Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба "Иди Наврӯз" дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 марта 2025 11:26

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба "Иди Наврӯз" дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 19 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ бахшида ба "Иди Наврӯз" маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал муҳтарам Шарифзода Давлаталӣ баромад намуда, аз таърихи ин ҷашни ачдодӣ Наврӯзи оламафрӯз ва тақвими солшумории шамсӣ ва қамарӣ муфассал маълумот доданд.

Дар суханрониашон қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали Истиқлолият бо фидокорӣ тавонист, ки аҳли илму фарҳанг ва тамоми неруҳои солими ҷомеаро атрофи ғояҳои муттаҳидсозанда, пешбаранда ва эҳёи фарҳанги миллӣ гирд оварда, ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Наврӯзи оламафрӯзро аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ба оламиён муаррифӣ намояд.

Сипас, сардори шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – Солеҳзода Зуҳро, муовини сардори раёсати хоҷагии ҷангал – Акрамов Хушнуд, сармутахассиси раёсати хоҷагии ҷангал Аминаи Қурбонхон маърӯзаҳо оиди Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон, рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра ироа намуданд.


Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Баргузории ҷаласаи ХXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати чӯби кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Санаи 8-уми октябри соли 2025  ҷаласаи ХXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати чӯби кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар меҳмонхонаи “Румӣ” –и шаҳри Душанбе баргузор...

10.10.2025

8

ЭЪЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин

ОЗМУН эълон менамояд:


1. Сардори шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ...

27.09.2025

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат ...

30.06.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00