Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷараёни мавриди таҳлил қарор додани майдони хучзор

22 июня 2024 10:12

Ҷараёни мавриди таҳлил қарор додани майдони хучзор

Ҷараёни мавриди таҳлил қарор додани корҳои иҷрогардида тибқи супориши банди 40 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №11 дар бораи зиёд намудани майдони хучзор ва мусоҳиба бо мутахассисони соҳа

 Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришии банди 40 протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2020, № 11 нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, тибқи бандҳои дахлдори он корҳои муайянеро ба анҷом расонид. 

       Маврид ба зикр аст, ки то соли 2023 бунёд намудани плантатсияи хуч дар майдони 150 гектар ва олучаи кӯҳӣ 100 гектар дар назар дошта шудааст, ки аз ҷониби хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентӣ ин нишондод ба пуррагӣ иҷро гардид.

       Бояд гуфт, ки аҳамияти иқтисодии буттаи хуч дар он аст, ки баъд аз ду сол ба ҳосил медарояд. Аз як буттаи хуч то 5 – 10 кг меваи тар ҷамъоварӣ намудан мумкин аст, яъне аз як гектар боғи хуч то 4 - 8 тонна маҳсулоти тар, ё ин ки 2 – 4 тонна меваи хушк ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Инчунин, дар интихоби замин бефарқ буда, эҳтимоли сабзишаш дар заминҳои санглох, қумзамин ва заминҳои ғайри кишоварзӣ зиёд аст. Хуч аҳамияти калони экологӣ низ дорад, аз ҷумла дар мубориза бар зидди шусташавии хок, бодлесӣ, дар мустаҳкам кардани қумзорҳо ва заминҳое, ки барои истифодаи кишоварзӣ ноқулай мебошанд, истифода бурда мешавад.

 Дар бисёре аз  давлатҳо хучро барои бунёди боғҳои экологӣ  ва ҳамчун   буттадевор (девори зинда)  истифода мебаранд. Хуч дар баробари пистаю чормағз яке аз зироатҳои асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  
       Вобаста ба ҷамъоварии ҳосил ва бастубанд намудани маҳсулоти хуч Агентии хочагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор чораҳои зарурӣ андешида, ҳамасола то 100 тонна меваи онро ҷамъоварӣ менамояд. 
       Ҳамчунин, баҳри коркарди меваи хуч як адад коргоҳи истеҳсоли нӯшобаи хуч ташкил карда шудааст, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур зиёда аз 85 ҳазор адад зарфҳои шишагии 0,5 литра дар мавсим буда, дорои 8 ҷойи корӣ мебошад.


Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон

Санаи 8-уми январи соли 2025 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара, директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ, аъзои...

09.01.2025

8

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030

Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевос...

09.01.2025

Аксгузориш аз ҷараёни тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМ - РОҲНАМОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!
Ҷараёни тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз...

30.12.2024

2

Ҳаммаи ахборҳо
00:00