гузошта шуда, инчунин ярмаркаи фурӯши картошка барои харидорон баргузор шуд, ки бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, дар он навъҳои гуногуни картошка ва хӯрокиҳо, инчунин маҳсулотҳои иловагии ҷангалро ба маърази тамошо ва бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта, бо сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
27.11.2023
1

27.11.2023
3

Санаи 5-уми ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ шинос шуданд.
Ҳадафи боздиди Сарвари давлат аз Боғи миллӣ шиносоӣ бо парвариши дарахтони ороишӣ, ки барои рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст.
Зимни суҳбат бо боғдорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Ниҳолҳои дар ин ҷо парваришёфта барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳои шаҳри Душанбе истифода мегардад.
Дарахтони Боғи миллӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, таҷрибавӣ ва барои мутобиқгардон ба иқлим шинонида шудааст. Инчунин ҳамаи гармхонаҳо навниҳол ва гулҳои мавсимию бисёрсола парвариш мекунанд.
Баъди шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи навъу намудҳои гуногуни дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ, ки аз ҷониби ҶДММ “Пайванд” ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида буд, дидан намуданд.
Аксари дарахтони зебою нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарврӣ фаъолият дошта, майдони парвариши ниҳол 100 гектаро ташкил медиҳад.
Айни замон дар ин ниҳолхонаҳо парвариши 45 намуди дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан ба миқдори умумии 3 миллион бех ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шумораро нокифоя дониста, супориш доданд, ки роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва боғҳо садҳо миллион дарахтонро омода ва барои ҳифзи табиат, кабудизоркунӣ, ободонӣ, зебоӣ ва беҳтар кардани муҳити зист равона созанд.
Мавриди зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, таҳти рақами 149 “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026” қабул гардидааст.
Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар майдони 2542 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангал ва плантатсия дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал гузаронида шудааст. Корҳо дар ин самт дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2023 идома дода мешаванд.
Баъди шиносоӣ бо парвариши дарахтон ва боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо боғдорон дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, бунёди боғҳои наву таҷдиди боғҳои куҳна, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, афзоиши содироти мева ба хориҷи кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ андешаронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузории маъракаҳои ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дода, онҳоро ба вусъати тадбирҳои созанда ҳидоят намуданд.
07.11.2023
5

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии “Ҳилол”-ро ба истифода дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.
Коргоҳи нав асосан ба парвариши парандаҳои навъи мурғи марҷон, кабк ва фазан машғул буда, дар навбати аввал ҳадаф дорад эҳтиёҷоти бозорҳои дохилиро бо гӯшти парҳезии паранда қонеъ созад. Бо афзоиш ёфтани иқтидори парваришу истеҳсол, дар оянда содироти маҳсулоти ниҳоӣ ба дигар давлатҳо низ дар назар дошта шудааст.
Дар корхонаи мазкур маҳсулотҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд, аз ҷумла дарахти павлония ва дигар намуди ниҳолу дарахтҳо, маҳсулотҳои ҷангал, ба монанди меваи хуч, дулона, зирк, бодоми талхак, чормағз ва ғайра.
26.10.2023
5

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия боздид ба амал оварданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 гектар боғи интенсивии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Чилдухтарон" боздид намуда, бо ҳолати нашъунамои меваҳои боғ, ки асосан себро ташкил медиҳад, шинос шуданд.
Дар ҳамин ҷо аснои шиносоӣ бо фаъолияти боғдорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Чилдухтарон" бо дарназардошти иқлими мусоид Сарвари давлат ба роҳбарияти ширкат супориш доданд, ки оянда дар баробари боғи интенсивии себ дар масоҳати 3 гектар замин парвариши дарахтони нокро ба роҳ монанд.
Масоҳати умумии парваришгоҳ 363 гектар буда, ин мавзеи ноҳияи Муъминобод барои парвариши ҳайвоноти нодир иқлими мусоид дорад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ҷангалҳои ноҳия ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирс, рубоҳ, гург, қашқалдоқ, силовсин ва парандаҳои мухталиф, аз ҷумла лочин, бозу уқоб мавҷуд аст.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири афзоиши саршумор ҳайвоноти нодирро ба табиат сар доданд.
Дар парваришгоҳ барои нигоҳубин ва марҳила ба марҳила зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир шароит ва имкониятҳои васеъ мавҷуд аст.
Ҳудуди парваришгоҳ бо симтур маҳкам карда шудааст ва ин тадбир имконият медиҳад, ки ҳайвоноти нодир ҳифз карда шаванд ва саршумори он сол ба сол афзун гардад.
Иқлим ва боду ҳавои мусоиди Тоҷикистон, бахусус ноҳияи Муъминобод имконият медиҳад, ки дар натиҷаи дуруст парвариш ва нигоҳубин кардан ҳайвоноти нодир ҳамасола ба маротиб зиёд карда шавад.
Ба роҳ мондани парвариш ва нигоҳубини ҳайвоноти нодир барои рушд бахшидан ба соҳаи сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ замина гузошта, дар оянда омили муҳими ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити парваришгоҳ, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Муъминобод таъсис дода шудааст, бо масъулони соҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷиҳати дар оянда зиёд намуди саршумори ҳайвоноти нодир, дуруст парвариш кардан ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ намудани ҳайвоноти аз хориҷи кишвар воридгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавҷуд будани чунин имконияти табиӣ дар беҳтар намудани гуногунии биологӣ ва ба ин васила бештар намудани навъҳои ҳайвоноти нодир аҳамияти калон дорад. Дар шароит ва мевқеи ҷуғрофии Тоҷикистон таъсиси парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳо афзалияти бештар дошта, ба афзоиш ёфтани саршумори ҳайвоноти нодир мусоидат менамояд, ки ин аз ҳадафҳои ояндадори ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Парваришгоҳ дар мавзеи зебоманзар ва хушбоду ҳавои ноҳияи Муъминобод ташкил гардида, дарахтони зиёд ва гулу гиёҳҳои ҳархелаи худрӯй дорад. Дар ин мавзеъ асосан чормағз, хуч, татум, себи ҷангалӣ ва ғайра хуб нашъунамо ёфта, дарахтони ҳамешасабз муҳити атрофро сабзу хуррам нигоҳ медорад.
Хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод дар ихтиёри худ 17 ҳазору 423 гектар замин дорад. Шумораи коргарони хоҷагӣ 34 нафарро ташкил дода, дар мавсими ҷамъоварии ҳосили дарахтону гулу гиёҳҳои шифобахш, аз қабили чойкаҳак, “буйи модарон”, тахач, пудина, калкутӣ, ҷамилак ва ғайра беш аз 60 нафар ба кор даъват карда мешаванд.
Кормандони хоҷагиҳои ҷангали кишвар дар баробари парвариши ҳайвоноту наботот, инчунин, ба ҷамъоварии меваю растаниҳои шифобахш, ки Тоҷикистон аз ин неъматҳои табиӣ бой мебошад, машғуланд.
Аз руйи иттилои коргарони Хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод айни ҳол дар анборҳо 3 тонна чормағз, 2 тонна меваи хушк, асосан себи ҷангалӣ, 500 килограмм хуч, 100 килограмм татум ва 600 килограмм гиёҳҳои шифобахши чойкаҳак, пудина ва ҷамилаку тахач захира карда шудааст.
Дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти табиию хушсифати хоҷагиҳои ҷангал дидан карданд.
Аҳли хоҷагиҳои ҷангал маҳсулоти мухталиф, аз ҷумла меваҳои тару хушки олучаи куҳӣ, себи ҷангалӣ, хуч, дулонаҳои зарду сурх, зардолу, олучабандак, чормағз, бодоми талхак, зирки зелол, санҷид ва асалро ба маъраз гузоштанд.
Баъди эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва беҳтар гардидани вазъи фаъолияти мамнуъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён ба имкониятҳои рушди сайёҳии байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.
Бояд гуфт, ки дар кишвар ҳоло шумораи зиёди мамнуъгоҳҳо ва хоҷагиҳои ҷангал фаъолият доранд. Ҳадаф аз таъсиси ин хоҷагиҳо ва парваришгоҳҳо ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва афзоиш додани онҳо мебошад.
Фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал ва парваришгоҳҳо ба рушди сайёҳии экологӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал барои афзун гардонидани гуногунии биологӣ, ҳифзи ҳайвоноту набототи нодир, ниҳолпарварӣ ва дар маҷмуъ, барои пешрафти иқтисоди мамлакат судовар мебошад.
Қобили зикри хос аст, ки табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро бештар ҷалб кардааст.
Амну субот дар саросари кишвар, рушди бахшҳои муҳим, фаслҳои зебои сол, рӯду чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, мавзеъҳои таърихӣ, мамнуъгоҳҳо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, имкон фароҳам меоваранд, ки ташрифи сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бештар гардад.
26.10.2023
9

Санаи 10 октябри соли 2023 дар толорои маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ ҷаласаи мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори он дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти семоҳаи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, директорони хоҷагиҳои ҷангали ВМКБ, вилоятҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иштирок доштанд.
Ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Д.Ҷ. «Дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2023»-ро шунида, қайд менамояд, ки кормандони соҳаи ҷангали ҷумҳурӣ фаъолияти худро дар ин давра дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи кори Агентӣ барои соли 2023 ба роҳ монда, корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.
Дар рафти ироаи маърузаи ҳисоботӣ фаъолияти ҳар як сохтори Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба ҳарор дода шуд. Дар муҳокимаи масъала директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ иштирок намуда, оид ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар самтҳои фаъолияти сохторҳо суханронӣ карда, сабабу омилҳои онро аз масъулони соҳавӣ ба таври қатъӣ пурсон шуданд.
Директори Агентӣ Юсуфзода А.Ғ. ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта фаъолияти масъулони сохторҳои Агентӣ дар ҷойҳо, барои масъулияти баланд доштан дар фаъолияти хизматии давлатӣ, оид ба пешбурди корҳо дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ бо назардошти риояи қатъии тартибу низоми қоидаҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
16.10.2023
2

Санаи 30 июл дар боғи "Алишер Навоӣ"-и шаҳри Душанбе "Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Сангвор" баргузор гардида, дар он маҳсулоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор ба намоиш гузошта шуд.
16.08.2023
2

Санаи 6 августи соли ҷорӣ дар боғи "Куруши Кабир"-и шаҳри Душанбе "Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Роғун" баргузор гардида, дар он маҳсулоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Роғун ба намоиш гузошта шуд.
11.08.2023
Баргузории нишасти матбуотӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023» дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони Васоити ахбори омма (ВАО).
01.08.2023
7

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин
ОЗМУН эълон менамояд:
1. Муовини сардори Раёсати хоҷагии ҷангал – 1 ҷой.
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Маоши мансабӣ – 2711 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой.
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот – 1 ҷой.
Маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
4. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой.
Маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
5. Мутахассиси шуъбаи бунёду барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳо – 1 ҷой.
Маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Мутахассиси шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:
- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.
Ҳуҷҷатҳои ба ОЗМУН пешниҳодшаванда:
- аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хоҷагии ҷангал;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 донаги расмҳои андозаи 3х4 ва 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 19 июли соли 2023 оғоз гардида, рўзи охирини қабул 8 августи соли 2023 мебошад. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кўчаи Бўстон -3, телефон барои тамос: 225 – 06 – 43, 225–08–14, 225-08–16
e-mail:forestry-agencytj@mail.ru; info@forest.tj; web:http://www.forest.tj
21.07.2023
Ҳуҷҷатҳо
Ахборҳо
Санаи 26-уми ноябри соли равон дар “Бозори Меҳргон”-и шаҳри Душанбе бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “Фестивал-намоиш, фурӯши картошка ва тайёр...
27.11.2023
1
Санаи 5-уми ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе...
07.11.2023
5