Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи Модарон" дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

07 марта 2025 10:36

Санаи 6 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, бонувони дастгоҳи марказӣ бахшида ба “Рӯзи модарон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал муҳтарам Шарифзода Давлаталӣ баромад намуда, бонувони Агентӣ ва дар симои онҳо тамоми модарони кишварро бо идашон табрик карданд. Дар суханрониашон қайд карда шуд, ки нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб намудани занон ва бонувон дар мақомоти давлатӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба монанди «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» қабул гардидааст, ки онҳо барои баланд бардоштани саҳми зан дар рушди мамлакат мусоидат мекунанд.

Сипас, сармутахассиси раёсати хоҷагии ҷангал Қурбонов Кароматуллоҳ ва мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ Ҳусенов Муродалӣ маърӯзаҳо оиди қадру манзалати Зан-Модар- офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон будани модарон ироа намуданд.

        Дар интиҳои чорабинӣ барои фаъолияти пурсамар бонувони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 




Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Баргузории ҷаласаи ХXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати чӯби кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Санаи 8-уми октябри соли 2025  ҷаласаи ХXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати чӯби кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар меҳмонхонаи “Румӣ” –и шаҳри Душанбе баргузор...

10.10.2025

8

ЭЪЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин

ОЗМУН эълон менамояд:


1. Сардори шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ...

27.09.2025

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат ...

30.06.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00