Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории семинар – машварат дар мавзуи “Аҳамияти агроҷангалпарварӣ дар Тоҷикистон: имкониятҳои рушди устувор”

11 октября 2024 14:33

Баргузории семинар – машварат дар мавзуи “Аҳамияти агроҷангалпарварӣ дар Тоҷикистон: имкониятҳои рушди устувор”
Санаи 8-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ва Хадамоти ҷангали Корея (KFS) дар мавзеи Моинкаҷи ноҳияи Рӯдакӣ семинар – машварат дар мавзуи “Аҳамияти агроҷангалпарварӣ дар Тоҷикистон: имкониятҳои рушди устувор” баргузор гардид. Мутахассисони Агентӣ, кормандони муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон, донишҷӯёни ДАТ ва кормандони Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал бо микроавтобус ба мавзеи Моинкаҷи ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуда, аз қитъаҳои бо истифода аз унсурҳои агроҷангал бунёднамудаи «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» дидан намуданд. Дар ин қитъаҳо 10 намуди ниҳолҳои дарахту буттаҳо шинонида шуда, обёрӣ ва нигоҳубини хуби онҳо ба роҳ монда шудааст, ки сабзиши ниҳолҳо зиёда аз 90 фоизро ташкил медиҳанд. Қисмати дуюми семинар дар бинои Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал идома дода шуда, ба иштирокчиён тавассути слайдҳо аҳамияти агроҷангалпарварӣ ва мусоидат намудани он ба рушди самтҳои бунёду барқароркунии ҷангал, рушди гуногунии биологӣ, кишоварзӣ ва ғайраҳо муфассал фаҳмонида шуд. Аҳамияти семинари мазкур дар он дида мешуд, ки иштирокчиён зарурияти гузаронидани чорабиниҳои агротехникиро барои таъмини сабзиши пурраи ниҳолҳои шинонидашуда дарк намуданд. Дар фароварди семинари машваратӣ устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Худойқулов Бахтовар дар мавзуъи “Таърихи агромелиоратсияи ҷангал ва моҳияти он дар Тоҷикистон” тавассути слайдҳо баромади пурмуҳтаво намуд, ки ба иштирокчиёни семинар таассуроти хубу таъсирбахш боқӣ гузошт.

Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат ...

30.06.2025

Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

      

          Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
    барои ишғоли мансабҳои холии...

17.06.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00